Дар Душанбе масъалаи истеҳсоли муштараки мошинҳо байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баррасӣ гардид

Зимни мулоқоти Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов ва Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода масъалаи истеҳсоли муштараки мошинҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба гузаронидани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро, ки таҳти ҳамраисии сарвазирони  Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷкистон дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, муҳокима намуданд.

Ҳамзамон вобаста ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, истеҳсоли чархҳо дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ТАЛКО» барои эҳтиёҷоти саноати мошинсозии Ӯзбекистон, инчунин сохтмони муштараки ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон мубодилаи афкор доир шуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо таъкид намуданд, ки маҳз натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи роҳбарони ду давлати ҳамҷавор ва бо ҳам дӯст буд, ки имрӯз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба шарикони стратегӣ ва боэътимод мубаддал гардидаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон 504,4 миллион доллар ва вазни хоси он 6,1 фоизро ташкил дода, дар сохтори гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон он дар ҷои 5-ум қарор дорад. Ҳамзамон ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ин нишондиҳанда иқтидори мавҷудаи байни давлатҳои моро инъикос накарда, ҳоло ҳам имконияти зиёди истифодаи ин иқтидор вуҷуд дорад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: