ҶАШНВОРАИ ДӮСТӢ

Ҳоло соли дувум аст, ки дар мамлакатамон 30 июл Рӯзи дӯстии халқҳо эълон шудааст ва ин барои боз ҳам мустаҳкам кардани риштаҳои дӯстии зиёда аз 130 намояндагони миллатҳои гуногуни кишварамон хидмат мекунад.

Ба муносибати Рӯзи дӯстӣ дар Хонаи дӯстии ноҳияи Давлатободи вилояти Намангон бо иштироки фаъолон ва ҳаводорони санъати марказҳои миллӣ-мадании тоҷикон, қирғизҳо, русҳо ва корейсҳо чорабиниҳои гуногун баргузор гардиданд.
Бахшида ба Рӯзи дӯстӣ дар кишварамон аз 1 август то 7 август гузаронидани фестивали дӯстӣ пешбинӣ шудааст ва он маротибаи аввал дар Боғи фарҳанг ва истироҳати ба номи Мавлоно Лутфуллоҳи ноҳияи Чуст баргузор гардид.
Дар ҷашнвора намояндагони миллатҳои гуногун бо суруду рақсҳои ҷолибашон иштирок намуданд. Аз ҷумла, рақсу сурудҳои тоҷикӣ, қирғизӣ, русӣ ва кореягӣ ба меҳмононе, ки аз саросари кишварамон ба истироҳатгоҳ ташриф овардаанд, писанд омад.
– Беш аз 10 фоизи аҳолии вилоятамонро тоҷикон ташкил менамоянд. Онҳо дар ҳама соҳаҳо меҳнат карда барои равнақи иқтисодиёти вилоят ҳисса мегузоранд, – гуфт раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷикони вилояти Намангон Абдусаттор Ғафуров.
– Камина худ ӯзбекам. Бо тақозои тақдир ба тоҷикдухтари чустӣ хонадор шудам. Дар маҳаллаи Наврӯз, ки камина истиқомат мекунам, асосан тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Барои ҳамин ҳам фарзандону набераҳоям аз синни бачагиашон бо бачаҳои ҳамсояҳо бозӣ карда, забони тоҷикиро аз онҳо меомӯзанд. Ҳоло ҳамаи аъзоёни оилаамон бо забони тоҷикӣ мулоқот мекунем, – гуфт собиқадори меҳнат Мирзодавлат Отаҷонов.
Чунин ҷашнвораи дӯстӣ дар дигар маҳалҳои вилоят давом мекунад.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: