ДАР БОРАИ МУКОФОТОНӢ БО ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ БА НОМИ ЗУЛФИЯ

Ба мақсади арҷгузорӣ ба занон, баланд бардоштани нақш ва мақоми онҳо дар ҷомеа, дастгирӣ намудани орзуву омоли неки онҳо, сазоворона рағбатноксозии духтароне, ки бо қобилият ва фаъолияти намунавиашон ба ҷавонон ибрат буда, иқтидор ва имкониятҳои худро дар соҳаву ҷанбаҳои мухталиф татбиқ менамоянд, дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолнокиву ташаббускорӣ зоҳир мекунанд:

1. Пешниҳоди Комиссияи оид ба Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия дар бораи ба духтарони соҳибистеъдод аз Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд барои ахлоқи олӣ, қобилияти нодир, ҷасорату ташаббускорӣ, комёбиҳо дар хониш,  ҳамчунин дастовардҳои махсус дар соҳаҳои таълим, илм, адабиёт, санъат, варзиш ва фаъолияти ҷамъиятӣ додани Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия мувофиқи рӯйхати иловагӣ маъқул дониста шавад.
2. Ба барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия дипломҳо ва нишони сарисинагӣ дар вазъи тантанавӣ, ки вобаста ба таҷлили Рӯзи байналмилалии занон – 8 март баргузор мегарданд, супурда шаванд.
3. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки ба ҳар кадом барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия додани мукофоти пулиро дар ҳаҷми 50 каратаи миқдори ҳисобу китоби пойгоҳӣ таъмин намояд.
4. Ба Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, дигар воситаҳои ахбори оммавӣ тавсия дода шавад, ки фаъолияти намунавӣ, қобилияти нодир ва дастовардҳои барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфияро васеъ равшан намоянд. 
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. Қудбиев гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 

4 марти соли 2020 
 
ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: