ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА ДАСТГИРИИ ТАҲСИЛИ ЗАНОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИ ОЛӢ, МИЁНАИ МАХСУС ВА КАСБӢ

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои заноне, ки хоҳиши дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил карданро доранд, инчунин мусоидат намудан ба мунтазам такмил додани нерӯи илмӣ ва тахассусии онҳо:

1. Ба эътибор гирифта шавад, ки мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 7 марти соли 2022 № ФП-87 «Дар бораи чораҳо оид ба боз ҳам суръат бахшидан ба корҳо оид ба дастгирии системавии оила ва занон» аз соли таҳсили 2022/2023 низоми ҷудо кардани маблағи буҷети давлатӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ бо мақсади дар шароити имтиёзнок маблағгузорӣ кардани қарзҳои таълимӣ барои таҳсили занон дар ҳамаи муассисаҳои таълимии хусусӣ, хориҷӣ, давлатӣ, миёнаи махсус ва касбӣ дар шаклҳои таълими  рӯзона, ғоибона ва шабона дар асоси шартномаи пулакӣ ҷорӣ карда шудааст.
Муқаррар карда шавад, ки: 
бонкҳои тиҷоратӣ қарзҳои таълимиро бинобар ставкаи 14 фоиз аз ҳисоби маблағи депозит, ки Вазорати молия ҷойгир мекунад, пешниҳод менамоянд; 
қисми асосии қарзи таълимӣ дар давоми 7 сол, аз моҳи ҳафтуми баъди расман ба охир расидани давраи таҳсили донишҷӯ баргардонида мешавад; 
баргардонидани фоизи қарзҳои таълимӣ аз ҳисоби маблағи Фонди маблағгузории қарзҳои таълимии назди Вазорати молия (минбаъд – Фонд) бо роҳи пардохт ба бонкҳои тиҷоратӣ амалӣ карда мешавад; 
ҳангоми расмигардонӣ ва баргардонидани қарзи таълимӣ иштироки аъзои оилаи донишҷӯ ва дигар ашхоси сеюми дорои даромади доимӣ ба сифати қарзгиранда иҷозат дода мешавад;
барои ҷудо намудани қарзи таълимӣ ба занон аз оилаҳое, ки ба “Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ” дохил карда шудаанд, гарав ва кафолат талаб карда намешавад.
2. Муайян карда шавад, ки:
Фонд мувофики дархости банкҳои тиҷоратӣ дар онҳо ба андозаи 10 фоиз барои минбаъд ҷудо кардани қарзҳои таълимӣ аз рӯйи ставкаи 14 фоиз маблағ мегузорад;
бо мақсади аз ҷониби Фонд ҷудо намудани маблағҳои барои қарзҳои таълимӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ зарурӣ, инчунин амалӣ намудани назорат ба Фонд аз ҳисоби оптимизатсияи як воҳиди штатии Вазорати таълими томактабӣ ва як воҳиди штатӣ дар доираи воҳиди штатии Вазорати молия ҳамагӣ 2 воҳиди штатӣ ҷудо карда мешавад. 
3. Девони Вазирон дар муҳлати як моҳ Низомнома дар бораи тартиби ҷудо кардани кредити таълимиро барои таълими занон дар муассисаҳои таълими олӣ, миёнаи махсус ва касбӣ дар асоси шартномаи пулакӣ аз ҳисоби маблағи Фонди маблағгузории қарзҳои таълимии назди Вазорати молия тасдиқ намояд.
4. Вазорати молия дар соли 2022 ба Фонд аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва фондҳои мақсадноки давлатӣ, қарзҳои ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва ташкилотҳои давлатии хориҷӣ, ки барои дастгирии буҷет ҷалб карда мешаванд, баровардани вомбаргҳои байналмилалии суверен ва аз ҳисоби манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, аз соли 2023 дар параметрҳои буҷети давлатӣ ба назар гирифтанро таъмин намояд.
5. Ба баъзе қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон мутобиқи замима тағйироту иловаҳо ворид карда шаванд.
6. Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муддати як моҳ ба Девони Вазирон дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, пешниҳод тақдим намоянд.
7. Ба зиммаи вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус А. Х. Тошқулов ва вазири молия Т. А.  Ишметов масъулияти шахсӣ барои ташкили самараноки иҷрои қарори мазкур гузошта шавад.
Назорати иҷрои қарори мазкур ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳое, ки барои иҷрои он масъуланд, ба зиммаи муовини Сарвазир Ҷ. А. Қӯчқоров гузошта шавад.

Президенти  
Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,
18 июли соли 2022.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: