ДИПЛОМАТИЯИ НАҚЛИЁТӢ – АСОСИ БАЙНАЛМИЛАЛИВУ ҲУҚУҚИИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ

Дар чорабинӣ созишномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳои нақлиётӣ баррасӣ гардид.

Дар чорабинӣ созишномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳои нақлиётӣ баррасӣ гардид. Ҳамчунин вазъи кунунии нақлиёти байналмилалии автомобилӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва корҳои ҷорӣ оид ба рушди минбаъдаи он мавриди муҳокима қарор гирифт. Яке аз ҷанбаъҳои дигари ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамлу нақли мавод аз роҳи байналмилалӣ афзалиятҳои ҷорӣ намудани сохтори бидуни коғаз мебошад, ки Ӯзбекистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсафиро ба даст овардааст. 
Ба гуфтаи муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев  дар кишвари мо ба таҳкими иқтидори нақлиётӣ ва транзитӣ, рушди минбаъдаи низоми нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ, ҳамчунин тақвияти нақшаи он ҳамчун маркази тронзитӣ аҳамияти хоса дода мешавад.
– Барои Ӯзбекистон, ки аз хатсайрҳои баҳрии байналмилалӣ дур аст, арзиши интиқоли борҳои содиротӣ ва воридотӣ омили ҳалкунандаи рақобатпазирӣ маҳсуб меёбад. Муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис аҳамияти ташкили шабакаи нақлиётии бо ҳам алоқамандро таъкид кардааст. Алҳол қадамҳои аввалин оид ба татбиқи лоиҳаи сохтмони долони нақлиётии трансафғонӣ гузошта шуданд, ки Осиёи Марказиро бо Уқёнуси Ҳинд васл менамояд, – гуфт Фарҳод Арзиев.
Татбиқи ин ташаббус ба таъмини субот ва рушди устувори иқтисодӣ дар соири кишварҳои минтақа хизмат хоҳад кард.
– Дар ҷараёни Ассамблеяи Генералии СММ сарвари давлатамон пешниҳод кард, ки дар назди СММ Маркази минтақавии рушди ҳамкориҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ таъсис дода шавад.  Бар ин асос ҳоло корҳои амалӣ давом доранд, – изҳор кард Фарҳод Арзиев. 
Гуфта шуд, ки Ӯзбекистон ба такмили соҳаи нақлиёт аҳамияти стратегӣ медиҳад ва он ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ дар дохили кишвар равона карда шудааст. Гузашта аз ин, қарори Президент “Барномаи ҳамаҷонибаи такмили инфрасохтори нақлиётӣ ва диверсификатсияи роҳҳои тиҷорати хориҷӣ барои ҳамлу нақли мавод барои солҳои 2018-2022” дар ин самт  зарурати андешидани чораҳои иловагиро рӯи кор овардааст.  
– Барои ин ҳадаф такмили минбаъдаи заминаи ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии созишномаи байналмилалӣ оид ба рушди долонҳои нави нақлиётӣ ва транзитӣ, фароҳам овардани шароит барои ҳамлу нақли самарабахши мол хеле муфид аст. Дар 2-3 соли оянда бояд чораҳои кӯтоҳмуддат таҳия карда шаванд, ки ба ҳамлу нақли мавод дар дохили Ӯзбекистон ва самтҳои байналмилалӣ равона карда шудаанд. Инчунин дар ҳамдастӣ бартараф намудани оқибатҳои пандемия дар ҳамлу нақли мавод низ хеле муҳим мебошад, – гуфт муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Ф.Арзиев. 
Ба таъкиди ӯ дар мамлакати мо бо мақсади таҳияи тадбирҳои дарозмуддати рушди соҳаи нақлиёт соли гузашта лоиҳаи “Стратегияи рушди системаи нақлиёт то соли 2035” таҳия гардид. 
Гуфта шуд, ки тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ тавассути бастани созишномаҳои байналмилалӣ низ аз омилҳои муҳим дар ин самт мебошад.   Зеро дар амал дидан мумкин аст, ки чораҳои маҳдудкунӣ раванди ҳамлу нақли байналмилалии молро ба таври назаррас душвор мегардонанд. Ҳамчунин афзоиши хароҷот ва вақти интиқол метавонад ба рақобатпазирии маҳсулот дар бозорҳои хориҷӣ таъсири манфӣ ба бор оварад.
Сардори Садорати шартномавӣ-ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷӣ Комил Рашидов гуфт, ки аз пандемия соҳаҳои зиёд зарар диданд. Бахши нақлиёти байналмилалӣ аз ин раванд истисно намебошад. Воқеиятҳо тақозо менамоянд, ки байни давлатҳои минтақа ҳарчи бештар ҳамкориҳо ба роҳ монда шаванд ва рушди устувор таъмин гардид.
– Мо аз бандарҳои баҳрӣ дур ҳастем. Барои ҳамин фаъолияти устувор ва муассири нақлиёт дар саросари кишвар ва ҳамлу нақли байналмилалӣ ваҳдат, ба ҳам алоқамандии фазои иқтисод, ҳаракати озоди одамону молҳо, хидматҳо ва рушди рақобатро кафолат медиҳад, – иброз дошт Комил Рашидов. – Ӯзбекистон робитаҳои иқтисодии хориҷиашро бо зиёда аз сад кишвари ҷаҳон ҳифз намудааст. Ба таври мисол, содироти нахи пахта дар муддати даҳ соли охир 4,7 баробар, семент – 6,3 баробар, маҳсулоти нафтӣ – 6,5 баробар, мошинҳо ва ҳаракатдиҳандаҳои он – 7, 6 баробар, сабзавот ва мева – 14 баробар, матои трикотажӣ – 156 баробар афзуданд.  
– Асоси бахши нақлиёти заминии моро роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан ташкил мекунанд. Системаи самараноки нақлиёти байналмилалӣ омили ҳалкунандаи рушди устувори иқтисодии Ӯзбекистон ва қобилияти рақобатпазирии он дар иқтисоди ҷаҳонӣ мебошад, – гуфт Комил Рашидов. 
Гуфта шуд, ки ташкили марказҳои логистикаи нақлиётӣ ҳангоми ҳамлу нақли мавод хароҷоти зиёдро ба таври назаррас коҳиш медиҳанд. Гузашта аз ин, масъалаи фароҳам овардани шароити хуб барои транзити молҳое, ки аз қаламрави кишвари мо мегузаранд, ҳамчунин мусоидат ба рушди роҳҳои транзити байналмилалӣ барои Ӯзбекистон аҳамияти рӯзафзун ва муҳим касб хоҳанд кард. 
Дар чорабинӣ роҷеъ ба долонҳои нақлиётӣ хеле зиёд таваққуф сурат гирифт. Гуфта шуд, ки ба манзури дарёфт ва истифодаи самараноки долонҳои алтернативии нақлиётӣ ҷиҳати интиқоли молҳои савдои хориҷӣ шабакаи васеи долонҳои нақлиётии байналмилалӣ такмил дода мешаванд. Дар айни замон ҳашт долони асосии нақлиётӣ барои савдои хориҷии Ӯзбекистон хизмат мекунанд. 
Бандари давлатҳои назди Балтика,  бандарҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, бандари Иличевскии Украина то баҳри Сиёҳ, дар самти долони Закавказия, ки ҳамчун долони ТРАСЕКА низ маъруф аст. Баъдан бандари эронии Бандари Аббос барои дастрасӣ ба халиҷи Форс, бандарҳои шарқии Чин, инчунин бандарҳои Шарқи Дур, Находка ва Владивосток, бандарҳо барои баромадан ба баҳри Зард, Шарқи Чин ва Ҷануби Чин ва амсоли он имкониятҳои Ӯзбекистонро хеле тавсеа хоҳанд бахшид. 
Ғайр аз ин, 17 феврали соли 2018 долони нави роҳи автомобилгарди Тошканд – Андиҷон –Ӯш – Иркештом – Қошғар ба дарозии 920 километр кушода шуд, ки Ӯзбекистонро бо Чин васл намуд. 17 июли соли 2019 Ӯзбекистон ва Қазоқистон як долони нави байналмилалии нақлиётии Бейнеу – Оқҷигит – сарҳади Ӯзбекистонро кушоданд.
– Ҷустуҷӯи вариантҳои ба ҳам мувофиқ барои долонҳои нақлиётӣ беш аз пеш идома доранд. Сохтумони роҳи оҳани Мазори Шариф – Кобул – Пешовар бо дастрасӣ ба бандари Гвадари Покистон низ метавонад умеду ормонҳои мардуми моро бароварда созад. Кишвари мо дар ҳамкорӣ бо Афғонистон, Қазоқистон, Покистон ва Федератсияи Русия  ба муҳокимаи ин лоиҳаи нав шурӯъ кардааст, – гуфт Комил Рашидов. 
 Муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Ҷасур Чориев, иҷрокунандаи вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи давлатии гумрук Илҳом Мухторов, муовини вазири сармояҳо ва савдои беруна Анвар Асомов, Намояндаи минтақавии Хазинаи ба номи Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ Ронни Ҳейн, сардори Садорати назорати гумрукии Кумитаи давлатии гумрук Рустам Қобулов, Сардори Садорати рушди долонҳои нақлиётии Вазорати сармояҳо ва савдои беруна Абдулло Ҳошимов, сардори Садорати рушди нақлиёти роҳи оҳани Вазорати нақлиёт Авал Аҳмедов ва дигарон низ дар ин суҳбати мизи гирд фикру пешниҳодҳои ҷолиб дар миён гузоштанд. Ба таъкиди онҳо ҳамлу нақли маводи транзитиро аз роҳҳои байналмилалӣ марҳала бар марҳала бояд ҳаллу фасл намуд ва онро тақвият бахшид. Дар ин суҳбати мизи гирд масъалаҳои муҳими ҳамлу нақл аз тариқи долонҳои байналмилалӣ, фароҳам омадани имкониятҳои бештар дар ин самт ва амсоли он дар доираи васеъ муҳокима карда шуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Шаҳри ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: