«ФАРЗАНДОНАМ ДАР ДУ РӮЗ ГӮЁ ДАҲ СОЛ КАЛОНТАР ШУДАНД»

Оре, ман Ғозиантепро пазмон шудам.

Хонандаи гиромӣ шояд тааҷҷуб кунад, ки чаро мани сокини Тошканд ин шаҳри қариб 5 ҳазор километр дур аз он, ҳамсарҳади шаҳри Ҳалаби Сурияро пазмон шудаам? Бале, то ин шаҳр расидан осон нест. Аввал бояд то Истанбул парида, аз аэропорти байналмилалии он аз тариқи аэропорти хатсайрҳои дохилӣ ба он шаҳр парвоз кард. Вақти парвоз 1 соату 45 дақиқа аст. 
Бори аввал ба ин шаҳр охири моҳи майи соли 2011 рафта будам. Аз он вақт  соле як, баъзан ду маротиба ба ин шаҳр сафар мекунам. Ғозиантеп дар Туркия аз нигоҳи бузургию нуфуси аҳолӣ (беш аз 2 миллион нафар) дар ҷойи шашуш, аз лиҳози иқтисодӣ ҷойи дуюмро ишғол мекунад. Дар ин ҷо саноати сабук хеле пеш рафтааст. Хусусан, соҳаи қолинбофӣ хеле равнақ дорад. Воқеъан, дар Ӯзбекистон  бо иштироки соҳибкорони ғозиантепӣ ду корхонаи муштарак – УрГаз (Ургут – Газиантеп), СаГ (Самарқанд – Газиантеп) фаъолияти густурда доранд. Дар намоишгоҳи байналмилалии қолинбофӣ, ки беш аз 100 гектарро дар бар мегирад, аз тамоми дунё ва хоссатан аз Ӯзбекистон тадбиркорон иштирок мекунанд. Оре, дар як гӯшаи дури сайёра дидани парчами брендҳои Ӯзбекистон хеле хушоянд аст.
Домодам Далерҷон Мифтоҳиддинови конибодомӣ, ки дастпарвари яке аз Донишгоҳҳои Анқара аст, низ бо тиҷорати қолин машғул аст ва дар ин намоишгоҳҳо ҳамеша иштирок мекунад. Инчунин, аз Ғозиантеп ба Ӯзбекистон  писта, мева ва равғани зайтун оварда мешавад. Хусусан пистаи хандони он дар бозорҳои Тошканд харидорони зиёд дорад.
Ҳар вақте барои дидани фарзандон меравам, ман Ғозиантепро аз нав кашф мекунам, ҷиҳатҳои ҷолиби онро муроқиба ва мушоҳида менамоям.  
Номи аслии ин шаҳри бостонӣ аз Антиохия буда, таърихи беш аз 2500 – сола дорад ва як пораи таърихи империяи Римро дарбар гирифтааст. Сокинони азалии шаҳр бино ба сарчашмаҳо хеттҳо, ассуриягиҳо, римиҳо, арману курдҳо будаанд. Шаҳр дар асрҳои миёна номи Антепро мегирад. Дар асри XVI Салими I ин шаҳрро истило карда, ба империяи Усмониҳои турк шомил мекунад. Пешоянди «Ғозӣ»-ро гирифтани шаҳр бо муборизаи мардуми Туркия, хусусан, аҳолии Антеп, дар роҳи истиқлолият, ҷанги зидди мустамликадорони франсуз, бо ғазовоти зидди кофирон вобаста аст. Яъне соли 1920 дар атрофи қалъаи қадимии шаҳр ҷанги шадиди зидди лашкари бистҳазорнафараи франсузҳо ба амал меояд. Яке аз ноҳияҳо (билодийе)-и Ғозиантеп ҳам имрӯз ба шарафи қаҳрамони ин ҷанг ғозии 14-сола Комил Шеҳидкомил ном дорад. Дар таърихи ин шаҳр саҳифаҳои дурахшон ва ҳам фоҷиавӣ бисёранд. 
Шаҳр бо ҳунармандию анъанаҳои тоҷириаш дар минтақа машҳур гаштааст. Ширинии беҳтарини туркҳо баклава (паҳлава) низ дар ҳамин ҷо пухта мешавад. Қаннодони Ғозиантеп аз чормағз, писта, анҷир, зардолу, тут ва монанди инҳо мураббову дигар маҳсулоти ширинро тайёр мекунанд.
Боғҳои набоботу ҳайвоноташ низ назир надоранд, боғи истироҳати шаҳр, ҳатто ба китоби рекордҳои Гиннес шомил аст, гарчи васеъ набуда, дарозиаш 17 километр-ро ташкил медиҳад. Осорхонаҳои Ғозиантеп ҳам аз музейҳои дигар шаҳрҳои Туркия ба куллӣ фарқ мекунад. Масалан, ин ҷо музейи пул мавҷуд аст, ки қариб тамоми намунаи пулҳои рӯйи дунёро ҷамъ кардааст. Шахсан камина пулҳои 100, 500-сӯмаи Ӯзбекистон, чанд нусхаи пули сомонии Тоҷикистонро дар он ҷо дидам. Зери ҳар як пул таърихи он низ сабт ёфтааст. Аксбардорӣ бо дастаи пулҳо шахсан  барои ман мароқангез буд. Дар паҳлӯи ин осорхона ҳаммом, инчунин музейи зарфу асбобҳои ошхона низ ҷой гирифтаанд. Дар он ҷо намунаҳои қадимтарини косаву табақ, дег, қошуқ ва амсоли онҳоро дидан мумкин аст. Осорхонаи кошинкорӣ аз музейҳои нодири дунё ба шумор меравад. Хуллас, дар бораи ҷойҳои диққати ин шаҳр метавон соатҳо ҳикоя кард.
Як субҳи моҳи июни соли 2011, ҳангоме дар боғи марказии истироҳат бо варзиш машғул будам, турке омада, аз ман «Атеш варми?» (Яъне, оташ (гӯгирд) дорӣ) гуфта пурсид. Баъди он, ки вай аз Ӯзбекистон буданамро фаҳмид, гуфт, ки авлодони амири охири Бухоро дар ин шаҳр иқомат мекунанд ва  онҳо дар бозори Чорсӯ дукони сӯзаниву кашидадӯзиҳои бухорӣ доранд. Барои мани муаррих-журналист ин маълумот хеле ҷолиб буд. Ҳамон рӯз бо духтарам Малика ба бозори Чорсӯ  рафтем ва баъди пурсуҷӯйҳо ҳамон дуконро ёфтем. Мудири дукон хонуми хушқадду қомат Ҳабиба ва модараш (аслашон аз Ғиждувон) моро бо хушнудӣ пешвоз гирифтанд. Ҳабиба духтари писари Олимхон Саидҳодихон будааст. Бино ба нақли ӯ  дар маҳалли Ғозикенти шаҳр қариб 50 хонаводаи марбут ба авлоди амир ва ақрабои ӯ зиндагӣ мекардаанд. Онҳо соли 1980 Афғонистонро тарк намуда, ба Покистон мегузаранд ва аз он ҷо ба шаҳри Аданаи Туркия муҳоҷират мекунанд. Бо кӯмаки ҳукумати Туркия  аҳли оилаи вопасин амири Бухоро  Ғозиантепро барои иқомати доимӣ интихоб менамоянд. Аз Ҳабиба ду китоб, яке аз «Бухоро – гаҳвораи Туркистон», дигаре «Душманони Бухоро» бароям армуғон шуд. Муаллифи онҳо амакаш Саид Мансурхон будааст. Мутаассифона, дар аснои сафари нахустин дидорбинӣ бо Саид Мансурхон насибам нашуд. Дар давоми сафари дувум шунидам, ки  фавтидааст.
Ин китобҳо, албатта, саҳифаҳои нохондаи таърихи моро дарбар гирифтаанд. Аммо на ҳамааш холисона аст. Албатта, ин мавзӯи махсуси мақолаи дигар мебошад. 
Имконоти иқтисодии шаҳри Ғозиантеп хеле бузург аст. Аэропорти бузурги замонавӣ дорад. Вобаста бо ҳодисоти фоҷиабори Сурия, хусусан шаҳрҳои Ҳалаб (Алеппо) ва Идлиби ҳамҷавори Ғозиантеп ин аэропорт барои бисёр созмонҳои байналмилалӣ хеле дастёр шуда, мавриди истифода қарор мегирад. Дарвоқеъ, дар шаҳр беш аз як миллион фирориёни Сурия низ зиндагӣ доранд. Ғозиаптеп инчунин бо ду шаҳри бузурги Туркия – Қаҳрамонмараш ва Шонли Урфа (онро «Шаҳри пайғамбарон» ҳам мегӯянд) ҳамсоя аст. 
Хуллас, шаҳри дилрабои Ғозиантеп дар чорраҳаи таърих шоҳиди бисёр воқеаҳои муҳим буда, аз гуфтугӯйи тамаддунҳо ҳикоя мекунад.
5-уми феврал бо духтарам ва набераҳо аз тариқи телеграмм гуфтугӯ кардем. Домодамон аз Истанбул сӯйи  Ғозиантеп парвоз мекард. Наберагон хушҳол буданд, ки ниҳоят барфи аввалин боридааст. 
Хабари мудҳиши субҳидами 6 ноябр моро «шок» кард. Маркази зилзила Ғозиантеп. Телеканалҳои Би-Би-Си, CNN ва TRT аз мудҳиштарин зилзила дар таърихи Туркия хабару гузоришҳо медоданд. Аввалин хабар, ҳамин буд, ки деворҳои қалъаи таърихиро «гирдбоди» зилзила ба комаш фурӯ  бурдааст. Оре, деворҳоро боз барпо кардан мумкин. Аммо талафоти ҷониро-чӣ?!
Хабари тасаллибахшандае, ки аҳли оилаи мо он рӯз шунид, шукри Худо сиҳату саломат будани фарзандонамон ва аз қабати чоруми бино соати 04.20 дақиқа поён фаромадани онҳо буд. Ҳаво 9 дараҷа сард будааст. Онҳо зуд худро даруни мошин задаанд. Гусаста шудани робитаи телефонӣ қалби моро азият медод. Кош, наздик мебудему рафта, дасти ёрӣ дароз мекардем. Фурӯ рафтани биноҳои баландошёнаи маркази шаҳрро дида, нигаронии мо афзуд. Маълумоти дар бораи талафоти ҷонӣ, албатта ҳар касро андӯҳгин мекунад. Баъд аз тамосҳои чандлаҳза мо таскин ёфтем, онҳо дар бағали ҷангалзор, даруни мошин будаанд.
Ҳолати чандинрӯзаи онҳоро тасаввур кардан хеле мушкил аст. «Дар тӯли ду рӯз фарзандонам даҳ сол калон шуданд», – мегӯяд духтарам Маликабону. Дар ҳолати соати 12.35 дақиқаи 9 феврал зилзила давом мекард. 
– Масҷиду маҷмӯаҳои варзишӣ пур аз одам дар таъминот бо хӯрокворӣ муаммоҳо ҳастанд. Мардум ғайр аз сабр дигар чора надоранд.
Тадбиркори ургутӣ Абдусамад Мансуров, ки дар мағозаҳои Тошканд қолинҳои  Ғозиантепро мефурӯшад, ба он ҷо бисёр равуо мекунад.
– Чанд соат пеш аз содир шудани зилзила ман аз он ҷо омадам. Ҳоло зуд-зуд бо ҳамкорони турк ва шиносҳо тамос мегирам. Оре, вазъият хеле шадид аст, – мегӯяд ӯ. Мо ба онҳо сабр металабем.
Бале, имрӯз аҳолии сайёраи замин бо мардуми Туркияву Сурия ҳамдард аст. Ӯзбекистон аз кишвари дӯст ёрии инсонпарваронаашро дареғ надошта, аз аввалинҳо шуда ба кӯмак шитофт. Дар ин маврид мисраъҳои безаволи Шайх Саъдӣ ба хотир мерасанд:
Бани одам аъзои 
якдигаранд,
Ки дар офариниш 
зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад 
рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад 
қарор.

Шоқаҳҳор САЛИМОВ,
журналист.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: