ДАР БОРАИ МУКОФОТОНИДАН БО НИШОНИ САРИСИНАГИИ «МЕҲР-САХОВАТ»

Имрӯз халқи сермиллати мо, мисли тамоми инсоният, озмоиш ва мушкилоти вазнини марбут ба пандемияи коронавирусро бо сабот паси сар менамояд.

Имрӯз  халқи сермиллати мо, мисли тамоми инсоният, озмоиш ва мушкилоти вазнини марбут ба пандемияи коронавирусро бо сабот паси сар менамояд.
Тадбирҳои саривақтии аз ҷониби давлат ва ҷомеа ҷиҳати нарм гардондани таъсири манфии ин офати бузург ба ҳаёти мамлакати мо, ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва ҳифзи иҷтимоии онҳо андешидашуда натиҷаҳои мусбат медиҳанд. Дар чунин вазъияти душвор халқи диловар, шуҷоатманд ва олиҳиммати мо боз ҳам бештар гирди ҳам омада, бори дигар чунин хислатҳои олии инсонӣ, аз қабили кӯмаки тарафайн, шафқат ва ваҳдатро намоиш доданд.
Бо мақсади муносиб ҳавасманд гардондани ҳамватаноне, ки дар мубориза бо пандемияи глобалӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои гуногуни табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодда саҳми калон гузоштаанд, дастгирии ҳамаҷонибаи табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночор ва ба ҳаракати миллӣ табдил додани ин кор, ки барои ҳама намунаи эҳсонкорӣ ва корҳои хайр мебошанд, инчунин онҳое, ки дар таҳкими фазои сулҳ, оромӣ, дӯстӣ ва ризоият дар ҷамъият фаъолона иштирок мекунанд:
1. Намояндагони ба кори худ содиқи соҳаи тандурустӣ, соҳибкорони саховатманд, кормандони фидокори ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин дигар шаҳрвандони ташаббускор ва фаъол бо нишони сарисинагии «Меҳр-саховат» сарфароз гардонда шаванд.
2. Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯйхатҳоеро, ки аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти идоракунии хоҷагидорӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигари ҷумҳуриявӣ, инчунин Ҷокарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд оид ба мукофотонидан бо нишони сарисинагии «Меҳр-саховат» пешниҳод карда мешаванд, баррасӣ ва тасдиқ кунад.
3. Ба Агентии ахбор ва коммуникатсияи оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон ва дигар васоити ахбори омма васеъ равшан намудани чорабиниҳои бахшида ба супурдани нишонҳои сарисинагии «Меҳр-саховат» тавсия дода шавад.
4. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов ва роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З.Ш.Низомиддинов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
26 августи соли 2020.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: