Чорабиниҳои муҳим бобати таъмини фаровонии аҳолӣ ва рушди соҳибкорӣ муайян гардиданд

  • Чорабиниҳои муҳим бобати таъмини фаровонии аҳолӣ ва рушди соҳибкорӣ муайян гардиданд
  • Чорабиниҳои муҳим бобати таъмини фаровонии аҳолӣ ва рушди соҳибкорӣ муайян гардиданд
  • Чорабиниҳои муҳим бобати таъмини фаровонии аҳолӣ ва рушди соҳибкорӣ муайян гардиданд
  • Чорабиниҳои муҳим бобати таъмини фаровонии аҳолӣ ва рушди соҳибкорӣ муайян гардиданд
  • Чорабиниҳои муҳим бобати таъмини фаровонии аҳолӣ ва рушди соҳибкорӣ муайян гардиданд
  • Чорабиниҳои муҳим бобати таъмини фаровонии аҳолӣ ва рушди соҳибкорӣ муайян гардиданд

Зери раисии Президент Шавкат Мирзиёев 15 апрел ҷамъомади видеоселекторӣ дар бобати таъмини босуботи нарх дар бозорҳо аз ҳисоби зиёд гардондани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва ба вуҷуд овардани шароити иловагӣ барои соҳибкорон баргузор гардид.

Тавре ки маълум аст, бинобар вазъияте, ки дар ҷаҳон ба вуҷуд омадааст, нархи маҳсулоти озуқаворӣ боло меравад. Дар чунин шароит барои таъмини суботи нарх зиёд гардондани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ногузир мебошад.

Бинобар ин дар мамлакатамон мақсади соли ҷорӣ таҳия намудани 7 миллиону 700 ҳазор тонна ғалла, 23 миллион тонна меваву сабзавот, таъмини бетанаффуси расондани маҳсулот ба бозори дохилӣ гузошта шуд.

Дар ҷамъомад чорабиниҳои марбут муҳокима гардиданд.

Таъкид шуд, ки дар навбати аввал босамар истифода намудани беш аз 300 ҳазор гектар замине, ки захираи заминро сарпур намудааст, муҳим мебошад. Аз он 80 ҳазор гектар заминҳое мебошад, ки пас аз кам кардани заминҳои пахта ва ғалла озод гаштааст. Ин заминҳо ба 254 ҳазор нафар дар асоси озмуни кушод дода шудааст. Ин маънои онро дорад, ки дар ҳар як ноҳия 500 гектарӣ замини кишт ба вуҷуд омадааст.

Дар ҳоле ки роҳбари давлат барои соҳаи кишоварзӣ хеле мураккаб будани пайдо намудани тухмии босифат ва фурӯши маҳсулоти худро таъкид менамуд, ба Вазорати хоҷагии қишлоқ ва ҳокимони минтақаҳо вазифаи таъмин намудани дастрас кардани тухмӣ ва ниҳолҳои баландсифат, хариди кафолатноки маҳсулотро супориш дод. Ба Агентии инкишофи боғдорӣ ва гармхонадорӣ барилова 300 миллиард сӯм аз Фонди хоҷагии қишлоқ ҷудо карда мешавад.

Боз як захираи парвариши маҳсулоти озуқаворӣ истифодаи беш аз 100 ҳазор гектар замини атрофи обанборҳо ба шумор меравад. Чорабиниҳои сохтмони шабакаҳои обёрӣ дар ин ноҳияҳо, ҷалби соҳибкорон ва кишти зироати мазкур муайян карда шуданд.

Таъкид шуд, ки барқарор намудани 135 ҳазор гектар замини аз истифода хориҷшуда имконоти иловагие мебошад барои парвариши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ.

Ҳоло дар ихтиёри аҳолӣ 380 ҳазор гектар замини наздиҳавлӣ вуҷуд дорад. Парвариши маҳсулоти меваву сабзавот дар ин заминҳо натанҳо хонаводаҳоро таъмин менамояд, инчунин манбаи сарпур намудани бозор низ мегарданд. Барои ин низоми таъмини молиявӣ ба вуҷуд оварда шудааст: 21 феврали соли ҷорӣ Девони Вазирон қарорро дар бораи хариди кафолатноки маҳсулотеро, ки дар ҳавлиҳо парвариш ёфтаанд, қабул намуд. Ба Шӯрои фермерон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибони ҳавлиҳо сабақомӯзонии аҳолӣ ва ҳамдастӣ намудан дар бобати парвариши зироати ногузир бо иштироки фермерҳои соҳибтаҷриба супориш дода шуд. Соҳибони заминҳои наздиҳавлӣ эҳтимол дорад, ки бо норасоии об дучор гарданд. Аз ин рӯ, дар назди Вазорати хоҷагии об вазифаи андешидани чораҳо дар бобати тоза намудани канал ва ҷӯйборҳо дар маҳаллаҳо, чоҳкобӣ ва насб кардани насосҳо дар ноҳияҳое, ки таъминоти обаш мураккаб аст, бо оби деҳқонӣ таъмин намудани аҳолӣ вазифа гузошта шуд. Таъкид гардид, ки ба ин мақсадҳо аз буҷети ҷумҳурӣ 50 миллиард сӯм, аз буҷетҳои маҳаллӣ боз 50 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда мешавад.

Инчунин қарор дар бораи қабули барномаи махсус барои нармсозии оқибатҳои норасоии об қабул гардид. Ҳамин тариқ, то 1 октябр 4,5 ҳазор километр шабакаи обёрӣ тоза ва 231 километр чунин шабакаҳо бетонрезӣ шуда, 3 ҳазор иншооти гидротехникӣ таъмир, беш аз 3 ҳазор насос насб, 281 чоҳ таъмир мегарданд.

Масъалаҳои дастгирии молиявии соҳаи аграрӣ ба забон гирифта шуд.

Барои соли 2022 низ истифода намудан ба бонкҳои тиҷоратӣ 2 триллион сӯм кредити имтиёзнок пешкаш гаштааст. Аммо ҳоло аз аризаҳо барои 790 миллиард сӯм, ки ба бонкҳои тиҷоратӣ расидаанд, танҳо 53 фоизаш, дар баъзе минтақаҳо 25-30 фоизаш аз ҷиҳати молиявӣ таъмин гаштааст. Кори бонкҳо дар ин самт зери танқид гирифта, супоришҳои иловагӣ дода шуд.

Ба чорабиниҳо дар бобати зиёд гардондани истеҳсоли ғалладона ва ашёи хом барои равғани растанӣ эътибори махсус нигаронда шуд. Пешниҳод гардид, ки имтиёзоти гумрук  ва аз андоз барои арзиши иловагӣ озод намудани равғани офтобпарасти воридшаванда, соя ва дигар маҳсулоти равғанӣ пешбинӣ гардад.

Масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис минбаъд дастгирӣ намудани соҳибкорӣ буд.

Таъкид шуд, ки вақтҳои охир дар баъзе минтақаҳо фаъолияти тиҷоратӣ коҳиш ёфта, соҳибкорон бо мушкилоти кредит, андоз ва инфрасохтор дучор мегарданд.

Аз ин рӯ, роҳбари давлат чандин ташаббусро ироа намуд, ки ба рағбатноксозӣ ва ҳамдастӣ ба соҳибкорон нигаронда шудааст.

Ҷудо намудани маблағи иловагӣ ба Фонди давлатии дастгирии соҳибкорӣ ва баланд бардоштани самаранокии кумаки молиявӣ супориш дода шуд.

Дар соҳаи хидматрасонӣ аз Бонки миллии ФИХ ба миқдори то 5 миллиард сӯм кредит пешниҳод мегардад. Ҳамзамон ставка доир ба кредит бо назардошти ҷуброни Фонди соҳибкорӣ на бештар аз 18 фоизро ташкил хоҳад кард.

Ҳамзамон барои таъмини молиявии лоиҳаҳои тиҷорати хурд ва миёна дар минтақаҳо 300 миллион доллар ҷудо карда мешавад. Ин маблағ ба асъори  миллӣ аз рӯи ставкаи 10 фоиз ба муддати 7 сол дар бонкҳое гузошта мешаванд, ки беҳтарин шароитро барои соҳибкорон пешниҳод менамоянд. Ҳамзамон ставка аз рӯи кредит, ки ба соҳибкорон пешниҳод мегардад, аз 14 фоиз зиёд намегардад.

Мушкилоти корхонаҳои содиркунанда таҳлил гардида, имконоти иловагӣ ифшо гардиданд. Механизми соддаи бозгардондани андоз барои арзиши изофа татбиқ гардида, 80 фоизи маблағ дар зарфи 7 рӯз бидуни санҷиши иловагӣ бозгардонда мешавад.

Низоми нави омӯзиши доимӣ ва ҳалли зудтари масъалаҳои содиргарон эълон гардид. Барои ин штабҳои доимоамалкунанда ва колл-марказ бо рақами «1049» ба вуҷуд оварда мешавад. Шахсони масъул бо содиркунандагон муттасил вохӯрда, мушкилоти онҳоро дар ҷояш ҳал мекунанд.

Ба ауксион гузоштани қитъаҳои замин барои ҷорӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ масъалаи муҳим ба шумор меравад. Аз ин рӯ, дар назди Девони Вазирон гурӯҳи корӣ ба вуҷуд оварда шудааст, ки корро дар бобати муайян намудани қитъаҳои озод дар басти маҳаллаҳо, ташаккули лоиҳаҳо бо ҷалби ташкилотҳои касбӣ, фурӯши қитъаҳои замин ҳамоҳанг менамояд.

Президент вазифа гузошт, ки аз 1 июни соли 2022 низоми маъмурии андоз ва санҷиши соҳибкорон содда карда мешавад.

Пеш аз ҳама, бинобар ба низоми пардохти андоз барои мулк ба принсипҳои бозор гузаштан, тартиби татбиқи механизми мутаассири андоз (ставкаҳои иловагии андози зиёд) оид ба бесамар истифода шудани объектҳо бекор карда мешавад.

Ғайр аз ин, ба соҳибкороне, ки гардиши маблағашон беш аз 1 миллиард сӯмро ташкил менамояд, ба таври автоматӣ гувоҳномаи пардозандаи андоз барои арзиши изофа бидуни санҷиши пешакӣ дода мешавад.

Таъкид гардид, ки соли ҷорӣ санҷиши соҳибкорон афзудааст. Барои бартараф намудани дахолати беасос муқаррар гардид, ки аз ин баъд боз 22 намуди санҷиш метавонад фақат бо иҷозаи Бизнес-омбудсмен ба амал оварда шавад.

Инчунин ногузирии минбаъд содда намудани талаботи иҷозатдиҳанда таъкид шуд. Вазифа гузошта шуд, ки талаботи санитарӣ нисбат ба корхонаҳои озуқавории ҷамъиятӣ таҷдиди назар гардида, талаботи куҳна барҳам дода, барои хидмати  расондадиҳӣ имтиёзот ҷорӣ гардад.

Дар поёни ҷамъомад роҳбари давлат эътибори ҷамъиятро ба масъалаи оқилона истифода намудани маблағ ҷалб намуд.

– Ҳоло барои соҳибкорӣ маблағи зиёди кредит – 500 миллион доллар ҷудо карда мешавад. Чаро? Чунки, чи қадаре ки ин душвор набошад, дар вазъияти мураккаби имрӯз мо бояд дар бораи фаровонии халқамон, инкишофи суботноки давлатамон фикр кунем. Ҳар як доллар, ҳар як сӯм, ки аз буҷет ё аз бонк ҷудо карда мешавад, ин пули халқ аст, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар бобати фақат ба лоиҳаҳое равона намудани маблағ супориши ҷиддӣ дода шуд, ки онҳо худкифоӣ мекунанд, даромади аҳолиро меафзоянд, ҷойҳои кор ба вуҷуд меоранд. Аз рӯи масъалаҳое, ки дар маҷлиси видеоселекторӣ муҳокима гардиданд, ҳокимон нақшаҳои аниқи худро дар асоси «нақшаҳои роҳ» пешниҳод намуданд.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: