ҶАШНВОРАИ СӮЗАНӢ ВА КАШИДАДӮЗӢ ДАР НУРАТО

  • ҶАШНВОРАИ СӮЗАНӢ ВА КАШИДАДӮЗӢ ДАР НУРАТО
  • ҶАШНВОРАИ СӮЗАНӢ ВА КАШИДАДӮЗӢ ДАР НУРАТО

Дар маҷмӯи таърихию меъмории «Чашма»-и ноҳияи Нурато аз ҷониби ҳокимиятҳои вилояти Навоӣ ва ноҳияи Нурато, раёсатҳои сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ, иттиҳодияи «Ҳунарманд» ҷашнвораи ҳунарҳои миллии «Сӯзанӣ ва кашидадӯзӣ», ки арзишҳои моро таҷассум мекунанд, баргузор гардид.

Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 30 апрели соли 2022 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба диверсификатсияи хидматрасониҳои дохилии сайёҳӣ», дар ҷашнворае, ки дар доираи  барномаи  «Дар саросари Ӯзбекистон саёҳат кунед!» баргузор шуд, қариб 200 нафар намояндагони ҳунарҳои мардумӣ ширкат доштанд. Қолинҳои дастибофт ва дигар ҷиҳозҳои ҳунармандӣ, осори санъати тасвирӣ ба намоиш гузошта шуданд.
– Яке аз ҳунармандиҳои миллӣ, ки таҷассумгари таъриху фарҳанги чандинасраи мост, маҳз кашидадӯзии Нурато ба ҳисоб меравад, – мегӯяд муовини аввали сардори сарраёсати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии вилоят Дилшод Хоҷаев. – Ин аст, ки дар ноҳияи Нурато ҳамасола бо мақсади ҳифз ва қадр кардани мероси ниёгон фестивали «Сӯзанӣ ва кашидадӯзӣ» баргузор мегардад. Дар доираи ҷашнвора, ки бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани иқтидори сайёҳӣ, ташкили истироҳати пурмазмуни сайёҳон ва сокинони маҳаллӣ дар мавсими сайёҳӣ, инчунин зиёд намудани ҷараёни сайёҳон баргузор  мешавад, мусобиқаҳои гуштӣ, ресмонкашӣ, сангбардорӣ ва дигар бозиҳои мардумӣ, ки арзишу анъанаҳои миллии моро таҷассум мекунанд, гузаронда, паҳлавонони мо маҳорати худро намоиш доданд.
Дар чорабинӣ савту суруду бадеҳаҳои аз репертуари дастаҳои фолклорӣ ҷойгирифта иҷро карда шуданд.
Дар фарҷоми ҷашнвора аз ҷониби созмондиҳандагон ба иштирокчиён ва ғолибони озмунҳо ифтихорнома ва туҳфаҳои қиматбаҳо супорида шуд.

Абдувалӣ БӮРИЕВ,
мухбири ӮзА.
Суратгир: 
С. АСЛОНОВ (ӮзА.)

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: