«ЧӢ КОР КУНЕМ, КИ ТОҶИК БА ХУДАШ БАРГАРДАД?»...

Қурбон Алиев – омӯзгори фанни таърих аз мактаби рақами 9-уми тоҷикии ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё бо ҳасрат дарди дил кард...

– Рости гап, ҳеч намефаҳмам ба мардуми мо чӣ ҷине задааст! Ҳам хонандаҳо, ҳам падару модаронашон аз китоб дур шудаанд. Чанде пеш бо мушкилӣ се-чор китоби бадеӣ ёфта, ба шогирдонам тақсим карда додам. Хоҳиш намудам, ки китобҳои додаамро бо навбат хонда бароянд. Аз байн се моҳ гузашт, вақте ки аз мазмуни китобҳо пурсон шудам, ҳеч касе ёфт нашуд, ки ҷавоб диҳад. Ҳама об дар даҳон – менишастанд. Пурсидам, ки чаро нахондед? Ҷавоби ҳамаашон яке буд: «Забони китобҳо нофаҳмо, чизеро нафаҳмидем». Ба Худо, хашмгин шудам. Охир, одитарин китоби ҳикояҳоро дода будам, гӯлтарин тоҷик ҳам метавонад хонаду дарк кунад, вале инҳо... 
Ин аҳвол доимо маро азият мекунад. Мебинам, ки дар ягон оила на китоби бадеӣ ҳаст, на рӯзнома. Касе ҳам барои харидан, обуна шудан майле намекунад. Бояд гӯям, ки ғайр аз синфҳои тоҷикии мактабамон мо синфҳои ӯзбекӣ низ дорем, аммо он хонандаҳое ҳам, ки ӯзбекӣ мехонанд, навад фоизашон тоҷиканд! 
Наход ҳаммиллатони мо то ин ҷо расидаанд?! Инҳое, ки аз забони модарии худ парҳез мекунанд, ба руҳу номи аҷдоди худ иснод намеоваранд?! Чӣ кор кунем, ки тоҷик ба худаш баргардад?... 
***
Ростӣ, бо шунидани ин суханҳои дардомези Қурбон Алиев сахт руҳафтода шудам. Замоне ҳамон ноҳияи Сайҳунобод бо мактабҳои тоҷикӣ ва шогирдони пешгомаш ифтихор мекард. Ҳар як хонавода ҷевони китоб дошт, ба чандин рӯзномаю маҷалла обуна мешуданд. Бо забони модарӣ равону бурро ҳарф задан ва ҳифзи худшиносии миллиро барои худ шараф, амри виҷдон ва номус медонистанд. Ҳоло бошад, вазъияти дигар ҳукмрон аст, ба гуфтаи Қ. Алиев “наход ки то инҷо расидаанд?”.
Бо ин ҳама, ҳамзабонони азизу арҷманд, шумое, ки тоҷикони хунгарми кишварамон ҳастед, худогоҳиро нодида нагиред, забону анъаноти миллиро ба фано насупоред, саъй намоед офтоби дурахшони тоҷи тоҷик доимо равшану тобон бимонад. Аз ҳар яки шумо – азизон даъват мекунем ба минбарҳои забони модариамон – рӯзномаҳои “Овози тоҷик”, “Ховар” ва маҷаллаи тозатаъсиси “Дурдонаи Шарқ” обуна шавед. Ҳадди ақал инҳо барои мо, чун манбаъи муфиди маърифатию фарҳангӣ хидмат хоҳанд кард, ба устувору зинда мондани забони модариамон, ки чандин ҳазор сол халқи мо, ҳастии мардуми мо, номусу нанги миллати моро ифода ва ҳифз кардааст, мусоидат хоҳанд намуд. 
Минбарҳои забони модариамонро танҳо нагузоред!

Юнуси ИМОМНАЗАР,
узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: