БАРОИ БЕҲТАР ГАРДОНДАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМ ИМКОНИЯТҲОИ НАВ ФАРОҲАМ ОВАРДА ШУДАНД

Дар ҷамъомади умумии 25-уми Сенати Олий Маҷлис Қонун «Дар бораи таълими томактабӣ ва тарбия» аз ҷониби сенаторон маъқул дониста шуда буд.

 Роҳбари давлатамон ба қонуни мазкур имзо гузошт.
Қонун ба танзим овардани муносибат дар  соҳаи таълими томактабӣ ва тарбия нигаронда шудааст. Дар он баробари мафҳумҳои такягоҳии ба соҳа марбут тамоюлҳои асосии таълими томактабӣ ва тарбия муайян шудаанд.
Тамоюлҳои мазкур инҳоро фаро мегиранд: барои ҳар як бача мавҷуд будани имкониятҳои гирифтани таълими томактабӣ ва тарбия; баробар будани шароит барои рушди  нишонаҳои истеъдод, иштиёқ ва қобилияти ҳар як бача; ягонагии таълим, тарбия  ва солимгардонии бачаҳои синну соли томактабӣ, таъсири тарбиявии оила ва ташкилоти таълими томактабӣ; ҳамоҳангии таълиму тарбияи бачаҳои синни томактабӣ; муносибати шахсии ба рушди шахсияти бачаҳо нигарондашуда; пайдарпайӣ  ва беистии таълими томактабӣ ва миёнаи ҳамагонӣ; хусусияти демократӣ ва дунёвӣ доштани таълиму тарбия; шаффофӣ ва рӯшодии ҷараёни таълиму тарбия; ба хусусиятҳои рушд ва ҳолати сиҳатии бачаҳои синни томактабӣ мувофиқат намудани мазмун, дараҷа ва ҳаҷми таълими томактабӣ ва тарбия.
Дар қонун самтҳои асосии сиёсати давлатии таълими томактабӣ ва соҳаи тарбия, инчунин кафолатҳои давлатӣ оид ба таълими томактабӣ ва тарбия муайян шудаанд.
Ба ҳаёт татбиқ намудани сиёсати давлатии таълими томактабӣ ва тарбияро Девони Вазирон, инспексияи давлатии назорати сифати таълими назди Девони Вазирон, Вазорати таълими томактабӣ, Вазорати нигаҳдории тандурустӣ, мақомоти дигари давлатӣ ва ҳисобихоҷагие, ки дар ихтиёрашон ташкилотҳои таълими томактабӣ доранд, мақомоти ҳокимияти маҳаллии давлатӣ амалӣ менамоянд.
Ба ғайр аз ин, дар қонун стандарти давлатии таълими томактабӣ ва тарбия, барномаи давлатии таълим, забони таълим, нақшаи кории ташкилотҳои таълими томактабӣ муайян шудаанд.
Синни томактабӣ ва даврҳои он, қабули бачаҳо ба ташкилотҳои таълими томактабӣ ва аз он баровардани онҳо, тартиби пур кардани гурӯҳҳо, музд барои парвариш, ғизодиҳӣ ва нигоҳубини онҳо дақиқ нишон дода шудаанд.
Инчунин, ҳифзи иҷтимоии бачаҳои синни томактабӣ муайян гардида, он фаро гирифтан ва таъмин намудани бачаҳои синни томактабӣ, ташкил кардани хӯроки онҳо, нигаҳдории сиҳатии бачаҳоро ба назар мегирад.
Баробари ин, дар қонун меъёрҳо оид ба танзими идоракунии ташкилоти таълими томактабӣ ва оид ба ташкил кардани фаъолияти он  ба назар гирифта шудааст. Аз ҷумла, аз ҷониби кӣ идора намудани онҳо ва ваколатҳои онҳо, таъминоти илмиву услубии низоми таълими томактабӣ ва вазифаҳои аз ҷиҳати илмиву услубӣ таъмин намудани низоми таълими томактабӣ кушода дода шудааст.
Қонун ба амалӣ гардондани чорабиниҳо оиди бартараф намудани мушкилоти соҳа, куллан беҳ гардондани низоми таълим ва ба ҷомеаи байналхалқӣ ҳамоҳанг гардондани таълим, инчунин фароҳам овардани имкониятҳо барои беҳтар гардондани сифати таълим хидмат мекунад.

Зайниддин НИЗОМХӮҶАЕВ,
раиси кумитаи масъалаҳои фан, таълим ва нигаҳдории тандурустии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: