ТИЛОВАТ ЧӢ ТАВР ФИЛМОФАРОНРО АЗ ГУРУСНАГӢ НАҶОТ БАХШИД

Дар байни актёрон низ ҳофизони Қуръон будаанд, бо вуҷуди он ки идеологияи шӯравӣ ба ин роҳ намегузошт ва диндорон сахт таъқиб мешуданд.

 Замоне буд
ҳатто ба таъзияравӣ, дар хонае, ки мусибат рӯй дода ё дар сари қабр хондани оят хатар тавлид месохт. То имкон будан пинҳонӣ ба амал бароварда мешуданд амалҳои исломӣ.
Мегӯянд, актёри номӣ, Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Сайфӣ Олимов, ки солҳои зиёд дар Театри миллӣ (собиқ ба номи Ҳамза) нақшҳо бозида, мавридҳое, ки шароит тақозо мекунад, сураҳо қироат мекард. Вай, зимнан, дар драмаи «Алишер Навоӣ»  нақши устод Ҷомиро бо маҳорати том бозида, чун «Мавлоно Ҷомӣ» низ замонҳое вирди забонҳо будааст. Падари актёрро Олимқорӣ мегуфтанд. Худи ӯро, ки дар асл Сайфиддин ном дошт – Сайфиқорӣ. Чаро? Барои он, ки падару писар, мувофиқи гуфтаҳо, сӣ пора Қуръони Каримро аз ёд медонистаанд ва қироат мекардаанд.
Дар нимаи дувуми  солҳои ҳаштодум ба озодии эътиқоди динӣ роҳ кушода шуд. Аз телевизион низ қироати қориён ба гӯш мерасид. Барномаеро тамошо кардам, ки ба фаъолияти эҷодии овозхони машҳури эстрадӣ Фаррух Зокиров бахшида шуда буд. Суолу ҷавобҳои қобили таваҷҷӯҳ. Бо иҷозаи мухбир як маҳал овозхон ба қироати яке аз оятҳои Қуръон шурӯъ сохт, ки касе чашмдор набуд. Чӣ тиловати хушгувор!
Соли 1994 дар Хонаи кинои ҷумҳурӣ ёдбуди яке аз асосгузорони синамои ӯзбек Набӣ Ғаниев баргузор гардид. Санъаткорон, алоқамандони соҳа дар бораи ин симои намоёни ҳунар хотираҳо нақл карданд. Дар поёни чорабинӣ калонсолтарин иштирокдор Машраббобо Юнусов (1909-1997) бахшида ба рӯҳи Набӣ Ғаниев, ки ӯро устоди азизи хеш мешумурд, қуръон хонд. Он асно қироат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аллакай як ҳодисаи оддӣ шуда, қуръонхонҳо низ кам набуданд. 
Дар телефилми «Хазинаи Улуғбек» нақши Низомиддин Хомушро бозидааст. Иҷрои роли уламои асри XV нафақат ба актёрӣ, балки ба оне ҳам, ки аз фиқҳ бохабар аст ва бо овардани иқтибосҳои динӣ бо ҳар гуна мавло баҳс карда метавонад, осон набуд. Вале М. Бобоев аз ӯҳдаи иҷро ба хубӣ баромад. Вай таълимгирифтаи яке аз мадрасаҳои Қӯқанд буд. Пораҳои зиёд аз қуръон ҳифз намуда ва шеваю гуворо оятҳо мехонд.
Вақте номи коргардон Набӣ Ғаниев ва актёр Машраб Бобоев зикр гашт, дар навбати аввал кинофилми машҳури «Тоҳир ва Зуҳро» (1945) пеши назар меояд. М. Бобоев дар ин картина нақши Ҳофизро бозидааст. 
Умуман, кулли нақшофарон дар ин филм баъдтар «ситорагони санъати кино» шуданд, ки номашон ба ҳар яки мо ҳанӯз шинос: Юлдуз Ризоева, Ғулом Аълоев, Асад Исматов, Шукур Бурҳонов, Раззоқ Ҳамроев, Обид Ҷалилов, Соат Толибов, Зебо Ғаниева, Лола Бадалова, Саъдӣ Табибуллоев, Ҳикмат Латипов, Раҳим Пирмуҳамедов...
Дар ҷараёни ба навор гирифтани филми «Тоҳир ва Зуҳро» як воқеаи аҷиб рӯй дод, ки онро иҷрокунандаи яке аз нақшҳо М. Юнусов гоҳ хандида-гоҳ ҷиддӣ, ба ҳамзамонҳо нақл мекард.
Вохӯрии Тоҳир ва Зуҳроро дар ҳавлии Институти астрономии Тошканд, ки боғи дилкушоро мемонд, ба навор бардоштанд. Аммо барои Тоҳирро ба сандуқ гузошта, ба дарё андохтан «фон» мавҷуд набуд. Соҳили Бӯзсув ба дарё монанд не. Бинобар ҳамин Набӣ Ғаниев қарор кард саҳна дар соҳили дарёи Чирчиқ ба сурат гирифта шавад. 
Якчанд мошини «полуторка» артистон, кинооператорҳо, коргарони саҳна, ускунаҳои кино, айни замон дегу табақ, кӯрпаву болинҳоро ба як майдони кушоди назди кӯпруки ҳозираи Хумсон кашонданд. Коргарони саҳна ба омодасозии декоратсия шурӯъ сохтанд. Баъди ду рӯз саворае, ки ҷониби яке аз деҳаҳои кӯҳӣ мерафт, гуфт, ки кӯпрукеро, ки болои Чирчиқ устувор буд, сел бурд ва ба Тошканд алоқа канда шуд.
Чӣ бояд кард? Ҷанг нав тамом шуда, шароит ҳанӯз вазнин – барои бо тезӣ барқарор сохтани кӯпрук имконият нест.
Синамогарон таваккал гӯён корро давом доданд. Вале баъде чанд рӯз гузашт, халтаҳои озуқа холӣ шуданд. Наздик ба сад нафар «мусофир» гуруснагӣ таҳдид мекард.
Ба деҳаҳои наздик рафта, вазъиятро фаҳмондан хостанд, вале аҳолии маҳаллӣ худро аз артистони тошкандӣ мегурезонд. Зумрае фикр мекард, артистон – бешарму ҳаё, дур истодан маъқултар. «Тоҳиру Зӯҳро»-чиён торафт беҳол мешуданд, кумак пурсидан аз аҳолии маҳаллӣ натиҷа надод.
Дар байни филмофарон Эргаш Каримов низ буд, ки мо ӯро аз рӯи нақшҳояш дар саҳначаҳои ҳаҷвӣ-миниатюрӣ ва филмҳои мазҳакавӣ мешиносем. Ҳайрон нашавед, ки ҳамзамони мо дар филме, ки соли  1945 ба сурат бардоштаанд, чӣ кор мекард. Он асно Э. Каримов, ки даҳсола буд, нақши хурдсолии Тоҳирро бозид. Боз як духтарча ҳаст дар «Тоҳир ва Зӯҳро» – Венера Қориёқубова, ки нақши хурдсолии Зӯҳроро бозидааст. 
Вай холадухтари иҷрокунандаи нақши асосӣ (Зӯҳро) – Юлдуз Ризоева, фарзанди Муҳиддин Қориёқубови номвар.  
Калонсолон тоқат мекарданд-куя, ин ду «эркатулфор» аз гуруснагӣ то ҷое расидани худро пинҳон намедоштанд. Ҳеҷ набошад барои ин ду бача бояд қути лоямут пайдо кард. Вале чӣ тавр? 
Дар ҳамин гуна вазъ Машраб Юнусов ҷони ҷавони худ, ояндаи худро ба хатар гузошта бошад ҳам, таваккалан радиокарнайҳоро ба чаҳор тараф устувор созонд ва хоҳиш кард баландгӯякҳоро ба кор андозанд. Худ назди микрофон омад ва бо овози фораму шикаста ба қироати оятҳои Қуръон сар кард. Тиловати ӯ то деҳаҳои дурдаст танин андохт. Дин таҳқиқ ва муллоҳо ҳабс шудаанд, рӯҳониёни гурехтаву ҷонашонро халоскарда дар ҷойҳои бегона, кӣ будани худро пинҳон дошта, ҳаросон рӯз мегузаронанд. Дар ҳамин гуна шароит Қуръон  – бо овози баланд!?  Одамон, ки дер боз қироат нашунида буданд, ба гӯшҳои худ бовар намекарданд. Ва онҳо тоқа-тоқа, ба гӯшҳояшон бовар карда-накарда аз кулбаҳои худ баромаданд, ба ҷонибе, ки Қуръон садо медод, оҳиста роҳ пеш гирифтанд. Омаданд, нишастанд, баъде ҳама «омин» гӯён даст ба рӯ кашиданд, М. Юнусов ба онҳо рӯй овард: «Аҳволамон вазнин, ҳеҷ не ба хотири ҳамин ду кӯдак имкон агар доред, хайр кунед. Баъде роҳ ба Тошканд барқарор шуд, қарзро мегардонем».
Ба артистон ва гурӯҳи эҷодӣ, хусусан, ба М. Юнусов, ки бо нури сураҳои осмонӣ қалбашонро рӯшан сохт, бо чашми дигар нигаристаанд хӯҷакатиҳо. Гуфтанд ба «баргардондани қарз» ҳоҷат нест, барои дастгириатон кори аз дастамон меомадаро мекунем. Ва гарчанд худ аҳволи ночор доштанд, ба хонаҳо баргашта, бо як чиз-ним чиз ба назди меҳмонон омаданд: кадоме нон овард, кадоме ярма, дигаре ҷуворимакка...
– Наздик ду моҳ дар Хӯҷакент мондем, – ҳикоят мекард раҳматӣ Машрабака, – дар кӯҳистон, аз афт, ягон мулло намонда будааст, кадоме вафот кунад, барои  ҷаноза маро гирифта мебурданд, барои хидмат чизе медоданд ва ман чизи овардаамро ба рӯйи дасторхон мегузоштам. Аввал ду кӯдакро фикр мекардем, сонӣ шиками дигаронро. 
Ҳамин тавр, вақте Тоҳирро даруни сандуқ ниҳода, ба об сар медодем, ба танамон андак қувва, ба  рӯямон сурхӣ давида буд.
Хатмкардаи Қуръон Машраббобо гоҳ бо табассум мегуфт ин суханҳоро, гоҳ бо қиёфаи ҷиддӣ.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: