Дар кӯҳсори Сурхондарё таркиби нави маъдан кашф карда шуд

Геологҳои ӯзбекистонӣ сохти нави минералиро кашф карданд, ки дар таркибаш миқдори зиёди малахит мавҷуд аст. Дар ин бора хидмати матбуоти Вазорати саноати маъдан ва геология хабар додааст.

Он дар рафти тадқиқоти саҳроӣ дар доираи лоиҳаи давлатии «Тадқиқоти космогеологии миқёси 1:100 000 дар ҳудуди Ӯзбекистони Ҷанубӣ» пайдо шуд.

«Дар натиҷаи тафсири саҳроии қитъаи Вахшивори кӯҳи Сурхонтов мавҷудияти таркиби нави маъданӣ, ки аз малахит бой аст, ошкор гардид», - омадааст дар хабар.

Ба гуфтаи коршиносон, таркиби муайяншуда барои тилло ва полиметаллҳо умедбахш аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: