ҶАШНВОРАҲОИ МУШТАРАКИ БОШУКӮҲ ДАР ЧИРЧИҚ

Мактаби таълимоти умумии рақами 25-уми шаҳри Чирчиқ намои идона касб карда буд.

Мактаби таълимоти умумии рақами 25-уми шаҳри Чирчиқ намои идона касб карда буд. Дар даромадгоҳи он чанд навиштаҷот ба назар мерасид, ки ба гиромидошти 580-солагии адиб, олим ва арбоби давлатӣ Мир Алишери Навоӣ ва 538-солагии шоҳ ва адиби маъруф Заҳириддин Муҳаммад Бобур бахшида шудаанд. Омӯзгорон ва як гурӯҳ толибилмон меҳмононро хайрамақдам мегуфтанд ва ба сӯи толори барҳавои бинои мактаб роҳбаладӣ мекарданд.
Саҳнаи толор хеле хуб оро ёфта буд. Дар девор сурати калони инъикоскунандаи муҷассамаи устоду шогирд – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ дар шаҳри Душанберо овехта буданд. Дар пештоқи саҳна ин катибаро хондем, ки ба забонҳои давлатӣ ва тоҷикӣ навиштаанд: “Ёди бузургонро ҳамеша гиромӣ медорем!”  
Маълум шуд, ки ин маҳфили ширу шакар бо ташаббуси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони шаҳри Чирчиқ «Суғдиён» ва ҳокимияти шаҳр, ҳамчунин бахши шаҳрии ташкилоти таълими томактабӣ ва шӯъбаи таълими халқи ин шаҳр  роҳандозӣ шудааст.  
Ҳокими шаҳри Чирчиқ Санҷар Юсупов гуфт, ки Мир Алишери Навоӣ аз шогирдони босадоқати Абдураҳмони Ҷомӣ муаррифӣ шудааст. Метавон гуфт, ки онҳо риштаҳои дӯстиву рафоқати байни ду халқи бародарро асос бахшидаанд ва дар мустаҳкамшавии он низ нақши муҳим бозидаанд. Ҳокими шаҳр ҳамзамон Бобур Мирзоро аз зумраи шоҳоне арзёбӣ кард, ки дар мулки афғону ҳинд фарҳанги мардуми туркизабонро тарғиб ва тараннум намудааст. 
– Баргузории ин маҳфил мусоидат менамояд, ки ба ин баҳона мо меҳмонони хеле азизро дар ин ҷо пазироӣ кунем ва ба дидори онҳо мушарраф шавем. Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон ва Қароқалпоқистон Аҳмадҷон Шукуров, Ҳофизи халқии Ӯзбекистон Сойибҷон Ниёзов, Ҳунарманди шойистаи ҷумҳурӣ Аҳмадҷон Дадаев, як гурӯҳ шоирону нависандагон, журналистон ва омӯзгорони собиқадор дар ин маҳфил ширкат доштанд. Барои ҳамин чорабинии мазкур ҳамчун ҳодисаи пурҷило ва хотирмони фарҳангии шаҳри Чирчиқ дар китоби таърихи шаҳрамон, хоссатан ин мактаб сабт хоҳад шуд, – изҳор кард Санҷар Юсупов.
Вақте ки навбати овозхонӣ ба Аҳмадҷон Шукуров дода шуд, вай изҳор кард, ки кайҳост ҳисси шодиву хурсандӣ ҷисму ҷони ӯро фаро гирифтааст, зеро ба шарофати Президенти мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев дар кишварамон дигаргуниҳои куллӣ рух медиҳанд.  
– Баъди солҳои дароз дар маъракаҳову маҳфилҳо хондани шеъру сурудҳои тоҷикӣ ба ҳукми анъана даромад. Ҳоло дари тамоми имкониятҳо барои тоҷикони ҷумҳурӣ боз гардидаанд. Чорабинии фарҳангӣ, ки мо ширкат дорем, аз дӯстиву рафоқати миёни ду халқ шаҳодат медиҳад, – гуфт Аҳмадҷон Шукуров. 
Саҳнаро як гурӯҳ занону духтарон бо рақси бухорӣ ишғол карданд. Онҳо намоиш доданд, ки тарбиятгарони ташкилоти таълими томактабӣ низ ҳунари волои раққосиро азхуд кардаанд ва таваҷҷӯҳи шефтагони ин ҳунарро ба худ ҷалб карда метавонанд. 
Навбат ба доиранавозони наврас расид. Онҳо бо санъати волои худ тамоми аҳли толорро ба шавқу завқ оварданд. Яке аз ҷолибияти ин маҳфил дар он зоҳир мешуд, ки ба тариқи ширу шакар мегузашт. Ҳам ба забони ӯзбекиву тоҷикӣ шаъру ғазал ва рубоиҳои Навоиву Бобурро қироат мекарданд, ҳам суруду мусиқӣ ба ҳам омезиш ёфта, ба шукӯҳи маҳфил шукӯҳи тоза мебахшид.
Дар пайи рақсу суруд ва қироати шеър ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ навбат ба намоиши саҳнаҳое расид, ки аъзои дастаҳои худфаъоли ташкилоти таълими томактабӣ ва мактаби таълимоти умумии рақами 25-уми шаҳр муддати дароз ба он омодагӣ гирифтаанд ва хеле хуб тайёр кардаанд. Ростӣ, маҳорати тарбиячиён ва омӯзгорону шогирдони онҳо қобили таҳсин буд. Онҳо ҳаракат мекарданд, ки нақши худро ҷаззоб ва мақбул иҷро кунанд. Интихоби либосҳои марбут ба замони Алишери Навоӣ ва Мирзо Бобур  низ қобили эътироф қарор гирифт. 
Яке аз саҳнаҳои ҷолибро хонандагони синфи 11-ум тайёр кардаанд. Муҳтавои порчаи саҳнавӣ аз асари “Ситораҳои шабонгоҳ”-и Заҳириддин Муҳаммад Бобур гирифта шудааст. Порча маънавияти воло ва ҳурмати Бобур Мирзо нисбати модарашро бозгӯӣ мекард.
– Дарвоқеъ, маҳфили бисёр гуворову дилчасп баргузор шуд. Таъкид карданиам, ки барнома барои тамошобинон хеле ҷолиб буд. Занҳо нақши мардҳоро бозиданд. Аммо маълум нашуд, ки бозингарони нақшҳо ҳамон занҳое ҳастанд, ки дар муассисаи таълими томактабӣ ё мактаби таълимоти умумӣ тарбиячӣ ё омӯзгори оддӣ шуда кор мекунанд. Аҳсан!– гуфт бо шавқ устоди Донишкадаи омӯзгории вилояти Чирчиқ Алиҷон Каримҷонов.
– Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Чирчиқ дар оянда низ чунин чорабиниҳои фарҳангиро баргузор хоҳад кард. Наврӯз наздик меояд ва ҳамаи шуморо ба сайри Гули лола ва Наврӯз даъват мекунам, – гуфт раиси марказ, директори мактаби рақами 25 Орзугул Абдураҳмонова.
Баъд оҳанги шӯх танин андохт ва гурӯҳ-гурӯҳ занону духтарон ва ҷавонписарон ба рақс даромаданд. Онҳо ифтихор мекарданд, ки чорабинӣ хеле бошукӯҳ гузашт ва дар ин кор онҳо низ саҳми хеле калон гузоштанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: