ҶАШНВОРАИ ЗАРДӮЗИЮ ЗАРГАРӢ ДАР БУХОРО

Мувофиқи қарори Президент «Дар бораи гузаронидани ҷашнвораи зардӯзӣ ва заргарӣ» 3-5 майи соли ҷорӣ дар Бухоро фестивали II байналхалқии зардӯзӣ ва заргарӣ ба амал омад.

Мақсад аз гузарондани ҷашнвораи байналмилалӣ инкишоф додани анъанаҳои зардӯзӣ ва заргарии санъати амалии халқ, тарғиб намудани намунаҳои нодири он бо роҳи таҷрибаивазкунӣ, мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни қавмҳо, пурқувват гардондани алоқаҳои маданию гуманитарӣ, пос доштан ва эҳёи мактабҳои анъанаҳои касбию ҳунармандӣ, инчунин афзудани салоҳияти сайёҳии минтақа мебошад. Албатта, дар Бухоро ба амал омадани чунин тадбири байналхалқӣ тасодуфӣ нест. Зеро Бухоро аз марказҳои рушдёфтаи маданияти ҳунармандӣ ба шумор меравад. Дар ин ҷо ҳунармандӣ ва ҷараёнҳои гуногуни санъати амалии халқ, хусусан зардӯзию заргарӣ тараққӣ ёфтааст. Анъанаҳои «устоду шогирд» асрори ҳунари нафисро то замони мо «зинда» оварда расондааст. Имрӯз низ дар Бухоро анъанаҳои ҳунармандӣ нашъ-унумӯъ меёбад. Хусусан, гилембофии абрешимӣ, кулолӣ, кандакорӣ, зардӯзӣ, заргарӣ, кашидадӯзӣ, кандакории чӯб, истеҳсоли коғаз ва ғайра. Соли 2022 ба шаҳри Бухоро мақоми «Шаҳри ҳунармандии ҷаҳон» дода шуда буд. Дар фестивал аз тамоми ҳудудҳои ҷумҳуриамон 243 нафар ҳунармандон, аз ҷумла 114 нафар заргар, 39 нафар зардӯз, 90 нафар намояндаи ҳунарҳои дигар иштирок карданд. Ба ҷашнвора аз 41 давлат 157 нафар хориҷиён ташриф оварданд. Аз ҷумла, ба конфренсияи илмию амалӣ аз 9 давлат 12 нафар, ба сифати меҳмони бонуфуз 36 нафар иштирок намуданд.
Дар Донишгоҳи давлатии Бухоро таҳти унвони «Пешомадҳои рушди зардӯзӣ, заргарии анъанавӣ» конфронси илмию амалӣ низ баргузор гардид. Дар он 12 нафар олимони хориҷӣ, 12 маҳаллӣ, бештар аз 300 профессорону омӯзгор иштирок карданд. Дар анҷуман тақдимоти китоби олими Австралия Линде Ҷуберт «Ташаккулдиҳии ҷа-мъияти ҳунармандӣ: таҷрибаи ҷаҳонии омӯхтани ҳунармандӣ» низ сурат гирифт.
***
3 май шаҳри Бухоро ранги идона дошт. Соати 8.00 чун анъана аз назди «Арк» то мадрасаи «Кӯкалдош» «Корвони муъҷизаҳо» – иштироккунандагони фестивали II байналмилалии зардӯзӣ ва заргарӣ зери садоҳои карнаю сурнай ба ҳаракат даромад. Байни онҳо арбобони фарҳанг ва санъати як қатор мамлакатҳо, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ, дипломатҳо, туроператорон ҳузур доштанд.
Мувофиқи барнома дар ин ҷо давоми се рӯз намоиши савдои маҳсулоти ҳунармандони маҳаллию хориҷӣ ба амал омад.
Дар конфронси матбуотӣ ҷонишини ҳокими вилоят Ботирҷон Шаҳриёров, ҷонишини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси Иттиҳодияи «Ҳунарманд» Ҷамшед Ӯроқов, академики АИ Ӯзбекистон Акбар Ҳакимов, президенти минтақаи Осиё ва уқёнуси Ороми шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандон Азиз Муртазоев ва ҳокими шаҳри Бухоро Қурбон Турсунов моҳияти ҷашнвораро шарҳу эзоҳ ва ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб доданд. Маросими тантанавии кушодашавии фестивали II байналхалқии зардӯзӣ, заргарӣ ва намоиши барномаи консертии театрикунонидашуда шоми ҳамон рӯз дар саҳнаи майдони «Арк» ба амал омад. Дар он ҳокими вилоят Баҳодур Зарифов ҷамъомадагонро бо дуюмин тадбири сатҳи байналмилалӣ табрику муборакбод намуд. Вай дар бораи таърих ва моҳияти заргарию зардӯзӣ байни ҳунарҳо таваққуф намуда, туфайли зебу зинатҳо боз ҳам зеботар шудани бонувонамонро таъкид кард. Ӯ шаҳрҳои Бухоро, Хева, Тошканд, Самарқанд, Қӯқанд, Қаршӣ, Шаҳрисабз, Андиҷон, Намангонро ҳамчун марказҳои бузурги заргарӣ алоҳида эътироф намуда, номи устоҳои машҳури ин мактабҳо Алишер Ҳайдаров, Тоҳир Муҳаммедов, Васиҳидин Дадамуҳамедов ва сулолаи ӯ, Сӯҳроб Аҳроров, Шариф Рауфов, Дилором Йӯл-дошева, зардӯзон Бахтулло Ҷумъаев, Шавкат Зоҳидов, Маҳфуза Салимова, Мунаввар Фармонова ва дигаронро ба забон гирифт.
Соли 2018 дар ҷумҳурӣ 765 нафар заргар, 112 нафар зардӯз буд. Ҳоло 2358 устои заргар, 3448 шогирдони онҳо фаъолият нишон медиҳанд.
Маросими тантанавии кушодашавии фестивали II байналхалқии зардӯзӣ ва заргарӣ бо барномаҳои рангини консертии театрикунонидашудаи  устодони санъати ҷумҳурию вилоят ва дастаҳои халқӣ идома ёфт. 
Дар давоми ҷашнвора бо иштироки тарроҳ ва ҳунармандони маҳаллию хориҷӣ таҳти унвони «Рӯзҳои мӯди Бухоро» намоиши мӯд ва барномаи консертӣ, рақсҳои мардумии лӯхтакбозӣ, баромади дастаҳои фолклорӣ, барномаҳои консерти садорати фарҳанг, озмунҳои гастрономӣ дар майдони Арк, намоиши дарсҳои маҳорати мактабҳои зардӯзӣ ва заргарии Бухоро, Самарқанд, Тошканд, Қашқадарё, Хоразм ва устодони санъати маҳаллию хориҷӣ, саёҳат ба устохонаҳои заргар ва зардӯзони машҳури Бухоро, намоиши видеофилми оид ба таърихи  зардӯзию заргарӣ баргузор гардид.
Бинобар низоми фестивали байналхалқии зардӯзию заргарӣ дар доираи ҷашнвора байни ҳунармандони маҳаллию хориҷӣ озмун-азназаргузаронӣ сурат гирифт. Маҳорати ҳунармандони иштироккунандаи озмун, аз ҷониби доварони байналхалқӣ баҳогузорӣ шуд. Байни ҳайати доварон мутахассисони пуртаҷриба, арбобони намоёни санъат ва маданият, олимону муҳаққиқон, намояндаи мамлакатҳои дахлдор шомил гардиданд. Онҳо пас аз намоиши маҳсулоти дастон ва маҳорати эшон ғолибони 12 номинатсия: «Ташкилоти беҳтарини заргарӣ», «Ташкилоти беҳтарини зардӯзӣ», «Беҳтарин зар-дӯз», «Беҳтарин заргар», «Устои беҳтарини мактаби зардӯзӣ», «Устои беҳтарини мактаби заргарӣ», «Давомдиҳандаи сулолаи куҳнаи зардӯзӣ», «Давомдиҳандаи сулолаи куҳнаи заргарӣ», «Зардӯзе, ки анъанаи куҳнаро эҳё кардааст», «Заргаре, ки анъанаи куҳнаро эҳё намудааст», «Ҷавонтарин зардӯзи бомаҳорат», «Ҷа-вонтарин заргари бомаҳорат»-ро муайян карданд.
Тадбирҳои ҷашнвораро намояндагони бештар аз 100 воситаҳои ахбори оммавии маҳаллӣ ва чор хабарнигорон аз Покистон, Зеландияи Нав, Ҳиндустон, Миср, инчунин намояндагони иттилоотии оммавии Чин, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба қайд гирифта шуда, дар мамлакати мо фаъолияти доимӣ доранд, равшан кардаанд.
Маросими тантанавии кушодашавии тадбири бонуфузи байналхалқӣ, ҳавасмандгардонии ғолибону ҷоизадорон, гала-консерти сарояндагони эстрадӣ ва сурудҳои анъанавӣ дар саҳнаи асосии майдони «Регистон»-и Арки Бухоро шоми 5 май ба амал омад.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
 дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: