Дар Ҳиндустон муаррифии саноати чарм ва пойафзоли Ӯзбекистон баргузор шуд

Ҳайати тиҷорони Ассотсиатсияи «Узчармсаноат», ки ба шинос кардани сармоягузорони ҳиндӣ бо иқтидори саноати чарму пойафзоли кишвари мо нигаронида шудааст, ба кор оғоз кард.

Нахустин вохӯриҳо дар сафорати Ӯзбекистон дар Ҳиндустон баргузор шуданд.

Дар рафти вохӯрӣ доир ба сиёсати сармоягузории кишвар, имтиёзҳо ва сабукиҳо ба сармоягузорон маълумоти муфассал дода шуд. Барои густариши ҳамкориҳо дар ин самт ва табодули таҷриба як қатор пешниҳодҳои судманд ба миён гузошта шуданд.

Ҳайати “Узчармсаноат” ҳамчунин бо роҳбари ширкати “Ramsas”, ки ба тавлиди ашёи хом ва таҷҳизот барои корхонаҳои чарм машғул аст, мулоқот кард.

Дар доираи муколама бо тоҷири ҳиндӣ оид ба ҳамкорӣ тавофуқ ҳосил шуд. Имконияти дар мамлакати мо кушодани филиали ширкати ҳиндӣ муҳокима шуд.

Дар айни ҳол ҳайати Ассотсиатсия бо сармоягузорони ҳиндустонӣ дар Агра ва Канпур ба музокирот шурӯъ намуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти   «Ўзчармсаноат».

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: