ҲАР МОҲ ДУ ЗАБОНИ МАҲАЛЛӢ АЗ БАЙН МЕРАВАНД

Бинобар иттилои раиси Иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Тиҷани Муҳаммад-Банде бо вуҷуди талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳар моҳ дар ҷаҳон ду забон, ки бо он намояндагони мардумони таҳҷоӣ гуфтугӯ мекунанд, аз байн мераванд.

Инчунин бо аз байн рафтани ин забонҳо дониш, расму оин ва анъанаҳои халқиятҳо гум мешавад. 
17 декабр  дар Ассамблеяи генералии СММ натиҷаҳои Соли байналмилалии забонҳои маҳаллиро, ки соли 2019 эълон шудааст, ҷамъбаст намуданд. Тӯли 12 моҳ дар саросари ҷаҳон оид ба нигоҳдории забонҳои маҳаллӣ консертҳо, намоишгоҳҳо, форумҳо ва мубоҳисаҳо баргузор шуданд.
Дар ҷаҳон қариб 4 ҳазор забонҳои маҳаллӣ мавҷуданд. Бо баъзеи ин забонҳо якчанд нафар сухан мегӯянд. Тиҷани Муҳаммад-Банде ёдовар шуд, ки забонҳои аҳолӣ дар ҳувияти худшиносии фарҳангӣ ва сиёсӣ нақши муҳим доранд. Забонҳои маҳаллӣ барои зинда мондани тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти ҳалкунанда доранд: онҳо дорои ҳикмати донишҳои анъанавии муҳити атроф ва иртиботи фарҳангӣ мебошанд. Аммо мумкин аст дар даҳсолаҳои наздик бархе аз забонҳо нопадид шаванд.
Бо нест шудани забонҳо қавмҳои таҳҷоӣ як қисми назарраси худро аз даст медиҳанд.
Вай аз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки барои ҳифзи забонҳо тадбирҳо андешанд. Ситораи филми «Рома» Ялитса Апарисио низ бо чунин даъват сухан гуфт. Вай орзу дорад замоне фаро мерасад, ки волидон решаҳои авлодии худро фаромӯш намекунанд ва забони модарии худро аз кӯдакон пинҳон намедоранд.
Аксар вақт онҳо ин корро аз сабаби қолабҳои маъмул дар ҷомеа ва имкониятҳои маҳдуд дар бозори меҳнат мекунанд.
Ялитса Апарисио таъкид кард, ки ягон духтар ё писар набояд аз решаҳои авлодии худ шарм кунад, онҳо бояд бо забони модарии худ — забони халқҳои бумӣ сухан гӯянд, ки ин барои онҳо имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.

Аз сомонаи АМИТ «Ховар».


«АФҒОН»-ҲО ДАР ЯК САФАНД

Дар толори шуъбаи вилоятии ташкилоти «Ватанпарвар»-и ёрирасони мудофиаи Ӯзбекистон конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии шуъбаи самарқандии ҷанговарони фахрӣ ва ногиронҳои «VETERAN»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Раиси ҷанговарони фахрӣ, капитани мустаъфӣ Эркин Мавлонӣ дар маърӯзаи ҳисоботии худ на танҳо доир ба фаъолияти лашкари маҳдуди шӯравӣ, инчунин қаҳрамонии сарбозони диловари самарқандӣ ҳарф зад. Таъкид гардид, ки дар ҷанг танҳо аз вилояти Самарқанд 7 ҳазору 600 нафар ҷанговарони байналмилал тавассути гузаргоҳи Ҳайратон сарҳади давлати ҳамсояро убур намуданд. 
– Кори неку номи неки шаҳидони диёри Афғонистон ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд, – гуфт Эркин Мавлонӣ. – Хушбахтона онҳое, ки саломат ба Ватан бозгаштанд, дар ҷабҳаҳои гуногун адои вазифа менамоянд.
Чанде пеш дар шаҳру ноҳияҳо маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии шуъбаҳо ба поён расид. Бисёр муаммоҳо низ ба миён гузошта шуд, ки ҳалли он ҳам қарз асту ҳам фарз. Зеро фоҷиаи Афғонистон дарду доғи мо аст. Боиси хурсандист, ки бо ташаббуси сарвари давлат имтиёзҳо барои «афғон»-ҳо ҷорӣ мешаванд.
Дар конференсия раиси ташкилоти «VETERAN»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон Талъат Муродов нутқ эрод намуд.
Дар поёни анҷуман Эркин Мавлонӣ аз нав чун раиси шуъбаи самарқандии ташкилоти мазкур интихоб шуд.
– Ҷамъомад хотирнишин гузашт, – гуфт сокини деҳаи Оқсой Амриддин Ҳакимов. – Мо, «афғон»-ҳо дар тарбияи насли наврас саҳми худро мегузорем.

 Ҳ. ЗОҲИР.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: