ЧӢ ТАВР КАРТОШКА ДАР КӮҲИСТОНИ МО ОММАВӢ ШУД?

Аҳолии деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабз аз қадим рӯзгори худро аз пайи деҳқонӣ ва чорводорӣ обод мекарданд.

 Шароити ин деҳаи кӯҳистон ба пешбурди чунин корҳо хеле мусоид аст. То ҳол бошандагони Сарчашма ба ин тариқ рӯз мегузаронанд. Аҳолӣ бештар гандум,ҷав, нахӯд, зағир... кишт кардаву ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд. Боғдорӣ ҳам аз шуғлҳои дӯстдоштаи мардуми Сарчашма ба шумор меравад. Онҳо асосан гандуми навъи маҳаллӣ кишт мекарданд, ки гандуми Пашмак, Ҳафтма, Обӣ ном доштанд ва аз анвое ба шумор мерафт, ки ба шароити кӯҳистон тобовар ва мувофиқ буданд. Ҳоло гандуми навъи Обӣ аз байн рафта ва дигар кишт карда намешавад. Ба ҷои он аз тухмиҳои ҳозиразамони ғалладона истифода бурда шуда, ҳосили нағз низ гирифта мешавад. 


Шуғли дигари аҳолии деҳаи Сарчашма картошкапарварӣ мебошад, ки ҳам манбаи даромад ва ҳам яке аз воситаҳои рӯзгузаронии  мардум ба шумор меравад. Айни ҳол дар Сарчашма  навъҳои гуногуни картошка парвариш мегарданд ва онҳо «Белорусский ранный», «Пекас», «Баклашка», «Ранная роза», «Голландӣ» ном доранд. Аммо бояд таъкид кард, ки аҳолӣ асосан то солҳои 80-уми садаи ХХ картошкаи навъи маҳаллии «Қайроқӣ» кишт мекарданд. Он аз ҷиҳати сифату таъм ва лаззат ҳамто надошт ва дар байни ҳамҷинсони худ фарқ мекард. Афсӯс, ки ин навъи картошкаи маҳаллӣ ҳоло ниҳоят кам кишт карда мешавад. Бар замми ин, дар натиҷаи беэътиборӣ дар соҳаи интихоби тухмии картошка ин навъ бо дигар намуди картошкаҳо дурага кунонида шуда,  мазза, таъм ва сифати аҷдодии худро гум кардааст. Минбаъд картошкаи қайроқии хоси деҳаи Сарчашма бо номи «Картошкаи Ғелон» ном баровард. Зеро мардуми Ғелон низ аз ин навъ кишт кардаву ба таври зиёде вориди бозорҳои шаҳру навоҳии Сурхондарёву Қашқадарё мекарданд. Ин аст, ки бо номи «Картошкаи Ғелон» маъруф гашта, зодгоҳи худи он деҳаи Сарчашма камтар ба забон гирифта мешавад. Картошкаи қайроқӣ таърихи аҷибе дорад ва ба Сарчашма оварда шудани он бас аҷиб аст. 
Ба гуфтаи мардуми кӯҳансоли деҳа, то ибтидои солҳои 30-юми садаи ХХ мардуми Сарчашма аз истеъмоли картошка, помидор барин маҳсулоти полизии деҳқонӣ, ки ҳоло зиндагиро бидуни он тасаввур кардан мушкил аст,  худдорӣ мекардаанд ва онро «хӯроки кофир» меномиданд. Ҳар касеро, ки ба истеъмоли чунин маҳсулот сарикор мегирифт, радди маърака эълом дошта, ба кофирӣ муттаҳам мекардаанд. Нақл мекунанд, ки охири солҳои 20-уми садаи гузашта як бошандаи деҳаи Сирзор (ҳоло ин деҳа дар таркиби деҳаи Сарчашма) бо номи Сафар писари Карим бо мақсади мардикорӣ ба Даҳбеди Самарқанд меояд. Ҳангоми кор вай таоми аз картошка тайёркардаро мехӯрад ва албатта, ба вай хеле маъқул мегардад. Замони ба деҳа баргаштан аз ҳамон картошка ба деҳа овардаву дар замини худ мекорад. Ҳосили бадастовардаро пинҳонӣ истеъмол мекунад. Рӯзе ҳамсоя ва хеши наздики Сафари Карим бобои Шералӣ ҳамроҳии писарашон Ашӯр ба хонаи ӯ меҳмон мешаванд. Сафар, ки он вақт картошкабирён тайёр карда буд, бобои  Шералӣ ва писарашонро ба хӯрдан даъват мекунад. Бо баробари ин огоҳ мекунад, ки дар ин бора ба дигарон  чизе нагӯянд. Ашӯри писари бобои Шералӣ нақл карда буданд, ки хӯроки картошкабирён ба ман ва падарам ниҳоят маъқул шуд. Ашӯрбой муаллими мактаби рақами 57-уми деҳаи Сарчашма буданд,ки дар синни 97 вафот карданд. 
– Ҳамин тавр, ману падарам аҳд кардем,ки картошкаро мо ҳам дар замини наздиҳавлигиамон кишт кунем, – аз он замони дур ёд оварда, гуфта буданд муаллим Ашӯрбой. 
Оҳиста-оҳиста мардум аз вуҷуд доштани як чунин неъмати табиат огоҳ гаштанд ва ба таассуби баъзе рӯҳониён нигоҳ накарда, дар заминҳои худ онро кишт намуданд. Картошкаи навъи маҳаллӣ бо номи «Картошкаи қайроқӣ» маълум гашт ва ба ғизои асосии аҳолии деҳа табдил ёфт. Дар солҳои ҷангу баъдиҷангӣ гуруснагию қаҳтӣ  тез-тез такрор меёфт ва он солҳои душвор маҳз ба шарофати ин намуди маҳсулот мардуми Сарчашма аз гуруснагӣ ва аҷали муаллақ наҷот ёфтанд. Ҳатто дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ колхоз ин картошкаро ба фонди мудофиа супорида, ба фронт фиристод. Ин картошка бидуни истифода аз нуриҳои кимиёвӣ кишт карда мешуд ва ҳосили фаровон медод. Барои аҳолии деҳа нони дуюм ба ҳисоб мерафт. Ҳатто ба орди гандум, ки кам буд, картошка ҳамроҳ кардаву нон мепухтанд. Асосан кишти ин картошкаро то солҳои 60-ум дар деҳаи Сарчашма колхози ба номи  Карл Маркс ба ӯҳда гирифта буд. Маҳз дар ҳамин солҳо деҳаи Ғелон, ки дар ҳудуди колхози «Маданият» ҷойгир буд, бо колхози «Карл Маркс» шартнома баста, тухмии картошкаи қайроқиро дастрас карда, ба кишташ машғул гардид. Деҳаи Ғелон, ки нисбати деҳаи Сарчашма оби фаровон ва заминҳои ҳосилхез дорад, дар муддати кӯтоҳ  кишти картошкаи қайроқиро ба роҳ монда, бозори Шаҳрисабз ва вилоятро бо ин навъи картошка таъмин намуд ва оҳиста-оҳиста навъи картошкаи қайроқӣ бо номи «Картошкаи Ғелон» машҳур гашт. Ҳоло заминҳои Ғелон аз истифодаи доруҳои кимиёвии зиёд зиён дидаву мардум кунун ба парвариши картошка камтар таваҷҷуҳ мекунанд.
Акнун фурсате расидааст, ки селексионерон ва институтҳои илмию тадқиқотӣ кишти картошкаи қайроқии маҳаллии худамонро, ки аз ҷиҳати таъму сифат аз картошкаҳои  намудҳои гуногуни воридотӣ фарқи куллӣ дорад, аз нав ба роҳ монанд. Ин албатта, ба манфиати аҳолӣ ва хоҷагии қишлоқ хидмат хоҳад кард.

Баҳром ЧОРШАНБИЕВ, 
деҳаи Сарчашмаи 
ноҳияи Шаҳрисабз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: