ШАРҲИ ЯК ҒАЗАЛИ МАШҲУРИ ҲОФИЗ

Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,

Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.
Бидеҳ, соқӣ, майи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳӣ ёфт,
Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро.
Фиғон к-ин лӯлиёни шӯхи ширинкори шаҳрошӯб,
Чунон бурданд сабр аз дил, ки туркон хони яғморо.
Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист.
Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат рӯйи зеборо?!
Ман аз он ҳусни рӯзафзун, ки Юсуф дошт донистам,
Ки ишқ аз пардаи исмат бурун орад Зулайхоро.
Агар дашном фармоӣ в-агар нафрин, дуо гӯям,
Ҷавоби талх мезебад лаби лаъли шакархоро.
Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд,
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.
Ҳадис аз мутрибу май гӯю рози даҳр камтар ҷӯ,
Ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо.
Ғазал гуфтию дур суфтӣ, биёву хуш бихон, Ҳофиз,
Ки бар назми ту афшонад фалак иқди Сурайёро.

Вазн: Ҳазаҷи мусаммани солим.
Қофия: мо, Бухоро, Мусалло, яғмо, зебо, Зулайхо, шакархо, доно, муаммо, Сурайё.
Луғат:
1. Турки шерозӣ: турк ин ҷо ба маънии зеборӯй омадааст ва мурод аз он маҳбуба ё канизаки зеборӯйи шерозист.
2. Холи ҳинду: холи сиёҳ.
3. Соқӣ: соқӣ дар луғат ба маънии обдиҳанда аст, аммо бештар ба маънии шаробдиҳанда ба кор меравад, яъне соқӣ касест, ки дар базм ба ҷоми ҳозирон шароб мерезад.
4. Рукнобод: аз наҳрҳои маъруфи Шероз аст.
5. Мусалло: яке аз гардишгоҳҳои Шероз аст, ки мақбараи Ҳофиз дар он ҷост.
6. Лӯлиён: қавми чодарнишин, ки бештар ба навозандагию хонандагӣ машғуланд, ҳамон ҷӯгиёнанд, ки дар замони Баҳроми Гӯр аз Ҳиндустон ба Эрон омадаанд. Аммо ин ҷо ба маънии зебою нозук ва зариф омада, ки киноя аз маъшуқ аст.
7. Яғмо: дар луғат ба маънии хон (дасторхон)-и тороҷ аст. Дар тафсирҳо омада, ки хони яғмо — суфраи ом аст, ки подшоҳон дар айёми ид, махсусан иди қурбон, мегустарданд ва мардуми муҳтоҷ онро ғорат мекарданд. Ҳамчунин ривоят аст, ки дар суннати туркон, хусусан, лашкариёни турк расме буда, ки дар ҳар меҳмонӣ пас аз хӯрдани хӯрок олот ва лавозимоти мизбониро ғорат мекардаанд. Хулоса, яғмо ишора ба ғоратгарии туркон дорад.
8. Мустағнӣ: бениёз.
9. Юсуф: писари Яъқуби пайғамбар, ки хеле зебо буд ва падараш беш аз дигар писарон ба ӯ таваҷҷӯҳ дошт. Ин боиси рашки бародарон гардид. Бародарон ӯро ба чоҳ андохтанд, корвоне ӯро аз чоҳ берун овард ва дар Миср ба ғуломӣ фурӯхт. Азизи Миср ӯро барои ҳамсараш — Зулайхо харид. Чун Юсуф бузург шуд, Зулайхо ба вай изҳори ишқ намуд ва чун аз гуноҳ худдорӣ кард, Зулайхо ба вай туҳмат зад ва ӯро ба зиндон афканд. Саранҷом Юсуф бо таъбири хоби подшоҳи Миср аз зиндон халос шуд ва ба мақоми ноиби подшоҳ расид. Юсуф дар адабиёти форсии тоҷикӣ рамзи зебоӣ ва покдоманист.
10. Исмат: покдоманӣ.
11. Зулайхо: зани Азизи Миср, ки ба Юсуф ошиқ шуда буд.
12. Ҳадис: ин ҷо ба маънии сухан ба кор рафта аст.
13. Даҳр: дунё
14. Ҳикмат: дониш, илм, мурод – илми фалсафа.
15. Дур(р): марворид.
16. Иқди Сурайё: гарданбанди ситораи Парвин. Аз он ҷо, ки Сурайё (онро Парвин низ гӯянд) аз шаш ё ҳафт ситораи хурди дурахшон таркиб ёфтааст, онро ба гарданбанд ё хӯшаи ангур ташбеҳ кардаанд.
Маънии мухтасари байти 1: Агар он маҳбубаи зебои шерозӣ дили моро ба даст оварад, дар баробари холи сиёҳи ӯ, ки ба ҳуснаш афзудааст, ду шаҳри бузург: Самарқанду Бухороро тақдим мекунам.
Маънии байти 2: Эй соқӣ, ту шароби боқимонда аз базми дишабаро бирез, то бинӯшаму маст шавам ва аз накҳати оби Рукнободу гулгашти Мусалло баҳравар шавам, ки чунин мавзеи фараҳбахшро дар ҷаннат ҳам пайдо нахоҳӣ кард.
Маънии байти 3: Доду фарёд аз нозу карашмаи ин зеборӯёни густох, ки бо ҳаракатҳои дилфиреби хеш шаҳреро ба ошӯб кашидаанд ва ончунон ки туркони ғоратгар хони яғморо ғорат мекунанд, сабру тоқатро аз мо рабудаанд.
Маънии байти 4: Ҳамон тавре ки чеҳраи зебо ниёзе ба ороиши сунъӣ надорад, ҷамоли маъшуқ низ аз ишқи нокомили мо бениёз аст. Ба таъбири  дигар: ҳусну ҷамоли ёр ба ишқи нотамому норасои мо ниёзе надорад, зеро рӯйи зеборо ба обу ранг додану сафедию сурхӣ молидан ҳоҷат нест. Рӯйи зебо бе ороиш ҳам зебост, орою торо додани он зарур нест.
Маънии байти 5: Аз он зебоии Юсуф, ки рӯз то рӯз дар афзоиш аст, фаҳмидам, ки оқибат ишқ Зулайхоро аз ҷодаи покдоманӣ берун мекунад ва расвои олам месозад.
Маънии байти 6: Эй маҳбубаи зебои ман, агар дашном ё нафрин кунӣ, ман ҳамчунон дуогӯйи ту ҳастам. Зеро барои ман шунидани дашному нафрин аз лабони зебои ту худ як бахти баланд аст. Ҳатто нафрину дашном низ ба лабони сурху ширини ту зебанда аст.
Маънии байти 7: Эй азизи ман, насиҳати мани пирро гӯш кун, зеро ҷавонони саодатманду хушбахт панди пири доноро бештар аз ҷонашон дӯст доранд.
Маънии байти 8: Сухан аз маю мутриб гӯю вақти худро хуш бигузарон ва камтар аз пайи кушодани рози офариниш бош. Зеро касе то ҳол бо ақлу доноӣ натавонистааст муаммои ҳастиро ҳаллу фасл намояд.
Маънии байти 9: Эй Ҳофиз, ғазалу нуктаҳои тозаю нав гуфтӣ, ҳоло биёю ин ғазалро бо оҳангу овози хуш бихон, то осмон чунон ба ваҷд ояд, ки гарданбанди Парвинро ба унвони инъом ба ту нисор кунад.
Ин ғазали Ҳофизи Шерозӣ оҳанги гуворову тарабангез дорад ва бо номи «Насри ушшоқ» дар мақоми «Рост»-и «Шашмақом» суруда мешавад.

Ш. ИСРОФИЛНИЁ,
доктори илмҳои филологӣ,
профессор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: