ДИГАРГУНИҲОИ НИЗОМИ ТАЪЛИМИ ӮЗБЕКИСТОН

Дар Агентии ахбор ва коммуникатсияи оммавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон нишасти матбуотии Инспексияи давлатии назорати сифати таълими назди Девони Вазирон баргузор шуд.

Дар нишаст, ки таҳти мавзӯи «Корҳои  баланд бардоштани сифати таълим дар Ӯзбекистон оид ба амалишаванда ва нақшаҳои барои пешомад» баргузор гардид, натиҷаҳо бобати ба зинаи баланд бардоштани сифати таълим, назорат кардани баҳогузории холисонаи самаранокии ҷараёнҳои таълим таҳлил  шуданд.
Соли 2019 дар Ӯзбекистон бори аввал рейтинги мактабҳои таълими умумӣ эълон карда шуд (reyting.tdi.uz). Дар ин ҳолат ба фаъолияти 956 мактабе, ки Вазорати таълими халқ тавсия кардааст, дар асоси 4 индикатор баҳо дода шуд. Дар рейтинги ҳудудҳо ҷойҳои аз ҳама баландро вилоятҳои Намангон, Хоразм ва Навоӣ ишғол карда бошанд, дар ҷойҳои поёнӣ Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Самарқанд ва Тошканд қайд гардиданд. Соли ҷорӣ 20 фоиз, яъне 1345 мактаб ба рейтинг ҷалб карда мешавад. Айни замон дар мактабҳо корҳои назоратӣ ва ҷараёни гузарондани пурсиши иҷтимоӣ идома дорад.
Механизми баҳогузории рейтинги муассисаҳои таълими олӣ кор карда шуд. Соли 2018 баъди бори аввал эълон гардидани рейтинги МТО аксари муассисаҳои таълимӣ ба истифодаи самаранок аз имкониятҳои мавҷуда гузаштанд ва дигаргуниҳои мусбат мушоҳида шуд. Аз ҷумла, ҳиссаи муаллимоне, ки доктори илм ё профессор мебошанд, дар соли 2019 23,6 фоиз, ҳиссаи муаллимони дорои дараҷаи номзади илм ё дотсент 19 фоиз зиёд шуд. Миқдори профессору муаллимоне, ки аз МТО-и ба рӯйхати 1000-гонаи бонуфузи дунё воридшаванда дараҷаи илмӣ гирифтаанд, дар соли 2018 128 нафарро ташкил карда бошад, дар соли 2019 ба 301 нафар расид.
Дар нишаст дар бораи тартиби нави аттестатсияи кадрҳои педагогӣ низ маълумот дода шуд.
Аз ҷумла, ба омӯзгорони мактаб берун аз навбат имкони иштирок дар аттестатсия дода шуд.
Бинобар тартиби аввала педагог ҳар қадар бомалака буда, ба дониш ва салоҳияти худ бовар дошта бошад ҳам, ба сабаби он ки дар ҳар панҷ сол ба аттестатсия ҷалб карда мешавад, аз мутахассисӣ то муаллими тоифаи олӣ бояд 13 сол вақт интизор мешуд. Бинобар тартиби нав акнун педагоге, ки ба донишу таҷрибаи худ бовар дорад, муддати панҷ солро интизор нашуда, бинобар аризаи худ аз навбат берун метавонад дар аттестатсия ширкат варзад.
Дар соли 2019 35 ҳазору 208 нафар педагог барои аз муддат пеш аз аттестатсия гузаштан бо ариза муроҷиат кардаанд. 3036 нафари талабгорон дорои тоифаи малакаи олӣ, 13 ҳазору 15 нафарашон дорои тоифаи малакаи якум будаанд.
Тартиби аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ гузарондани ташкилотҳои таълимӣ ҳам бо омӯзиши таҷрибаҳои пешқадами хориҷӣ такмил дода шуд. Ба муассисаҳо барои баҳогузории фаъолияти худ ва бартараф кардани камбудиҳои муайяншуда имконият дода шуд. Дар асоси тартибҳои нав дар солҳои 2020-2025 8187, аз он ҷумла, дар соли 2020 бо тартиби нав аз аттестатсия гузарондани 1911 муассисаи таълими томактабӣ пешбинӣ шудааст.
Вақте ки охири соли 2019 дараҷаи дониши донишомӯзони 357 мактаби умумии давлатии тахассусӣ ва мактаб-интернат омӯхта шуд, маълум гардид, ки дараҷаи дониш ва азхудкунии онҳо ба стандарти давлатии таълимии муайяншуда мутобиқат намекунад. Аз 12 ҳазору 790 нафар донишомӯзоне, ки дар назорат иштирок кардаанд 7 ҳазору 387 нафарашон баҳои ғайриқаноатбахш гирифтанд.
Имрӯз барои бисёриҳо тартиби наве, ки бинобар эътироф кардани дипломҳои аз давлатҳои хориҷӣ гирифташуда ҷорӣ гардидаанд, низ аҷиб аст.
Бинобар таҳлилҳои Инспексияи давлатии назорати сифати таълим дар се соли охир аризаҳо оид ба эътироф кардани квалификатсияҳои таълими олии хориҷӣ ва нострификатсия 5,3 маротиба зиёд шуд. Соли 2019 бинобар эътироф кардани ҳуҷҷатҳо дар бораи таълим гирифтан дар давлатҳои хориҷӣ ва нострификатсия ҳамагӣ 12 ҳазору 867 муроҷиат дастрас гардида, аз он 3327-тоаш қаноатбахш гардонда шуданд. Аз ҷумла, 997 диплом бидуни санҷишҳои махсус эътироф гардида, нострификатсия шудааст. 
Бо назардошти таҷрибаҳои байналхалқӣ талабу дархостҳои шаҳрвандонро ба инобат гирифта, тартибҳои нав кор карда шуданд.
Ба воситаи марказҳои хизматҳои давлатӣ ва Даргоҳи хизматҳои давлатии интерфаъоли ягона барои қабул кардани муҷаввиз низоми қабули электронии аризаи муроҷиаткунанда ба роҳ монда шуд.
Дар нишаст, ҳамчунин, ба саволҳо дар бораи низоми таълими касбӣ, ҷиҳатҳои эътиборнок дар рейтингҳо, донишу салоҳияти омӯзгорон, аҳамияти барномаҳои иловагӣ ҷавоб дода шуд.

Барно МЕЛИҚУЛОВА,
мухбири ӮзА.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: