ЧЕМПИОНАТ ОИД БА ПАРАЛИЖАТОЗИИ КӮҲӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар курорти лижатозии кӯҳии «Амирсой»-и вилояти Тошканд аз ҷониби Кумитаи миллии паралимпии Ӯзбекистон бори аввал чемпионати мамлакат оид ба варзиши паралижатозии кӯҳӣ баргузор гардид.

Муовини вазири рушди варзиш Шахрилло Маҳмудов, раиси Кумитаи миллии паралимпии Ӯзбекистон Мухторхон Тошхоҷаев, ректори Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ӯзбекистон Маҳмуд Болтабоев, директори генералии курорти «Амирсой» Саидвалӣ Саидхоҷаев дар маросими ифтитоҳи чемпионат нутқ эрод намуда, таъкид карданд, ки солҳои охир дар мамлакатамон ба рушди намудҳои зимистонаи варзиш, сохтмони маҷмӯъҳои замонавии варзишӣ, таъмини иштироки варзишгаронамон дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ эътибори бузург дода мешавад.
Дар мусобиқаҳо оид ба варзиши паралижатозии кӯҳӣ байни занон Асел Турдимуратова ғолиб омад. Ҷойи дуюм ба Юлдуз Маҳмудова насиб гардид. Байни мардон Фирдавс Хидоятов беҳтарин дониста шуд. Медали нуқра насиби Комрон Абдувоҳидов гардид.
Ба ғайр аз ин, мусобиқаҳои саракунӣ оид ба парасноуборд ва кёрлинг дар аробачаҳо гузаронда шуданд.
Чорабинии мазкури варзишӣ барои параварзишгарони мо, ки иродаи қатъӣ ва матонат нишон медиҳанд, рӯйдоди фаромӯшнопазир гардид. Чемпионат ба онҳо имкон дод, ки дар роҳ ба бозиҳои зимистонаи паралимпӣ ва минтақавӣ қадами муҳим гузоранд.

Тӯлқин РӮЗИЕВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: