Дар ноҳияи Учтеппаи пойтахт ду коргар зери хок ҷон бохтанд

Дар ҳокимияти ноҳияи Учтеппаи шаҳри Тошканд дар бораи афроде, ки бар асари фурӯ рехтани замин ҳангоми кофтани чоҳ ҷон бохтаанд, маълумот доданд.

11 октябр, тахминан соати 14:20 ҳангоми кофтани чоҳ барои коллектори канализатсия дар кӯчаи Бешқайрағочи ноҳияи Учтеппаи шаҳри Тошканд хок фурӯ рафт. Дар натиҷа панҷ нафар коргарони ширкати «Шафоат» зери хок монданд.

Ба гуфтаи муовини ҳокими ноҳия Азиз Наимов, ду нафари онҳо ба ҳалокат расида, як нафар дар бемористон аст. Вазъияти ду нафари дигар қаноатбахш аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: