ДАР РОҲИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

ё сухане чанд аз зиндагӣ, осор ва корномаи Саидризо Ализода

Ин марди, ба ифодаи Раҳим Ҳошим, “гармрӯй, хушрафтор ва хушгуфтор”, ки исмаш Саидризо Ализода аст, яке аз аввалин фидоиёни роҳи эҳёи забон, фарҳанг, муборизони соҳаи маориф ва матбуоти нави тоҷик дар солҳои аввали инқилоби болшевикӣ буда, хидматҳояш дар пешрафти ҷомеа номашро ҷовидон ҳифз хоҳад кард.  
Саидризо Ализода соли 1887 дар Боғишамоли Самарқанд дар хонаводаи ҳунарманди шоҳибоф, марди босавод ва илмдӯст Мирмуҳсин ба дунё омадааст. Саидризо дар бораи решаи хонаводагиаш, ки сокинони аслии Боғишамоли Самарқанд будаанд, борҳо навиштааст. Аз ҷумла, дар яке аз мақолаҳояш эронӣ будани волидайнро таъкид карда, навиштааст, ки “дар соли 1200-и ҳиҷрӣ (1786-и милодӣ) дар ҷанги амири Бухоро Мирмаъсум ва хони Марв Байрамалихон, ки ба воситаи хиёнати ваҳшиёнаи амири Бухоро Марв суқут кард ва Байрамалихон мақтул гардид, асирон аз Марв ба Бухоро омадаанд ва қисме дар Бухоро монда, боқӣ ҳамагӣ ба шаҳрҳои гуногуни Туркистон пароканда шудаанд. Аз ҷумла, як қисми онҳо дар Самарқанд ҳастанд, ғолиби онҳо дар маҳали Боғишамол сукунат доранд”.
Саидризо Ализода бо саъю талоши падараш, ки одами таҳсилдида буд, соҳиби савод шуда, аз ҷавонӣ рӯзнома ва китобҳоеро, ки дар Озарбойҷон, Эрон ва Ҳиндустон чоп мешуданд ва дар даҳаи аввали садаи бист дар Самарқанд низ дастраси мардум мегардиданд, бо майлу рағбати тамом мехонд ва ин яке аз омилҳои таконбахши ҷустуҷӯҳои ӯ барои муайян кардани роҳи ояндаи зиндагиаш гардид. Омили дигари муҳиме, ки ба фаъолияти минбаъдаи ӯ таъсиргузор будааст, шиносоӣ бо Шайх Абулқосим ном марди олим ва рӯҳонии тараққипарвару озодихоҳи озарӣ буд, ки дар Самарқанд паноҳанда шуда, бо таъсиси мактаби усули нав дар пешрафти маънавии мардуми Самарқанд, аз ҷумла Саидризо Ализода, саҳми бузург гузоштааст. 
Саидризо Ализода дар мактаби Шайх таҳсил карда, баъди рафтани вай, ҳамчунон ки Ҳасан Ирфон ёдоварӣ мекунад, мудирӣ ва муаллимии ин мактабро бар ӯҳда доштааст. Саидризо баъдтар дар мактаби нави Саидмаҳаллаи Самарқанд муаллимӣ карда, дар ин муддат садҳо нафар фарзанди мардумро бе пул соҳиби хату савод намудааст. Вале ба сабаби он ки маоши ночизи муаллимӣ зиндагиашро таъмин намекард, вай маҷбур мешавад, ки баъд аз дарс ба чопхонаи Дамиров ва Слияновҳо рафта, ҳуруфчинӣ кунад.
Дар ҳамин солҳо дар Самарқанд рӯзномаи русие бо номи “Самарқанд” интишор меёфт, ки бо тамоюли иҷтимоию озодихоҳиаш, на фақат дар Осиёи Миёна, балки дар миёни матбуоти ошкорбаёни Русия низ қарина надошт. Ин рӯзнома барои Саидризо Ализода аввалин мактаби таҷрибаомӯзӣ дар кори матбуот ва ошноӣ бо ҳаракатҳои инқилобию озодихоҳӣ гардид. Фаъолияти корӣ ва диди амиқи шинохти тамоюлҳои пешрави ҳаёти ҷомеа ба ӯ имкон дод, ки дар хати пеши ҳақталошони озодихоҳ қарор гирад ва ба ҳимояи забон ва мактабу маорифи тоҷикӣ бархезад. 
Ӯ ҳангоми кору фаъолият дар рӯзномаи ёдшуда ҳам  бо кори матбааву матбуот ошноӣ пайдо кард, ҳам донишашро аз забон ва адабиёти рус такмил бахшид. Дар фаъолиятҳои баъдинааш таҷрибаи кор дар матбаа ва донистани забони русӣ нақши муҳим бозид. Тавоноии касбӣ ба ӯ имкон дод, ки аз рӯзҳои нахустини таъсиси нашрияҳои маорифпарвари тавоно, яке аз шахсиятҳои машҳури сиёсӣ ва бунёдгузори матбуоти нав дар Осиёи Миёна Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ – рӯзномаи сезабонаи “Самарқанд” ва маҷаллаи дузабонаи “Ойина” чун масъули бахши тоҷикӣ фаъолият карда, ормонҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангии форсизабонони Осиёи Миёнаро расонаӣ мекунад ва дар ташаккули тамоюли озодихоҳӣ таъсири амалӣ мерасонад.
Дар он солҳо диққати ин марди ояндабин, маорифпарвар ва публитсисти оташсуханро бештар масъалаҳои забон ва мактабу маориф ба худ кашида буд, ки дар мақолаҳои арзишмандаш дар рӯзномаи “Самарқанд” ва маҷаллаи “Ойина” мушкилоти мактабу маорифро мавриди арзёбӣ қарор медод. Масалан, дар хабари “Мактаби мардуми Боғишамол”, ки дар шумораи ҳафтуми рӯзномаи “Самарқанд” чоп шуда буд, навиштааст: “Мактаби исломия, ки ба тариқи усули ҷадид дар Боғишамол аз муддати 5 сол то  кунун кушода ва дар он аз 60 то 80 нафар шогирд ба луғати туркиву форсӣ ва русӣ ба хондан машғул буданд, ба наздикӣ бинобар бепулӣ ва қадри мактаб надонистан, баста шуда, шогирдонаш боз ба бекорӣ ва говчаронӣ рӯ ниҳоданд. Қариб 10 ҳазор эрониёни Боғишамол як мактабро зинда нигоҳ надоштанд, ки хеле ҷойи таассуф аст. Аз ин зиёдии нуфуси боло чӣ фойида?”
Маҳз дар ҳамин давра, яъне дар соли 1905 дар қатори коргарони  чопхонаи Самарқанд дар корпатоӣ иштирок кардааст, ки ин аввалин қадами ошкорои ӯ дар роҳи озодихоҳӣ буд. Саидризо Ализода баъди Инқилоби Октябр низ як-ду сол муаллимӣ карда, сипас дар тӯли бист сол дар соҳаи матбуот ва нашриёт кору фаъолият намудааст. Солҳои охири ҳаёташ дар Дурулфунуни давлатии Ӯзбекистон дар Самарқанд аз фанҳои забонҳои тоҷикиву арабӣ дарс гуфтааст.
Ҳасан Ирфон, ки домоди Сайидризо Ализода буда, аз ӯ таълим ҳам гирифтааст, дар ёдномааш меоварад, ки “Ализода дар ин муддати ҳаёти худ бо рӯҳониёни ҷоҳил ва пайравони онҳо хеле мубориза бурда, борҳо дергоҳи шаб ҳангоми баргаштан аз матбаа ба ҳамлаи номардонаи бадхоҳон дучор омада ва дар сояи пурдилӣ ва чобукдастии худ ҷон ба саломат бурд”. (Ҳасан Ирфон. Дар кулбаи косибон. – Душанбе: Ирфон, 1964, с.81).
Бо ташаббуси бевостаи ин марди наҷиб соли 1919 бо ҳадафи беҳтар ба роҳ мондани кори таблиғу ташвиқ дар байни мардуми тоҷикзабон дар ҳайати ҳукумати Туркистон шӯъбаи форсӣ ташкил ёфт ва худаш мудири он таъин гардид. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи ӯ 1-уми марти соли 1919 ҳафтавори “Шуълаи инқилоб” ба фаъолият оғоз кард, ки дар муддати кӯтоҳи фаъолияташ зери раҳбарии Саидризо Ализода дар ҳаёти маънавии ҷомеаи форсизабонони Осиёи Миёна таъсири фавқулодда доштааст.
Саидризо Ализода дар яке аз шумораҳои “Шуълаи инқилоб” навишта буд, ки “Комитети ҳизбии вилояти Самрқанд чун ҳомии ранҷбарони иштирокиюн мебошад, ин дархостро бидуни чуну чаро пазируфта, на ин ки танҳо ёрии чизӣ, балки махориҷи нашри маҷалларо тамоман бар ӯҳдаи худ гирифта, вайро ношири афкори худ қарор дод”. (Шуълаи инқилоб. – 1919 –10-уми апрел).
7-уми марти соли 1919 Саидризо Ализода муҳаррири “Шуълаи инқилоб” таъин мегардад ва то баста шудани ҳафтавор нафақат ҳамчун роҳбар ба фаъолияти ин нашрия роҳбарӣ мекунад, балки ҳамчун рӯзноманигори публитсист доир ба вазъи иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа мақолаҳо ва гузоришоти қобили мулоҳизаеро бо мақсади ислоҳи муҳити ҷомеа ба нашр мерасонад. Вале душманони адабу фарҳанги миллат аз аввалин рӯзҳои фаъолияти ин нашрия ва сармуҳаррири он душмании худро пинҳон надошта, зидди он мубориза карданд. Саидризо Ализода ҳанӯз дар шумораи дувуми нашрия таҳти унвони «Як суйиқасди ғаразкорона ба муқобили маҷаллаи мо” мақолае чоп карда, аз ҷумла навишта буд, ки “Ҳануз шумораи аввали маҷаллаи мо қадам ба майдони матбуот нагузошта, ҳануз “Шуълаи инқилоб” шуълаи дурахшони худро ба ҷое наафшонда буд, ки дастаи шабпаракон аз тарси он ки чашмони ғаразбинашонро хираву торик кунад, ба даври ҳам гирд омада, аз пайи хомӯш кардани ин шуъла камар бастанд ва барои қатли ин бачаи зоиданашуда омода гардиданд. Инҳо барои буридани забони як ҷамоаи Туркистон, ки тақрибан 2 милён нуфус дорад, шамшерҳои худро тез карданд”.
Саидризо Ализода бо дастгирии комитети вилоятии ҳизби коммунист то тавонист ин ҳафтаворро ҳифз ва нашр кард. Вале дар ниҳояти кор ҳизб нашрияро маблағгузорӣ накард ва сармуҳаррир ба сабаби набудани маблағи нашр маҷбур шуд фаъолияти “Шуълаи инқилоб”-ро қатъ ва бо хонандагони худ “худоҳофизӣ” кунад.
Дар тамоми давраи мавҷудияти ҳафтавори “Шуълаи инқилоб” Саидризои Ализода нафақат таҳриру такмили маводҳои нашрияро бар ӯҳда дошт, балки бо вуҷуди ба ғайр аз таҳрири нашрия ба корҳои давлатӣ банд буданаш, аксари мақолаҳову гузоришоти ҳафтаномаро худаш менавишт. Дар як муддати кутоҳи фаъолияти нашрия ӯ бештар аз 200 хабару мақола ва гузоришҳои  гуногунҳаҷмро ба чоп расонидааст, ки масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Осиёи Миёнаро  дар бар гирифтаанд.
С. Ализода дар мақолаҳояш ба воқеиятҳои таърихи дирӯзаву онрӯзаи миллат ҳамчун рӯшанфикри ояндабин нигариста, талош мекард ба мардум фаҳмонад, ки ба воқеиятҳои сиёсиву иҷтимоӣ бо чашми ибрат нигаранд ва ба ояндаи худу фарзандонашон бепарво набошанд. Аз бепарвоии ҳаммиллатонаш нисбат ба сарнавишти худ гилаомез чунин навишта буд: “Ҳарчанд зулму ситами дигаронро кашидем ва ҳар қадар ки ҷабру озори бегонагонро дидем, лекин дареғо, ки ҳеч бедору ҳушёр нашудем. Афсӯс, ки ҳеч дарси ибрат нагирифтем. Мо гӯё, ки ба зулму ситам кашидан хӯ гирифтаем, дар бандагию асорат зистан оддӣ шудаем. Мо гӯё, ки фақат барои кашидани бори дигарон офарида шудаем. Мо бояд, ки аз ин зиндагонию хорию расвоӣ ҷудо шавем!...
Мо аз ҳодисаҳои даҳшатангези даҳр, аз воқеаҳои ибратомези замон панд намегирем, панд гирифта, айбҳои худро ислоҳ намекунем, хатоҳои худро дуруст наменамоем. Гӯё, ки бо маданияти пешинаамон, бо шарафу номуси собиқамон қобилият ва истеъдоди мо низ як ҷо рафтааст ва маҳв шудааст. Ҳар гоҳ ин аҳволоти худро ба назари диққат гирифта, фикри ғавде (амиқ) намоем, яқин хоҳем кард, ки аз рӯзи сиёҳи оянда, аз яъсу навмедиҳои рӯоваранда ба ҳеч ваҷҳ халосӣ ёфтан барои мо мумкин нест”. 
Ҳамин тамоюли фикрӣ ва ислоҳотхоҳӣ Саидризо Ализодаро во доштааст, ки дар бораи ояндаи миллат андешад ва масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар мақолаҳову гузоришоташ матраҳ созад. Ба ин далел, дар мақолаи “Талабаҳо курси муаллимин бихонанд” ба масъалаи парваришу омӯзиш таваҷҷӯҳ кардани ӯ тасодуфӣ набуд. Дар ин мақола вай аз боби камбудиву норасоиҳои курси муаллимин дар Самарқанд сухан карда, таъкид варзидааст, ки “сахттарин дард ин ҷост, ки мо ин ҳолро дар байни як даста авоми нодон, як гуруҳи торики ҷоҳил, ки бӯе аз тамаддун ва баҳрае аз маърифат ба машоми онҳо нарасидааст, мушоҳида намекунем, балки аз як ҷамоаи тозафикр, ки имрӯз барои такмили маърифат ва камол барои  такмили илму фазли худ дар як нукта гирд омадаанд ва фардо ҳар як дар як нуктаи мамлакат далел (роҳнамо)-и як қавм ва ҳодии ҷамоа хоҳанд шуд, мулоҳиза менамоем”.
Саидризо Ализода дар он солҳои тақдирсоз дар боби саранавишти аҳолии Боғишамол андешида, аз ҷумла менависад, ки “аз он ҷое, ки 96 сол дар таҳти асорати амирони Бухоро ва 50 сол ҳам дар зери истибдоди рус воқеъ буда, аз ҳамаи ҳуқуқи сиёсиву иқтисодиашон маҳрум буданд, лиҳозо аз офтоби равшани тамаддун ва аз нури дурахшони маориф ба куллӣ бебаҳра мондаанд. Инҳо ба маҳкумияту зердастӣ, ба зиллату хорӣ чунон хӯ гирифтаанд, ки на машрутият ва озодии Эрон, на ҷумҳурият ва ҳуррияти Турон, ба ҳоли онҳо заррае таъсир набахшидааст”. 
Ӯро мактабу маорифи сокинони Боғишамол ба ташвиш оварда, бақои онҳоро дар такмили мактабу мактабдорӣ мебинад ва меафзояд: “Ҳой, эй эрониёни Боғишамол! Бидонед ва огоҳ бошед: замон замони тамаддун ва маориф аст, ҳангом ҳангоми тараққию ирфон аст! Агар зиёда бар ин, дар ғафлату ҷаҳолати худ боқӣ монед, ҳамаи ҳуқуқи зиндагии худро гум хоҳед кард, то ба илму маърифат чаҳордаста начаспед, помол хоҳед шуд, помол!... Агар дар ҳамчунин замони озодӣ ҳуқуқи худро нагиред, куфрони неъмат кардаед. Фаромӯш накунед, ки то бача нагиряд, шир нанӯшад. Ва гиряи шумо илм асту маориф, тарбияту тамаддун!...
Кас нахорад пушти ман,
Ҷуз нохуни ангушти ман!...”
Дар баробари  мактабу маориф ӯ аз забон низ ҳимоят карда, дар мақолаи “Шуъбаи форс дар ҳузури идораи корҳои миллӣ” оид ба вазифаи ин шуъба, ки роҳбараш худи ӯ буд ва нақши забон дар ҷомеаи миллӣ менависад: “Забон рукни азими миллат аст, ки ба маҳзи гум шудани забон ҳамон миллат, ки мутакаллим ба он забон аст, гум ва нопадид хоҳад шуд. Ҳеч миллате дар дунё наметавонад ҳастӣ ва мавҷудияти худро таъмин кунад, магар бо нигоҳдорӣ ва муҳофизати забони модарии худ. Аз ин рӯ, ҳар миллат ҳақ дорад забони модарии худро гиромӣ дорад, азиз шуморад, муҳофизат кунад, то ки аз вартаи инқироз ва нобудӣ худро халос намояд”.
Саидризо Ализода яке аз аввалин муаллифони китоби дарсии “Сарфу наҳви забони тоҷикӣ”  ва ҳаҷвнигор буда, мақолаҳои ҳаҷвиашро дар ҳафтавори “Шуълаи инқилоб” ва нашрияҳои баъдӣ таҳти унвони “Тозиёна” ва аксаран бо имзои «Занбӯр» ва «Чарандгӯй» чоп кардааст. Аввалин гӯшаи ҳаҷвиро дар матбуоти тоҷик Ализода дар ҳафтавори “Шуълаи инқилоб” таъсис дода ва ба он “Тозиёна” ном ниҳодааст. 
Тамоюли фикрии С. Ализода дар навиштаҳои ҳаҷвиаш хусусияти худшиносиву худогоҳии миллӣ дошта, дар он рӯзгор ба мақсади баланд бардоштани худшиносии миллӣ равона карда шудааст. Аз ҷумла, муаллиф дар ин гуна ҳаҷвияҳояш дурӯягиву замонасозии тоифаи мардумро зери тозиёнаи танқид гирифта, нашинохтан ва қадр накардани манфиатҳои миллиро ҷурми нобахшиданӣ медонад.
Он чӣ дар бораи Сайидризо Ализода ва осори ӯ гуфтем, кам аст. Доираи фаъолияти адабиву рӯзноманигории ӯ хеле васеъ буда, ба омӯзиш ва арзёбии ҷудогона ниёз дорад. Чеҳраи инсонӣ ва ҳунарии ин марди шариф, ки аз замони «каҷдору марез» наҳаросида аз забон, мактабу маориф, худшиносиву худогоҳии миллӣ ҳимоят  кардааст, дар ҳилоли навиштаҳояш азизи мардуми огоҳ боқӣ хоҳад монд.

Ҷумъа ҲАМРОҲ,
мудири кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқи хориҷаи Донишгоҳи 
давлатии Самарқанд, 
доктори фанҳои филология,
 профессор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: