УСТОД ЛОҲУТӢ АЗ НАЗАРИ САЙЁҲОН

Осорхона муаррифгари таъриху фарҳанги ҳар як халқу миллат бар мардуми дунёст.

Осорхона муаррифгари таъриху фарҳанги ҳар як халқу миллат бар мардуми дунёст. Осорхонаҳои адабӣ-ёдгорӣ низ ҷузъе аз таърихи фарҳангу тамаддуни миллист. Дар шаҳри зебоманзари мо – Душанбеи нозанин низ Иттиҳодияи осорхонаҳои адабӣ-ёдгорӣ фаъолият дорад, ки чор осорхонаро дар бар мегирад – Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ, осорхонаи адабӣ-ёдгории Мирзо Турсунзода, осорхонаи адабии Лоҳутӣ ва осорхонаи адабии Муҳаммадҷон Раҳимӣ. Ин чор осорхонаи муттаҳида таҷассумкунандаи воқеии зиндагонӣ, коргоҳи эҷодӣ ва муҳити адабии такомулёфтаи чор чеҳраи намоёни адабиёти муосири тоҷикро дар худ чун оинаи беғубор акс намудааст.
Имрӯз мо сайри осорхонаи адабии яке аз асосгузорони адабиёти шӯравии тоҷик, шоири бузурги инқилобӣ устод Абулқосим Лоҳутиро ба нақша гирифтаем. Он дар яке аз кӯчаҳои марказии пойтахтамон – кӯчаи Истаравшан-4 воқеъ буда, 4 уми декабри соли 1987 ба муносибати 100-солагии устод Лоҳутӣ дари худро ҳамчун осорхона  боз намудааст. Дар ин манзил агарчанде шоири бузург муддати хеле кӯтоҳ зиндагӣ карда бошад ҳам, он чун қадамгоҳи ин шоири дардошнову инқилобӣ барои мардуми тоҷик азизу муътабар  ва таърихӣ маҳсуб мешавад. Таъсиси ин осорхона чун рамзи арзи сипосу эҳтиром ва садоқати халқи тоҷик нисбат ба хидматҳои бузурги шоири маҳбуб аст. Адибони ҷавони тоҷик ба устод Лоҳутӣ ба сифати эҳтирому эътиқод «Падар Лоҳутӣ» гуфта хитоб менамудаанд. Шоири бузург дар бораи ҷовидона будани хидматҳо ва шеъру сухани хеш ин гуна баҳо додааст:
Оташ агарчи сӯхт тани 
нотавони ман,
Гул кард ишқу монд ба олам 
нишони ман.
Гардад куҳан замонаву хомуш 
намешавад,
Он шуълаҳо, ки гашта бурун 
аз даҳони ман.
Аз рӯзи таъсисёбии ин осорхона ба ин даргоҳи муътабар тамошобинону сайёҳони зиёд аз аҳли илму адаб ва касбу кори гуногун аз дохили кишвар ва гӯшаву канори дунё меоянду манзили ин устоди бузургро зиёрат намудаву бо як ҷаҳон таассуроти нек бармегарданд.
Ба кадом осорхонае, ки ворид шавед, хоҳ он дорои аҳамияти ҷаҳонӣ бошад ё ҷумҳуриявӣ ё таърихӣ бошаду адабиву фарҳангӣ ва хоҳ шахсиву соҳавӣ, албатта, дафтари мулоҳизоту хотирот дорад. Мо хостем дафтари хотироти осорхонаи устод Лоҳутиро варақгардон намоему лаҳзае бо сайёҳону ихлосмандони ин шоири тавоно дар коргоҳи эҷодии устод ошно шавем ва мулоҳизоту хотироти онҳоро барои хонандагон пешниҳод намоем то ин ки симои ин шоири бузургро пеши назар таҷассум намуда тавонем. Хотироту мулоҳизаҳои шумораи зиёди донишмандону донишомӯзон, шоиру нависандагон, ҳунармандону олимон, мактаббачагону омӯзгорон шаҳрвандони кишвари азизамон ва меҳмонони хориҷиро дар дафтари хотироти осорхона дидан мумкин аст, ки бо чанд сатри самимиву садоқатмандонаи хеш андешаҳояшонро дар бораи шахсият ва ашъори ин шоири номвари тоҷик баён доштаанд.
Андешаҳои чанде аз меҳмонони олиқадри ин даргоҳро, ки дар маросими таъсис шудани он иштирок намудаанд, ба назари мо хусусияти таърихӣ доранд ва пешниҳоди хонандагони рӯзнома намудани онҳо аз аҳамият холӣ нест:
«Музеи Абулқосим Лоҳутӣ муборак бод! Бисёр хушбахтам, ки дар ин рӯз дар Душанбе будам». Бо салом Иржи Бечка.  4.12.1987».
***
«Шоири машҳури эронӣ-тоҷикӣ Абулқосим Лоҳутӣ барои халқҳои дигар ҳам аҳамияти бузурге дорад!»  Манфред Лоренс, профессори Университети Берлин, Республикаи демократии Германия. 4.12.87».
***
«Пусть живёт, здравствует и служит людям музей-квартира Абулкасыма Лахути! Йордан Милев. Болгария» (Имзо. Дар зери ин имзо инчунин устод Мӯъмин Қаноат низ имзо гузоштаанд).

«Семья поэта Абулькасима Лахути горячо благодарит всех, кто вложил свой труд в организацию и устройство этого замечательного музея, всех его сотрудников и экскурсоводов».  
Гев Лахути.
***
«Лоҳутӣ пеш аз ин низ хона дошт. Хонаи падарии ӯ дар Эрон буд, аммо ҳунари Лоҳутӣ дили тӯдаҳои ранҷбарро хонаи ӯ кард. Ихтисос додани як хонаи махсус ба як ҳунарманд бетардид нишонаи сипосу ҳақшиносист, то додани як нишоне.
Имрӯз низ ин хона чунонки мебинам, музаест то як хона ҷое барои фароҳамоии ҳамаи хотироти Лоҳутӣ ва ҳамаи дӯстдорони ӯ.
Сездаҳуми озар 1366».
Сиёвуши Касроӣ /имзо/

Ҳамин тавр чунин сатрҳову меҳрномаҳои шахсиятҳои касбу кори гуногун аз хонандагону омӯзгорони мактабҳои миёна сар карда, то олимону адибон ва меҳмонони зиёди дохиливу хориҷӣ  ба ин даргоҳи шоири бузурги инқилобӣ меоянду аз тамошои он хушҳол мегарданд ва фикру мулоҳизаҳои худро аз диду шинохташон дар бораи шоири маҳбуб дар дафтари хотирот ба расми ёдгор сабт менамоянд. Боз чанде аз ин навиштаҳоро инҷо меорем:
«Ман бисёр хушнудам, ки хона-музейи устод Лоҳутиро тамошо кардам. Ба ҳамаи онҳое, ки дар ин кори нек ва зарур иштирок карданд, миннатдории бепоёни худро изҳор менамоям.
Инчунин ба кормандони музей барои меҳрубонӣ ва ғамхорияшон ташаккур мегӯям. Ман барои кори худ дар образи устод аз тамошои музей бисёр чиз гирифтам. Умедворам, ки бозёфтҳои нав ба нав ин музейро боз ҳам ғанитар мегардонад». 
Артисти хизматнишондодаи республика Розиқов Т.Р., актёри Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов.
10.Х11.87.
***

Мо ду нафар аз колхозчиёни колхози ба номи Калинини райони Ҳисор махсус барои зиёрати музеи устод Абулқосим Лоҳутӣ омада, музеи марҳумро тамошо карда, аз ҳукумати Тоҷикистон ниҳоят хурсанд шудем, ки нисбат ба шоири инқилобӣ бо меҳру муҳаббат рафтор карда, дар ҳаққи шоир ғамхории беназир намуда, чунин музеи зебо ташкил кардааст. Бино бар он раҳмат ба Ҳукумати Тоҷикистон, ки ба чунин одамони муқаддас ғамхорӣ менамояд. Имзо
24.03.88с.
Ин гуна андешаҳои саршори самимияту қадршиносонаи сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ нисбат ба шоири бузурги инқилобӣ ва сарояндаи озодиву озодагӣ устод Абулқосим Лоҳутӣ дар дафтари қайдҳои осорхонаи шоир хеле зиёданд. Ва аз ингуна навиштаҳои саршори меҳр фаҳмидан душвор нест, ки мардум шоири сарояндаи ормонҳои худро дӯст медоранду эҳтиром менамоянд ва ба хидматҳои бемонанди ӯ арҷ мегузоранд.

Маҳбуба ЛУҚМОНОВА, 
мудири шуъбаи Осорхонаи Лоҳутӣ.

ДУШАНБЕ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: