АКНУН ОНҲО НИЗ ХОНАИ ХУДРО ДОРАНД

Тавре ки Президент Шавкат Мирзиёев дар Муроҷиатномаи хеш ба Олий Маҷлис таъкид кард, соли 2021 бори аввал аз буҷа барои бо манзил таъмин кардани 900 нафар ятимони бепадару модар 50 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.

Тавре ки Президент Шавкат Мирзиёев дар Муроҷиатномаи хеш ба Олий Маҷлис таъкид кард, соли 2021 бори аввал аз буҷа барои бо манзил таъмин кардани 900 нафар ятимони бепадару модар 50 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.
Аз ҷумла, бо иштироки ҳокими вилояти Қашқадарё ба 10 нафар сағирони вилоят калиди хонаҳо, ба 100 нафар донишҷӯён бошад, сертификатҳои пардохти маблағи қарордод супурда шуданд.
Дар чорабиние, ки дар «IT-texnopark»-и шаҳри Қаршӣ баргузор шуд, намояндагони созмонҳои давлатӣ  ва ҷамъиятӣ, ҷомеаи васеъ ва расонаҳои ахбори оммавӣ ширкат ҷустанд. Дар ҷараёни он мо бо ҷавононе, ки соҳиби хонаи нав шудаанд ва барои пардохти қарордод маблағ гирифтаанд, ҳамсуҳбат шудем.
– Имрӯз мушкилоте, ки солҳои дароз ҳаллу фасли худро интизор буд, аз байн бардошта шуд, – мегӯяд Беҳрӯз Аҳмедов. – Ба мо низ хона доданд. Акнун мо ҳам манзил дорем ва метавонем бидуни тарсу воҳима зисту зиндагӣ кунем. Барои ман ин ҳодисаи бузург аст, бо як сухан, рӯзи таърихӣ мебошад. Мо аз Президенти мамлакат барои ташаббус ва эътибораш миннатдорем. Ман танҳо нестам. Аз таҳти дил шодам, ки маро кишвари бузургам дастгирӣ мекунад. Мо оилаи нав ҳастем, фарзанд дорем. Ман ҳамчун падар хеле хушбахтам, ки минбаъд кӯдакамон дар хонаи худӣ зиндагӣ мекунад. То ин дам мо маҷбур будем дар ҳуҷра истиқомат кунем. Албатта, аз хонаи худӣ беҳтар чизе нест. Ман дар маҷмӯи «Шӯртангазкимё» кор мекунам. Бо тамоми нирӯву ғайрат саҳмгузорӣ ба рушди кишвари худ вазифаи бузургтарини ман мебошад.
– Хабари хуши дар шаҳри Қаршӣ барои мо ҷудо карда шудани хонаи дуҳуҷравӣ ва онро шахсан роҳбари вилоят супурданашро шунида, тамоми шаб хоб рафта нотавонистам, – мегӯяд Фарҳод Холмуродов. – Шодиву ҳаяҷони худро бо сухан ифода карда наметавонам. Мушкилоти набудани хонаи худӣ маро пас аз хонадор шудан беш аз ҳарвақта ба ташвиш меовард. Шукр, ки орзуямон амалӣ шуд. Соҳиби хонаи худӣ шудем. Ин имконият, дастгирӣ ва эътибори роҳбари давлат моро беҳад хушнуд сохт.
– Ман дар курси дуюми Донишкадаи муҳандисиву иқтисодии  Қаршӣ таҳсил мегирам, – мегӯяд Гавҳар Ҷумъаназарова. – Бинобар мушкилоти оилавӣ аз пардохти пули қарордод душворӣ мекашидем. Бо ташаббуси роҳбари давлат ба ҷавонон эътибори махсус дода мешавад, маблағҳои қарордодии таҳсил пардохт мегарданд. Аз ҷумла, ба мо низ сертификатҳо супурданд, ки имконияти идома додани хонишро фароҳам меоварад. Акнун ман оромона метавонам хониши худро идома диҳам. Ҷавобан ба ин дастгирӣ ва эътимоди кишвари худ саъй менамоям, ки мутахассиси хуби соҳа гардам. Барои ин аз таҳти дил мехонам ва мунтазам кор мекунам.

Ӯлмас БАРОТОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: