ИННОВАТСИЯ: САМАРАНОКИИ БАЛАНДИ ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ

Рақобати шадид дар раванди ҷаҳонишавӣ дар ҳама самтҳо ҷорӣ намудани навовариро тақозо мекунад.

Рақобати шадид дар раванди ҷаҳонишавӣ дар ҳама самтҳо ҷорӣ намудани навовариро тақозо мекунад. Дастовардҳои охирин, ихтироот, навовариҳо дар соҳаи илм ва техника, коркардҳои гуногун, татбиқи босуръати онҳо ба соҳаи хидматрасонӣ рушди иқтисодӣ ва рақобатпазириро таъмин мекунанд.
Фаъолияти инноватсионӣ маънои офаридани молҳои нав ё баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолшавандаро бо роҳи ҷорӣ намудани дастовардҳои пешқадами илм ва техника ба раванди истеҳсолот бо мақсади ба даст овардани самаранокии баланди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Ҳамзамон, ин мафҳум кашфиётҳо, офаридани наслҳои нави техника ва технологияҳо, татбиқи дастовардҳои навтаринро дар истеҳсолот дар бар мегирад.
Дар як қатор минтақаҳои мамлакати мо оид ба ҷорӣ кардани технологияҳои инноватсионӣ, рушди фаъолияти марказҳои инноватсионӣ, офаридани дастовардҳои илмӣ тадбирҳо андешида мешаванд. Дар ин самт, дар баробари истифодаи самараноки таҷрибаи кишварҳои пешрафта, сармоягузориҳое, ки барои иҷрои вазифаҳои мушаххас нигаронда шудаанд, дар оянда низ натиҷа хоҳанд дод. То имрӯз барои ҷавонон тамоми шароит ва қулайиҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд, ки технологияҳои пешрафтаро омӯзанд ва дар заминаи онҳо таҳқиқоти илмӣ анҷом диҳанд.
Дар қарори Президенти кишвар «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба фароҳам овардани шароит барои рушди соҳибкории фаъол ва фаъолияти инноватсионӣ» аз 5 майи соли 2018 ба дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасмандгардонии соҳибкории фаъол, ҷорӣ намудани ғояҳои инноватсионӣ ва технологияҳо, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди босуръати илм ва фаъолияти инноватсионӣ, ки имконияти баланд бардоштани потенсиали иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо, таъмини афзоиши устувори сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии аҳолиро фароҳам меорад, эътибори ҷудогона дода шудааст.
То имрӯз дар қисмати қаламравҳо корҳои дахлдор анҷом дода шудаанд. Ҳамин тавр, вазифаҳои асосии маркази таълимӣ-амалии «Бизнес-акселератор»-и Сирдарё ташкили курсҳои омӯзишӣ оид ба технологияҳои муосири иттилоотӣ ва инноватсионӣ, ташаккул ва рушди малакаҳои ҷавонон барои таҳқиқоти мустақилона ва соҳибкорӣ, инчунин ҳавасмандгардонии инноватсионӣ, расондани кӯмак ба соҳибкорони ҷавон дар ба роҳ мондани тиҷорати шахсӣ ва ташкили ҷойҳои кории иловагӣ мебошанд.
Бо ин мутахассисони баландихтисос ҷалб карда шуда, ба раванди таълим технологияҳои муосири иттилоотӣ ва инноватсионии педагогӣ васеъ ҷорӣ карда мешаванд. Дар ин муассисаи таълимӣ, ки ба ташкили самараноки тиҷорат аз ҷониби соҳибкорони ҷавон ва ташкили ҷойҳои нави корӣ хидмат мекунад, 200 нафар аз ҷумлаи онҳое, ки ба дафтарҳои «ҷавонон» ва «занон» дохил карда шудаанд, таълими касбӣ мегиранд. Зиёда аз 30 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Маҳсулоти технологияи олие, ки онҳо истеҳсол мекунанд ва таъмини муттасилии хидматҳои пешниҳодшуда ба афзоиши фоида ва аз ин рӯ баланд шудани некӯаҳволии мардум хидмат мекунанд.
Дар Андиҷон дар майдони таҷрибавӣ-намоишӣ дар шароити гармхона дар зарфи махсус парвариши 10 намуди гиёҳҳои шифобахш ба роҳ монда шудааст, ки онҳо метавонанд дар саноати дорусозӣ, тиббӣ ва хӯрокворӣ истифода шаванд. Ташкили чунин гармхонаҳо имкон медиҳад, ки тамоми сол растаниҳои шифобахш рӯёнда шаванд. Дар ояндаи наздик ба аҳолӣ ва деҳқонон имкони расонда додани ҳазорҳо ниҳоли стевия фароҳам оварда мешавад.
Чунин майдонҳои таҷрибавӣ-намоишӣ барои олимони ҷавон ва магистрҳо, тадқиқотҳои намоёни илмӣ айни муддаост. Ҳадафи асосии фаъолияти онҳо парвариши гиёҳҳои дорои хусусиятҳои табобатӣ, мутобиқсозии онҳо ба шароити маҳаллӣ мебошад.
Дар ҷараёни сафари Президенти кишвар ба вилояти Намангон бо мақсади то ба аҳолии ноҳияҳои дурдаст расондани инноватсияҳо, сабук кардани зиндагии мардум тавассути ҷорӣ намудани коркардҳои олимони маҳаллӣ, зиёд гардондани шавқу рағбати насли наврас ба технологияҳои нав ва ҷалби онҳо ба фаъолияти инноватсионӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ лоиҳаи табдил додани ноҳияи Чуст ба минтақаи инноватсионӣ ва ташкили китобхонаҳои «оқил» дар мактабҳо дар доираи он ба нақша гирифта шуда буд.
Ташкили майдончаҳои намоишӣ дар минтақаҳо, пеш бурдани ғояҳои инноватсионӣ боиси рушд ва беҳтар шудани шароити зиндагии мардум мегардад, ки ба рушди маҳаллӣ таъсири мусбат мерасонанд.
Маркази илмӣ-амалии татбиқи коркардҳои инноватсионӣ якҷоя бо мақомоти маҳаллии ҳокимият, муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои илмӣ дар самти баланд бардоштани потенсиали илмӣ ва эҷодии ҷавонон, ташаккули тафаккури таҳлилӣ дар писарон ва духтарони минтақаҳо ва ба фаъолияти илмӣ-инноватсионӣ васеъ ҷалб кардани онҳо барои ба рӯйи об баровардани қобилиятҳои зеҳнии ҷавонони ташаббускор ва боистеъдод ва мутобиқшавии иҷтимоии онҳо шароити зарурӣ фароҳам меорад.
Дар хулоса метавон гуфт, ки дар ҳар як минтақа имконоти ривоҷ додан ва татбиқи инноватсияҳо мавҷуданд, аммо аз онҳо пурра истифода бурда намешавад. Ҳоло барои ҷонноксозии коркардҳо ва ҷорӣ намудани инноватсияҳо чорабиниҳои эътимодбахш андешида мешаванд. Ҳамаи ин ба рушди инноватсионӣ ва баланд бардоштани иқтидори ҳудудҳои дурдаст хидмат мекунад.

Шаҳобиддин 
ШАРИФОВ,
директори Маркази илмӣ-амалии татбиқи коркардҳои инноватсионии  назди Вазорати рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
(ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: