ВОРИСИ СИНОИ БУЗУРГ

Пӯшида нест, ки тӯли ду соли охир бемории сироятии «COVID-19» қариб тамоми ҷаҳонро фаро гирифт.

Пӯшида нест, ки тӯли ду соли охир бемории сироятии «COVID-19» қариб тамоми ҷаҳонро фаро гирифт. Ин дарди ногаҳонӣ боиси марги миллионҳо нафар мардуми олам гардида, инсониятро ба таҳлука андохтааст. Ба иқтисодиёти давлатҳои ҷаҳон зарари бағоят ҷиддӣ расонид. Ҳатто дар оғоз тибби замон низ дар назди ин фоҷиа оҷиз монд. То ҳол олимону донишмандони ҷаҳон пеши роҳи паҳншавии онро гирифта наметавонанд. Ба шаҳрвандони бисёр давлатҳои нодори дунё гуруснагӣ ва бенавоӣ таҳдид мекунад.
Дар чунин шароити бағоят вазнин кормандони соҳаи тиб – духтурону ҳамшираҳо намунаҳои ҷасорат ва қаҳрамонӣ зоҳир карда, барои саломатии ҳар як одам мубориза мебаранд. Олимони инсондӯсту ғамхори сайёра ваксина ва доруҳоро бар зидди ин беморӣ кашф ва ихтироъ мекунанд. Ин воситаҳо ба инсоният умеди зиндагӣ мебахшанд.
Ин аст, ки эътибори ходимони тиб дар байни мардум ба маротиб афзуд. Халқ ба тибби замонавӣ ва ходимони он рӯйи ниёз оварданд. Дар оғози ин фоҷиаи гӯшношунид чандин духтурони фидокору ҷоннисор низ фавтиданд. Онҳо садоқати худро ба касб ва савгандашон нишон доданд. Мо бовар дорем, ки дар ин набард олимону шифокорон пирӯз мешаванд ва мардуми сайёраро аз ин душмани ноаёни ҷони инсон наҷот медиҳанд. Ҳоло камина мехоҳам дар бораи яке аз чунин шифокорони фидокор нақл намоям.
Ҳабибулло Раҳимов дар байни мардуми шаҳри бостонии Бухоро ҳамчун табиби ҳозиқ ном баровардааст. Ӯ 4-уми январи соли 1958 дар хонаводаи омӯзгори номдори ноҳияи Ҷондори вилояти Бухоро – шаҳраки Ҷондор таваллуд шудааст. Падараш Боғир Раҳимов дар мактаби «Правда»-и маркази ноҳия муаллими фанни математика буд. Вай туфайли дониш ва маҳорати хуби дарсдиҳӣ байни омӯзгорону хонандагони мактаб обрӯю эътибори хосса дошт. Аз ин рӯ барандаи унвони баланди Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гардида буд. Ин устоди ғамхору меҳрубони садҳо шогирдони соҳибкору соҳибобрӯ соли 2017 аз олам даргузашт.
Модари мушфиқаш Муслима Ғуломова, ки кадбонуи хуб ва дӯзандаи моҳир буд, соли 1992 вафот кард. Ногуфта намонад, ки ҳамсари шифокор Нодира Раҳимова хатмкардаи факултаи биологияи Донишкадаи омӯзгории  Бухорост. Ӯ дар мактабҳои гуногуни ноҳияи Ҷондор ва шаҳри Бухоро аз таҳти дил кор карда, сазовори номи баланди устод гардидааст ва ҳоло нафақахӯр мебошад.
Даврони кӯдакӣ ва ҷавонии Ҳабибулло Раҳимов  дар ноҳияи Ҷондор гузашт. Вай, воқеан, аз хурдсолӣ орзу дошт, ки табиб шавад, одамонро даво кунад, онҳоро аз касалиҳо раҳо намояд. Баъд аз он ки мактаби миёнаро бо баҳоҳои аъло хатм кард, бе ҳеҷ дудилагӣ ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи тиббии Тошканд супурд. Имтиҳонҳои қабулро бомуваффақият супорида донишҷӯ шуд.
Дар машғулиятҳо фаъолона иштирок намуда, сирру асрори касби интихобкардаашро ҳамаҷониба омӯхт ва соли 1986 донишкадаро бо дипломи сурх хатм карда, фаъолияти меҳнатии худро дар беморхонаи ноҳияи Ҷондор оғоз намуд. Донишу таҷриба ва малакаи худро тайи 10-12 соли кор ғанӣ сохта, дар байни ҳамкорон ва бахусус, миҷозон шуҳрат пайдо кард. Соҳиби обрӯю эътибори баланд гардид. 
Соли 2005 бо шарофати имкониятҳои истиқлолият фароҳамоварда бемористони шахсии худро бо номи «Аҳли тиб» боз намуд. Табобат дар бемористони ӯ бо усул ва техникаву технологияҳои навтарин ҷараён дорад. Дар «Аҳли тиб» анқариб 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.  Ба тозаву озода нигоҳ доштани хонаҳои корӣ, роҳу роҳрав, палатаҳои беморон эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Духтурону ҳамширагон – ҳамкорони шифокор – Замира Давронова, Гулҳаё Исмоилова, Абдулло Чӯлиев, Шаҳзода Ҳамроева, Муҳаббат Арабова бо хизмати шоиста ва донишу таҷрибаи хуби худ дар байни миҷозон обрӯю эътибор пайдо кардаанд.
Фарзандони Ҳабибулло Раҳимов – Беҳзод ва Заррина низ аз пайи падари шифокори худ рафта, касби ӯро интихоб кардаанд. Ҳар ду клиникаи шахсии табобатии худро кушода чун падар шабу рӯз дар хидмати халқанд.
Бояд гуфт, ки Ҳабибулло Раҳимов ба наздикӣ дар маҳаллаи Шалғамхӯрони шаҳри Бухоро бинои бемористони нави панҷошёнаро сохта ба истифода супурд. Яъне боз чандин ҷойи кори доимӣ муҳайё мегарданд, садҳо, балки ҳазорҳо нафар беморон ба дарди худ даво меёбанд... Худо кунад, ки чунин табибони ҳозиқ, мардони ватандӯсту халқпарвар бисёртар шаванду мо бо онҳо бештар ифтихор кунем.

Асад Гулзодаи 
БУХОРОӢ,

шоир.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: