МУШОҲИДА ВА МУЛОҲИЗА РӮҲ ВА ҶИСМ

Сари чанд фурсат ба мактабу маҳалҳо чанд нусхаи рӯзномаҳоро мебарам.

Боре бо худ шумораҳои нави маҷаллаи тозанашри адабиву фарҳангӣ ва илмии «Дурдонаи Шарқ» ҳам гирифтам. Зеро сармуҳаррири он тарғибу ташвиқ ва муаррифии ин маҷалларо дар миёни мардум бар зиммаи мо – рӯзноманигорон вогузор карда буд.
Оре, мутолиаи мунтазами рӯзнома, маҷалла ва китобҳо  ба одам ғизои маънавӣ мебахшанд. Онҳо ғизои рӯҳанд. Дар ҷое хонда будам: «Аз лоғарии бадан натарсед, балки аз харобии рӯҳ андеша кунед».
Табиати одамӣ аҷиб аст. Мехоҳад, ки бо ягон роҳ ном барорад. Хуш аст, агар кас  бо корҳои хайру савоб ва неку наҷиб дар дили атрофиён ҷой гузинад. Мутаассифона, бештари одамон мехоҳанд дар ҷомеа бо худнамоӣ маъруфият пайдо кунанд. Чунончи, бо тӯю маъракаи дабдабанок «ба даҳони мардум афтанд». Пайдост, ки дар ин гуна амалҳо исрофкорӣ зиёд аст.
Ба наздикӣ дар шабакаи иҷтимоӣ матолиберо дар мавриди ихчаму сарфакорона гузаронидани ҷашну маросимҳо дар кишвари ҳамсоя  хондам. Дар он бештар дар бораи бузкашӣ ва роҳ додани исрофкориҳо зимни барпо кардани ин бозии қадима, ки чузъе аз арзишҳои милливу маънавии мардуми мо мебошад, андеша ронда мешавад.
Дарҳақиқат, рӯзгоре барои баргузор кардани тӯй бо бузкашӣ чанд сол омодагӣ мегирифтанд. На танҳо соҳибтуй, балки ҳамсоягону наздикон ҳам изтиробу ташвиш мекашиданд. Барои меҳмон ва ҳам баҳри савории ӯ ғамхорӣ мекарданд. Чандин чорворо забҳ намуда, ғизоҳои гуногун омода месохтанд. Барои  ғолибон пулу мол туҳфа медоданд. Агар ин амалҳоро накунанд, гӯё айб  буду боиси шармандагӣ. Дар пештоқ нафаре миқдори пулу моли ҳимматнамударо бо садои баланд ҷор мезад. Ҳоло-чӣ? Имрӯз ҳам ин анъана идома дорад. Дар саҳифаи фейсбук як тӯйи бузкашӣ аз ноҳияи Зомин  бо дуову дархостҳои дуру дарози як пири рӯзгордида оғоз ёфт. Ӯ ба ҳозирин рӯй оварда, алалхусус аз чапандозони бузкаш даъват ба амал меовард, ки ҳалол бозӣ кунанду мукофот гиранд. Ҳаргиз пайи озори касе нашаванд, хархашаву ҷанҷол накунанд. Ҳар як чапандоз метавонад ҳадяи тӯй аз ҷумла гов, асп, шутур, мошин, пулу мол ва ғайраро бо қувваи бозуи худ, кӯмаки саманди далеру чобуксумаш соҳиб гардад...
Чанде пеш ба як тӯйи деҳа рафтам. Аз гӯшаву канори гуногуни ҷумҳурӣ чапандозон бо аспҳои барқҷавлони худ омада буданд. Соҳибтӯй ва ҳимматбаландони бузкашӣ чорвои резаву калон, пулу мол ҳадя мекарданд. Ин воқеа дар ҳоле рух дод, ки ман навакак дар бағал якчанд шумораи маҷаллаи тозанашри тоҷикиро гирифта, ба мактабе ворид гардида, аз ин даргоҳи таълимӣ бо ҳавсалаи пир берун омада будам.
Дар паси гӯшҳоям гӯё ровии майдони бузкашӣ беист ҷор мезад:
«Аз фалонӣ фалон миқдор пул, ҳалол тозеду баред, ошатон шавад, паҳлавонон!..»
Худоё, мардуми мо кай ҷор мезананд, ки рӯзнома, маҷалла, китоб на танҳо ба кас ғизои маънавӣ мебахшад, балки  он ғизои рӯҳ ҳам ҳаст. Кай мо аз он ки ин ганҷинаҳоро барои худу фарзандони худ харидорӣ намекунем, шарм медорем, изо мекашем? Барои, билхоса, сарватмандон нахондану мутолиа накардан ва бо ин роҳ  ворид нашудан ба ин хазинаи бузург кай айб маҳсуб меёбад? Кай?!...

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: