Ўзбекистон — Русия: ҳамкорӣ дар соҳаҳои чарм ва пойафзол ривоҷ меёбад

Дар намоишгоҳи «Моsshoes-2022» ёддошти ҳамкорӣ байни Ассотсиатсияи «Узчармсаноат», Муассисаи давлатии буҷетии федералии таҳсилоти олӣ «ДДР ба номи А.Н. Косыгин» ва Донишкадаи бофандагӣ ва саноати сабуки Тошканд ба имзо расид.

Ҳамкории ҷонибҳо ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак равона карда мешавад, ки ба ҳавасмандгардонии конструкторҳо ва дизайнерҳои ҷавони пойафзол ва лавозимот; барқарор намудани алоқаи корӣ бо намояндагони корхонаҳои саноатӣ; мусоидат ба таблиғи тиҷоратӣ ва татбиқи саноатии корҳои эҷодии довталабон, инчунин мутобиқсозии онҳо дар шароити муосири рақобати бозорӣ нигаронида шудаанд.

Гузарондани тадқиқот дар соҳаҳои илмии  чарм ва пойафзор, ташкили конфронсҳо, синфҳои маҳорат, семинарҳо, форумҳо, ки ба мубодилаи таҷриба, иттилооти илмию амалӣ ва таҳкими равобити мутақобилан судманди байналмилалӣ нигаронда шудаанд, ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад хидмати матбуоти "Узчармсаноат". 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: