ИЛМ – ЗАМИНАИ ФУНДАМЕНТАЛИИ ТАРАҚҚИЁТИ ТАМОМИ СОҲАҲО

Президент Шавкат Мирзиёев 16 октябр бо корҳои созандагие, ки дар ноҳияҳои Мирзо Улуғбек ва Юнусободи пойтахт ба амал меоянд ва инчунин лоиҳаҳои калон шинос гардид.

Президент Шавкат Мирзиёев 16 октябр бо корҳои созандагие, ки дар ноҳияҳои Мирзо Улуғбек ва Юнусободи пойтахт ба амал меоянд ва инчунин лоиҳаҳои калон шинос гардид. 
Маҳалли аввали боздиди Президент хобгоҳи Донишгоҳи илмҳои геологӣ дар ноҳияи Мирзо Улуғбек буд. Роҳбари давлат 31 январи соли ҷорӣ хишти аввали таҳкурсии сохтмони муассисаи нави олии таълимиро гузошта буд. Имрӯз кор дар ин ҷо пурра идома дорад.
Бинобар лоиҳа сохтмони шаш иморати бисёрошёна ва таъмири чор чунин бино дар назар дошта шудааст. Дар марҳалаи аввал бинои таълимӣ, биноҳои Донишкадаи геология ва кашфиёти чоҳҳои нафту газ, Донишкадаи захираҳои маданӣ, Донишкадаи геология ва геофизика, Музейи геология ва ҳамчунин китобхона ва хобгоҳ бунёд мегарданд.
Президент боз дубора ба маҳалли сохтмон омад ва шахсан бо корҳо ва нақшаҳои оянда шинос гардид.
– Илм дар хун ва вуҷудамон ҳаст. Ин мактаби олии таълимӣ чун яке аз асосҳои Эҳёи сеюм хидмат менамояд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар Муроҷиат ба Олий Маҷлис 24 январи соли ҷорӣ ва дар мулоқот бо ходимони илм 31 январ роҳбари давлат вазифаҳои муҳимро доир ба рушди соҳаи геология гузошта буд.
Дар мамлакатамон беш аз 2 ҳазор маҳалли захираҳои зеризаминии беш аз 70 намуди канданиҳои фоиданок кашф гаштааст. Аммо ин ҷойҳои захирашуда, ки онҳоро ба осонӣ истихроҷ ва аз нав кор кардан мумкин аст, торафт кам мегарданд.
Қайд шуд, ки омӯзиши геологии ҳарчи чуқуртари қишри замин барои ҷустуҷӯи чоҳҳои нави захира, васеъ татбиқ намудани методҳои илмии пешқадами асоснок ва технологияи инноватсионӣ дар соҳаи аз худ намудани чоҳҳои мураккаб талаби замон ба шумор меравад. 
Дар асоси ин дар мамлакат низоми нави геологӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Дар самти мазкур чор қарори Президент қабул гаштааст.
Аз ҷумла, 8 июни соли ҷорӣ Президенти мамлакат қарорро «Дар бораи чорабиниҳои ташкили фаъолияти Донишгоҳи илмҳои геологӣ дар низоми Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба геология ва захираҳои минералӣ» имзо намуд.
Донишгоҳи мазкур барои пурра ба талаботи замонавӣ мутобиқ намудани низоми омодагӣ, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи мутахассисони соҳаи геология, ба таври табиӣ ва шоиста таъмин намудани дараҷаи алоқаи органикии илм ва амалиёт, ба вуҷуд овардани шароит барои ҷараёни ҳамгароии воқеии илм дар бораи замин, аз он ҷумла самтҳои фундаменталии онҳо бо амалиёт, татбиқи маҳакҳои дақиқ ва механизмҳои босамари тиҷоратисозии коркардҳои илмӣ аҳамияти муҳимро молик аст.
Донишгоҳи илмҳои геология барои барқарор намудани потенсиали илмии соҳа ва тарбияи кадрҳои замонавӣ замина мегузорад. Онҳо дар пойгоҳи чор пажӯҳишгоҳи илмии тадқиқотӣ, ки дар ҳар ҷо ҷойгир шудаанд, ташкил мегарданд. Маҷмӯи ягона ҳамкории зичи мутахассисон, ба амал овардани таҷрибаомӯзии донишҷӯёнро дар лабораторияҳои илмӣ таъмин менамояд, хидматрасонии инфрасохторро сабук намуда, зарарро кам менамояд.
Дар ин ҷо роҳбари давлат бо роҳбарони пажӯҳишгоҳҳои илмиву тадқиқотӣ суҳбат намуд.
– Илм бунёди аслии тараққиёти тамоми соҳаҳо аст. Агар мо ба он сари вақт эътибор медодем, метавонистем бошуғлфарогирии 15-20 фоизи аҳолиро дар тамоми самтҳои геология таъмин намоем. Ҳоло мо барои олимон, барои дастгирӣ ва ҳимояи моликияти зеҳнӣ шароит фароҳам меорем. Он ҳам ба соҳибаш ва ҳам ба давлат нафъ мерасонад, – гуфт Президент.
Шавкат Мирзиёев бо шароите, ки дар ин ҷо ба вуҷуд оварда мешавад, таваҷҷӯҳ зоҳир намуд ва таъкид кард, ки сохтмон бояд босифат иҷро гардида, лабораторияҳо бояд бо технологияи баланд муҷаҳҳаз гарданд.
– Ба ин бо ҳавсалаи кулл бояд муроҷиат кард, зеро мо аз ин донишгоҳ умеди калон дорем, – гуфт роҳбари давлат.
Дар ҳамин ҷо тақдимоти марҳалаи дуюми лоиҳа барпо гардид. Дар ин марҳала сохтмони биноҳои Кумитаи давлатии геология, Маркази иттилооти геологӣ, Маркази технологияи геоинноватсионӣ ва майдони мошингузорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Президент Шавкат Мирзиёев аз Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияи иттилоотии Тошканд боздид намуд.
Аз тариқи девораҳо маълумот дар бораи биноҳои сохташаванда ва шароити бавуҷудоянда пешниҳод гашта буд. Маҳсулоти барномавӣ намоиш дода шуд, ки бо иштироки хонандагони мактаби махсуси ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ ба вуҷуд оварда шудааст.
Роҳбари давлат аз тариқи видеоконфронс бо бачаҳое суҳбат намуд, ки дар Маркази IT-и ноҳияи Бозатауи Қароқалпоқистон таълим мегиранд.
Ба шахсони масъул таъмини ҳамгароии байни мактаби ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ ва мактабҳои технологияҳои иттилоотӣ дар минтақаҳо, рағбатноксозии ҷавонон ба таҳсили технологияи замонавӣ, соҳиби касби худ шудан супурда шуд.
Ҷараёни сохтмони технопарк баррасӣ шуд.
Корҳо дар бобати ба вуҷуд овардани маҷмӯи замонавӣ 20 ноябри соли гузашта шурӯъ шуда буд.  
Бо навбат 17 бино, аз он ҷумла биноҳои идории 20-25 ошёна, меҳмонхонаи 22 ошёна, донишгоҳ, маҷлисгоҳ, маркази коворкинг ва объектҳои дигар бунёд мегарданд. Иншоот метавонад ба зилзилаи магнитудааш беш аз 9 балл тоб оварад. Истгоҳи автомобилии сеқабата дар зери замин сохта мешавад. Дар маҷмӯа инчунин қаҳвахона ва ресторанҳо, мағозаҳо, масҷид, майдони варзиш ва ҷойҳои истироҳат ба вуҷуд хоҳанд омад.
Аввалин ду бинои IT-парк ба истифода супурда шуд. Дар онҳо шароитҳои пешқадам ба вуҷуд оварда шуда, барномаҳои инкубатсия ва акселератсияи стартапҳои истиқболнок роҳандозӣ гаштааст. Корхонаҳое, ки ба сифати резидентҳои IT-парк номнавис гаштаанд, аз пардохти андоз ва гумрук то 1 январи соли 2028 озод карда мешаванд.
Президент Шавкат Мирзиёев аз бинои нави Донишкадаи меъмориву сохтмони Тошканд, ки дар ноҳияи Юнусободи пойтахт бунёд мегардад, дидан намуд.
Сохтмон моҳи июли соли ҷорӣ оғоз гардида буд. Ду бинои таълимии панҷошёна, бинои ҳаштошёнаи маъмурӣ ва хобгоҳи чорошёна қад хоҳанд афрохт.
Имрӯз дар донишкада беш аз 5,4 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамояд. Дар натиҷаи аз соли хониши 2020/2021 ба низоми кредиту модул гузаштан аз рӯи 18 ихтисоси бакалаврӣ ва 23 ихтисоси магистир роҳандозӣ гаштааст. Бо мақсади он ки ба бинокорони оянда дониши замонавӣ андӯхта шавад, ба барнома самтҳои нав, мисли лоиҳакашии иморатҳои «доно» ва инфрасохтори шаҳр, ҳифзи меҳнат ва бехатарии техникӣ, тобоварии биноҳо ба зилзила ва ғайра илова гаштаанд.
Пас аз ба баҳрабардорӣ супурдани биноҳои нав қабули довталабон зиёд гардида, сифати таълим баланд мешавад.
Дар солҳои охир дар мамлакатамон индустрияи сохтмон инкишоф меёбад, биноҳо, корхонаҳо, иморатҳои нав бунёд мегарданд. Аммо масъала дар он аст, ки онҳоро кӣ лоиҳакашӣ мекунад, кӣ ва чӣ хел месозад. Тарбия намудани мутахассисони баландмалакае, ки ҷавобгӯйи талаботи индустрияи сохтмони замонавӣ мебошанд, ногузир аст, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Роҳбари давлат инчунин аз парки автобуси рақами 8-уми шафати донишкада боздид намуд. Пешниҳод шуд, ки автокорхона кӯчонда,  шароити замонавӣ ба вуҷуд оварда, дар ҷойи он маркази илмиву тадқиқотии масолеҳи сохтмон ташкил карда шавад.
– Ин ҳудуд мавзеи сохтмон бояд гардад, – гуфт роҳбари давлат.
Таъкид шуд, ки барои устодони Донишкадаи меъмориву сохтмон, мутахассисони маркази илмиву тадқиқотӣ ва хонаводаҳои онҳо объектҳои иҷтимоӣ бунёд мегарданд.
Президент Шавкат Мирзиёев бо ҷараёни сохтмони Академияи Хидмати бехатарии давлатӣ ва мактаби «Темурбеклар мактаби» шинос гардид.
Дар мамлакатамон корҳои доманфарох доир ба тарбияи насли навраси молики потенсиали баланди зеҳнӣ, тафаккур ва ҷаҳонбинии замонавӣ, барои шуҷоатмандона ҳимоя намудани манфиат ва истиқлолияти давлат омода, ба амал татбиқ мегардад.
Аз он ҷумла дар қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ оид ба такмили низоми тарбияи ҳарбиву ватанпарварии ҷавонон ва тарбияи кадрҳои захира барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва хидмати давлатӣ» аз 28 июни соли 2019 ба вуҷуд овардани мактаби комилан нав дар ниҳоди вазорат ва идораҳои ҳарбӣ – «Темурбеклар мактаби» муайян карда шуда буд.
Мактаби «Темурбеклар мактаби» муассисаи таълимии ҳарбӣ ба шумор рафта, дар он насли ватанпарварҳои воқеӣ тарбия меёбад. Дар ин ҷо хонандагони бовиҷдон ва ватанпараст, содиқони арзишҳои маънавиву маърифати халқамон, дар рӯҳи ифтихори миллӣ тарбияёфтагон, донандагони амиқи мероси беназири гузаштагонамон, пеш аз ҳама Амир Темур, моликони нуқтаи назари ҳаётан қатъӣ ва мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ таҳсил менамоянд.
Бинобар қарор кор дар бобати ба вуҷуд овардани литсейҳои ҳарбии академии «Темурбеклар мактаби» ва такомули ҷараёни таълимиву тарбиявии онҳо ба амал татбиқ мегарданд. Аз соли хониши 2020/2021 ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул шурӯъ шуд.
Ба мактаби «Темурбеклар мактаби» дар пойтахт дар асоси озмун 100 хонанда қабул гардида, дар асоси имтиёз 10 нафар тарбиягирандагони хонаҳои «Меҳрубонлик», фарзандони ҳарбиёни ҳалокгардида ва фарзандони оилаҳои муҳтоҷ – ҳамагӣ 110 хонанда қабул гардид.
Дар асоси озмун инчунин таркиби шахсии муассисаи таълимӣ таркиб ёфтааст. Аниқтар бигӯем, аз 660 довталаб 21 нафар педагоги соҳибмалака, ки молики дониши амиқ мебошанд, интихоб карда шуданд.
Бо мақсади татбиқи вазифаҳои бартариноки муқаррарнамудаи қарор фаъолияти литсей ва мактабҳои пешинаи ҳарбии академӣ ва «Темурбеклар мактаби» омӯхта шуданд. Дар натиҷа барномаи муассисаи таълимӣ таҳия гардид, ки ба мактаби «Темурбеклар мактаби» мутобиқ мебошад. Бо назардошти ҳамгароии байни фанҳо ва суръатнокии таълим фанҳои баҳам алоқаманд ҷорӣ хоҳанд шуд. Дар натиҷа стандарти таълими дусола дар зарфи як сол азхуд карда мешавад.
Дар мактаби омӯзиши амиқи таърих ва забонҳои хориҷӣ таҳсил ду сол давом хоҳад кард.
Ба роҳбари давлат маълумот дар бораи фаъолити мактаби «Темурбеклар мактаби», ҷараёни таълим, биноҳо ва иншооти нави бунёдгарданда пешкаш карда шуд.
Барои мактаб бинои таълимӣ, хобгоҳ, ошхона сохта шуда, биноҳои академия таъмир мегарданд. Дар маҷмӯа инчунин майдони машқ, варзишгоҳ, автодром, платс ва объектҳои дигар вуҷуд хоҳанд дошт.
Президент ногузирии омӯзиши амиқи натанҳо забони модарӣ ва таърих, балки забонҳои хориҷиро низ таъкид кард.
– Дар ин муассисаи таълимӣ ватанпарварҳои ҳақиқие, ки халқ ва Ватани худро дӯст медоранд, бояд тарбия ёбанд. Чунин шароите ба вуҷуд оварда шавад, ки таҳсилгирандагони ҷавон захираи кадрҳои соҳаи ҳарбиро пур гардонанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Роҳбари давлат аҳамияти тарбияи насли наврасро дар рӯҳи ватанпарварӣ, таълими босифати таърихи мамлакат ва забони ӯзбекӣ, ҷалб намудани муаллимони пешқадамро таъкид кард.
Доир ба тарбия намудани кадрҳои баландмалака дар Академияи Хидмати бехатарии давлатӣ, ки барои муқовимат ба таҳдидҳои имрӯз қодиранд, тавсияҳо дода шуд.

Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
Абдулазиз МӮСОЕВ,
Матназар ЭЛМУРОДОВ,
хабарнигорони ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: