ИСЛОҲОТИ ДЕМОКРАТӢ ҚАФО НАМЕГАРДАД

Муроҷиатномаи Президент ба Олий Маҷлис ба маънои том воқеаи калони таърихӣ мебошад.

Дар он самтҳои рушди Ӯзбекистон на фақат дар соли равон, балки дар ояндаи наздик аниқ ифодаи худро ёфтааст. Бисёр масъалаҳое, ки дар Муроҷиатнома бардошта шудаанд, дар натиҷаи вазифаҳои устуворе, ки муайян шудаанд, бо он аҳамиятноканд, ки ба таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон нигаронида шудаанд.
Дар Муроҷиатнома алоҳида таъкид мегардад, ки роҳбарони ҳамаи зинаҳо аз паи фоизҳо, рақамҳо ва коғазҳо натохта, барои ҳар як шаҳрванд, баҳри таъмини манфиатҳои ҳаётии онҳо кор карданашон шарт.
Он соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакатамонро фаро гирифтааст. Пеш аз ҳама, сиёсати дохилӣ ва берунии мамлакатамон, вазъияти мавҷудаи иҷтимоию сиёсӣ, марраҳое, ки 3 соли охир забт шуданд, васеъ таҳлил ва сарҳисоб карда шуданд ва дар ҳамин асос вазифаҳои стратегӣ дар роҳи баланд бардоштани нуфузи мамлакат ва ба давраи нав бардоштани иқтидори он вазифаҳо пеш гузошта шуданд.
«Соли рушди илму маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ» эълон шудани соли 2020 дар тараққии илму маърифат, равнақи он дар асоси технологияҳои нав аҳамияти муҳим касб менамояд. Зеро, бе ривоҷ додани илму фан тасаввур карда нашудани ояндаи дурахшон айни ҳақиқат аст. Агар хоҳем, ки фардои мо бузург ва фаровон бошад, бояд ба рақамноксозии иқтисодиётамон ва тамоми соҳаҳо гузарем.
Рушди технологияи рақамнок баробари пешравӣ дар барҳам задани коррупсия ҳиссаи муносиб мегузорад. Ғайр аз ин, сифати маҳсулот ва хизмат хуб шуда, ин барои фуровардани арзиши аслӣ, умуман, дар тамоми ҷабҳаҳо ба афзудани самаранокӣ, дар ниҳояти кор бошад, барои боз ҳам беҳсозии шароити зиндагии одамон хизмат менамояд.
Дар маърӯза Шавкат Мирзиёев ба иллате, ки рушди ҷамъиятро бозмедорад – коррупсия алоҳида истода гузашт. Таъкид кард, ки ин иллатро решакан насохта, ягон соҳаро ривоҷ дода наметавонем. Вай зарурияти аз «ваксинаи ҳалолӣ» баҳрабардории роҳбарони ҳамаи дараҷаҳоро қайд кард. Ҳақиқатан ҳам сафарбарсозии тамоми қувва алайҳи ин иллат яке аз вазифаҳои долузарби имрӯз ба шумор меравад.
Дар Муроҷиатнома як қатор масъалаҳо вобаста ба фаъолияти эҷодкории қонун низ акси худро ёфтанд. Аз ҷумла, оиди таҳияи наздик даҳ қонун ва барномаҳои давлатӣ, нав сохтани ҳуҷҷатҳои қонунии амалкунанда таклифҳои амалӣ пеш гузошта шуд.
Роҳбари мамлакат зарурияти рушди таълимро низ алоҳида таъкид кард. Дар таълим вақти гардиши қатъӣ фаро расид, гуфт Президент. Аз ин боис, барои ноил шудан ба тараққиёт технологияҳои рақамнокро пурра фаро гирифтан шарт. Зеро имрӯз тамоми кишварҳои пешқадам барои барпои иқтисодиёти рақамнок ҳаракат карда истодаанд.
Дар Муроҷиатнома ба масъалаи назорати ҷамоатӣ эътибор нигаронда шуд. Президент бо мақсади боз ҳам пурзӯрсозии назорати ҷамоатӣ, барпои ҳамкории наздик байни давлат ва ҷамъият таклифи ташкил кардани Палатаи ҷамоатии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро пеш гузошт. Таъсис ёфтани ин гуна орган оянда байни тамоми созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ ва идораҳои давлатӣ кӯпруки ба худ хос мегардад.
Дар Муроҷиатнома ба масъалаи шахсоне, ки дар Ӯзбекистон зиста, шаҳрвандӣ надоранд, эътибор нигаронида шуд. Ба қабул шудани қонун «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» 28 сол гузашт ва он ба талаботи имрӯз ҷавоб намедиҳад.
Ба ҳамин муносибат  таклиф гузошт, ки то 1 майи соли равон қонуни нав кор карда бароварда шуда, ба шахсоне, ки то соли 1995 ба мамлакат омадаанд ва аз ҳамон вақт дар диёрамон муқим ҳаёт ба сар мебаранд, ба тарзи автоматӣ ҳуқуқи шаҳрвандӣ дода шавад. Ин таклифи хеле муҳим буда, дар натиҷаи амалӣ шудани он наздик 50 ҳазор нафар ҳамдиёронамон муаммоҳои солҳо боз ҳалнашудаи вобаста ба шаҳрвандиро ҳал карда метавонанд. 
Роҳбари мамлакат дар атрофи 12-15 фоиз қарор доштани дараҷаи камбағалиро бори аввал кушоду равшан маълум кард ва дар вазъе, ки ба ҳалли ин масъалаи долузарб эътибор менигаронд, ба даромади доимӣ таъмин сохтани ночорҳо,бо ин восита дар ҷамъият кам гардонидани камбағалиро ба сифати вазифаи устувор муайян намуд. Вай қайд намуд, фақат тавассути кӯмаки иҷтимоӣ муаммои камбағалиро ҳал карда намешавад. Лозим аст байни оилаҳои камтаъмин рӯҳи соҳибкорӣ бедор, майли дохилии онҳоро ба шуғл пурзӯр карда шавад. Аз рӯи офаридани ҷойҳои нави корӣ зарурияти ба амал баровардани сиёсати маҷмӯии иқтисодию иҷтимоиро таъкид кард.
Мо, депутатҳо, аз Муроҷиатнома барои худ вазифаҳои зиёдро муайян намудем. Ростӣ, баъзе ғояҳое, ки дар маърӯза бардошта шуданд, барои мо чун чизи тамоман нав садо доданд ва дар даврае, ки ваколати навамон оғоз меёбад, ба қалбамон рӯҳи нав бахшид.
Барои мо, аввало, ба қабул карда шудани ҳуҷҷатҳои қонуние, ки дар Муроҷиатнома таклиф карда шудаанд, ноил гардидан, аз болои иҷрои Барномаи давлатии соли 2020, ки дар асоси Муроҷиатнома қабул мегардад, назорати парлумониро самаранок пеш бурдан масъулияти калон аст. 

Қодир ҶӮРАЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: