ҲАМПЕШАИ ЗАҲМАТПИСАНДИ МАН

Ним аср.

Ба гуфтан осон, аммо агар ҳар касе, ки ба ин дами нек расидааст, сари сарҳисоби он нишинад, чӣ гармиву сардии зиндагӣ ва чӣ талху ширинии онро пеши назар меорад ва дар ҳақиқат,  аз омадаш меболаду аз ноомадаш менолад. Фалсафаи ҳаёт ҳам айнан ҳамин гуна аст, гоҳ шодиву гаҳе ғам. Ана аз ҳамин нуқтаи назар Азаматҷон Мирзоев низ пасту баландӣ ва дармону дарди зиндагиро баробар паси сар кардааст. Зиёда аз бисту панҷ сол аст, ки дар мактаби рақами 43-юми ноҳияи Нурато ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ фаъолият мебарад. Ва ҳар дам аз муваффақияти шогирдонаш меболаду зери лаб шукрона мегӯяд.
Дарҳақиқат, имсол шогирдоне, ки вай муддати чаҳор сол сарпарастӣ намуда буд, ба қавле, хишти аввалини бинои донишашонро гузоштааст, аз 25 нафар 23 нафарашон ба мактабҳои олии мамлакатамону кишварҳои ҳамсоя дохил шуданд. Баъзан хидмати устодон маълум намегардад, вале агар дақиқтар назар афканем, то чӣ андоза заҳмати зиёде мекашад муаллим, то ки шогирдони худро ба муроди дилашон расонад...
Дуруст аст, ки хидмати муаллимӣ вазнин аст, вале бояд гуфт, ки меҳнати  омӯзгоре, ки ба синфҳои ибтидоӣ дарс медиҳад боз ҳам машаққатноктар. Дар урфият хуб гуфтаанд: 
Хишти аввал чун ниҳад 
меъмор каҷ,
То Сурайё меравад девор 
каҷ.
Бо хурдтаракони ҳанӯз ба олами ноошно қадамгузошта кор бурдан заҳмати зиёд талаб мекунад. Ин иқдом аз омӯзгор масъулият ва таҷрибаи ғанӣ талаб менамояд. Маҳз муаллиме, ки соҳиби қобилияту истеъдоди баланд аст, онро дуруст ҳазм мекунад ва хидмати хуб ба роҳ мемонад, то самараи дилхоҳ ба даст орад. Зеро маҳз натиҷаи меҳнат аз бурду бохти кори омӯзгор дарак медиҳад. Худ аз худ маълум мегардад, ки Азаматҷон Мирзоев дар таҳсилу тарбияи шогирдони худ аз таҷрибаи бойи дар давоми солҳо андӯхтааш босамар истифода намудааст. Ногуфта намонад, ки соли ҷорӣ вилояти Навоӣ дар миқёси ҷумҳурӣ аз рӯйи дохилшавӣ ба макотиби олӣ ҷойи якумро ишғол намудааст. Дар ин самт хидмати омӯзгорон сазовори таҳсин аст.
Сирри кори Азамат пӯшида нест. Вай бештарини дарсҳояшро бо усули анъанавӣ ба роҳ мемонад. Ва аксар маврид ҷараёнҳои дарсро дар асоси аёниятҳое, ки худаш дар давоми солҳо тибқи талаботи мавзӯъҳо таҳия гардондааст, ташкил менамояд. Педагоги машҳури рус Д.Ушинский хеле бамаврид гуфтааст: “Кӯдак оинаест дар ғояти хирагӣ ва фақат муаллим метавонад бо заҳмати зиёду бардавом  ин оинаи басо нозукро сайқал бидиҳад”. Оре, Азамат аз ганҷинаи дастурии педагогони машҳур хабар дорад ва онро сари вақт бамаврид истифода менамояд.
Азамат Мирзоев пас аз хатми Донишкадаи омӯзгории Душанбе кори худро аз соли 1995 дар мактаби зодгоҳаш оғоз кардааст. Дар ин муддат зиёда аз садҳо шогирдонро ба воя расондааст. Оиладор мебошад.  Се духтар ва як писар дорад. Духтари охиринаш Интизора имсол ба Донишкадаи технологии Ҷиззах тариқи гранти давлатӣ дохил шудааст. Аз духтарони калонӣ соҳиби се набера мебошад.
Аз сабаби он ки дар як мактаб таҳсил кардаем ва дар як давр ба донишкада дохил шуда, қариб дар як вақт корро дар як ҷой сар кардаем, бинобар ин аз бисёр хислату хӯ ва рафтори вай ба хубӣ огаҳам. Бисёр шахсияти аҷиб дорад. Хеле ҳозирҷавоб ва зарофатгӯ мебошад. Дар бисёр аз сӯҳбатҳо дастболо мегардад. Шартакигӯй аст. Аз ин рӯ, бисёр ҳамкорон ва ёру ошноён дар вақти суҳбат бо ӯ маҷбур мешаванд, ки сахт эҳтиёткор шаванд. Боре сари суҳбати дӯстон яке аз ҷӯраҳояш шӯхиомӯз гуфт, ки камина факултаи сухан хондаму баробарат гап намеёбам, ту ин қадар гапро аз куҷо меёбӣ? Вай андеша накарда, ҳамоно: — Мо шумо барин аз кӯҳҳо ҳезуми тару хушки табиатро табарзан карда намекашонем, аз китобхонаи мактаб китобҳои Бобои Рӯдакиву Бобои Фирдавсиро мекашонем, – гуфту монд. Дар ҳақиқат, ба адабиёти мумтозу муосир эҳтиром дорад ва пайваста ҷустуҷӯ мекунад.
Мирзоевро соли 2019 маъмурияти мактаб вазифадор кард, ки дар озмуни ноҳиявии «Муаллими синфи ибтидоӣ» иштирок намояд. Бахташ омад, дар миқёси ноҳия, ки зиёда аз панҷоҳ нафар омӯзгорон иштирок намуданд, сазовори ҷойи дуюм гардид. Алҳол омӯзгори тоифаи дуюм мебошад. Вай борҳо бо туҳфаҳои молию пулӣ ва ифтихорномаю ташаккурномаҳои ноҳиявию вилоятӣ сазовор гардидааст. Аз касби худ ифтихор мекунад.

Ҳикмат СУЛТОНЗОДА, 
хабарнигори ҷамоатии «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: