«Мӯъҷизае дар биёбон» ЛОИҲАИ АВВАЛИНИ САРМОЯГУЗОР

Заводи азнавкоркарди гази Қандим корхонаи бузурги истеҳсолие ба ҳисоб меравад, ки дар ҳудуди биёбони вилояти Бухоро сохта шудааст.

Заводи азнавкоркарди гази Қандим корхонаи бузурги истеҳсолие ба ҳисоб меравад, ки дар ҳудуди биёбони вилояти Бухоро сохта шудааст. Заводи мазкур низ бо зебоиву замонавӣ буданаш касро  ба ҳайрат меорад. Гарчанде шахси оддӣ ҷараёни кори онро нафаҳмад ҳам, дарк намудани гуногунии дастгоҳҳо, ба ҳамдигар вобаста будани онҳо душвор нест. Аз ин рӯ,  вай наметавонад ба маҳорати онҳое, ки «Мӯъҷизае дар биёбон» офаридаанд, мафтун нашавад...
Дар сайри матбуотие, ки Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо ҶММ «ЛУКОЙЛ Узбекистан Оперейтинг Компани» барои намояндагони ВАО ташкил кард, имконияти шинос шудан  бо фаъолияти «Мӯъҷизае дар биёбон» фароҳам оварда шуд.
Дар он мутахассисон ба иштирокчиён дар бораи сохтмони корхона, равандҳои истеҳсолӣ, дастовардҳо ва нақшаҳо маълумот доданд.
Маросими кушоиши расмии заводи бузург, ки дар асоси лоиҳаи якуми сармоягузории ҷалбшуда дар кишвар сохта шудааст, 19 апрели соли 2018 ба амал омадааст. Дар он Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат варзид.
Сохтмони ин завод, ки арзиши умумиаш 3,5 миллиард долларро ташкил медиҳад,  лоиҳаи бузургтарини ширкати нафти «ЛУКОЙЛ» дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад. Ин иншооти бузург дар ноҳияи Қарокӯли вилояти Бухоро зарфияти дар як сол истеҳсоли 8,1 миллиард метри мукааб газро дорад.
Ин маҷмӯи азим бо масоҳати беш аз панҷоҳ гектар, маҷмӯи беназир бо инфрасохтори муосири муҳандисӣ ва технологии баланд буда, дорои 2 хатти технологӣ бо зарфияти 4,05 миллиард метри мукааб мебошад. Дар маҷмӯи мазкур газ, конденсати гази устувор ва сулфур истеҳсол карда мешавад.
Дар ин ҷо иншооти то бунёди завод мавҷуд, низоми обтаъминкунии беруна (55 км), подстансияи барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ (268 км), низомҳои газҷамъкунӣ, шаш майдончаи чоҳҳо, 71 чоҳ, қубури гази содиротӣ (70 км), шоҳроҳҳо сохта шуданд. Дар корхона ҳудуди ду ҳазор нафар кор мекунанд.
Бино ба иттилои сайри матбуотӣ аз ҷониби ширкати нафти «ЛУКОЙЛ» бори аввал дар Ӯзбекистон технологияҳои инноватсионии ширкатҳои машҳури ҷаҳон ҷорӣ шудааст. Ҷолиби диққат аст, ки бори аввал дар мамлакати мо завод 3 раванди литсензия дорад, яъне тоза кардани қисмҳои таркибии кислотадор  бо истифода аз ҳалкунандаи амин OASE: tm: (BASF, Олмон), SELEXOL:tm: (UOP, UK) тозакунии газҳои барқароркунанда ва SUPERCLAUS:registered: (JACOBS, Нидерланд) равандҳои технологии истеҳсоли сулфур аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Дар ҷараёни шиносоӣ бо заводи аз маҷмӯи бузурги дастгоҳҳо иборат мутахассисон ба саволҳои иштирокчиён посух доданд. Бинобар гуфтаи сармутахассиси шӯъбаи технологии корхона Улуғбек Ҷумъаев, ки ҳамроҳи мо буд, барои коркарди гази табиӣ ва истихроҷи маҳсулоти сулфур таҷҳизот ва нерӯҳои иловагӣ лозиманд.
— Завод дар асоси тамоми таҷҳизоти пешрафта кор мекунад, — гуфт Улуғбек Ҷумъаев. — Системаи бехатарии корхонаи мо аз якчанд марҳила иборат буда, ба стандартҳои навтарини ҷаҳонӣ пурра ҷавобгӯ мебошад. Яке аз хусусиятҳои газ консентратсияи баланди пайвастагиҳои сулфур мебошад.
Пас аз он ба мо муяссар шуд, ки бо теппаҳои квадратии «нурии зард» – макони нигоҳдории маҳсулоти сулфури аз гази табиӣ ҳосилшуда  шинос шавем.
— Дар раванди азнавкоркарди газ аз он сулфури моеъ ба даст оварда мешавад. Моеъи зард, яъне ашёи хоми сулфур тавассути қубурҳо ба ҳамон манзил рехта мешавад. Дар ин ҷо ашёи хоми фишурдаи сулфур барои истеҳсолоти кимиё фиристода мешавад. Ҳаҷми истеҳсоли сулфур дар як шабонарӯз 600 тоннаро ташкил медиҳад, — гуфт директори корхонаи коркарди гази Қандим Артём Аҳмадов. — Бояд қайд кард, ки корхонаи коркарди гази Қандим дар соҳаи нафту гази Ӯзбекистон мавқеи махсус дорад, ки дар давоми он ҳаҷми истеҳсоли газ 21,3 миллиард метри мукаабро ташкил дод.
Дар комёбиҳо оид ба истеҳсолот ҷамоаи лабораторияи завод саҳми сазовор мегузорад. Сардори лаборатория Владислав Ерофеев ба журналистон дар бораи ҷадвали корӣ, ҳадафҳо ва вазифаҳо маълумот дод.
— Дар лабораторияи мо маҳсулот доимо аз роҳи химиявӣ ва таҳлилӣ санҷида мешаванд, — гуфт В. Ерофеев. — Дар баробари ин, мо ашёи хоми техникӣ, гази табиӣ, гази конденсат, инчунин оби барои истеҳсолот зарурӣ ва сифати онро таҳлил мекунем. Дар ин кор 58 нафар кормандони лабораторияи мо ширкат доранд.
Хулоса, ин нерӯгоҳ, ки ҳамчун «мӯъҷиза дар биёбон» дар регзори ноҳияи Қарокӯл эътироф шудааст, на танҳо барои рушди инфрасохтори минтақа, балки барои таъмини шуғли аҳолӣ дар вилояти Бухоро низ муҳим аст.

Насиба ЗИЁДУЛЛОЕВА,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: