ҶОИЗАИ МИЛЛИИ XVII «ОЛТИН ҚАЛАМ» («ҚАЛАМИ ТИЛЛОӢ»)

Иттифоқи Журналистони Ӯзбекистон бо мақсади васеъ оммавӣ гардондани беҳтарин дастовардҳои журналистикаи миллӣ ва байналмилалӣ, ташаккул додани тарзи тафаккури нав мутобиқи рӯҳияи Ӯзбекистони Нав, пойдор сохтани арзишҳои умумибашарӣ, таъмини ҳуқуқи халқамон дар соҳаи иттилоот, пурзӯр гардондани эътибор ба инсон дар кишварамон, баланд бардоштани шууру тафаккури одамон, таҳкими фазои ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар ҷомеа, фароҳам овардани шароит барои намоиши мавқеи фаъолонаи шаҳрвандии коркунони ВАО,

Озмун як ҷоизаи асосии миллӣ ва панҷ самти асосиро – телевизион, радио, нашрҳои чопӣ, интернет-журналистика (ҷоизаҳои 1, 2, 3 дар ҳар самт) ва оиди беҳтарин маводи журналисти хориҷӣ дар бораи Ӯзбекистон (нашрҳои чопӣ, телевизион, интернет – як ҷойи аввал, 4 ҷойи дуюм) дар бар мегирад.
Инчунин аз рӯйи номинатсияҳои зерини ҳавасмандкунанда ташкил карда мешавад.
1. Барои маводе, ки мавзӯи «Эътибор ба инсон»-ро беҳтар инъикос намудааст 
2. Барои маводе, ки «Ислоҳоти соҳаи таълим» беҳтар равшан карда шудааст
3. Барои беҳтарин мавод оиди мавзӯи «Оила ва маҳалла» инъикосшуда
4. Барои маводе, ки мавзӯи «Ҳарбӣ-ватанпарварӣ» беҳтар инъикос шудааст
5. Барои маводе, ки мавзӯи «Арзишҳои миллӣ»  беҳтар инъикос ёфтааст
6. Барои маводе, ки мавзӯи « Тарзи ҳаёти солим ва варзиш» беҳтар равшан карда шудааст
7. Барои беҳтарин маводҳои «Ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ»
8. Барои маводе, ки масъалаҳои «Шуғл ва  ҳифзи иҷтимоӣ» беҳтар инъикос шудааст
9. «Фаъолтарин барандаи телевизион ва радио»
10. «Барои китоби беҳтарини соли 2022 дар жанри публитсистӣ нашршуда»
11. «Барои беҳтарин фоторепортаж»
12. Барои маводе, ки «Мушкилоти экологӣ» васеъ равшан шудаанд. 
Ба ғолибон ва ҷоизадорони озмун:
Ба соҳиби ҷоизаи асосии миллии озмун дипломи махсус, ҳайкалчаи «Олтин қалам»  ва мошини сабукрав тантанавӣ супурда мешавад.
Ғолибони ҷойи якум бо диплом, ҳайкалчаи «Олтин қалам» ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 200 баробари ҳаҷми ҳисоби базавӣ мукофотонида мешаванд.
Ғолибони ҷойи дуюм бо диплом, ҳайкалчаи «Олтин қалам» ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 175 баробари ҳаҷми ҳисоби базавӣ мукофотонида мешаванд. 
Ғолибони ҷойи сеюм бо диплом, ҳайкалчаи «Олтин қалам» ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 150 баробари ҳаҷми ҳисоби базавӣ мукофотонида мешаванд.
Ғолибони номинатсияи рағбатноксозӣ бо диплом,  ҳайкалчаи «Олтин қалам» ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 100 баробари ҳаҷми ҳисоби базавӣ мукофотонида мешаванд.
Дар озмун аз 5 то 7 маводе, ки аз 31 марти соли 2022 то 31 марти соли 2023 дар нашрияҳои чопӣ ва интернетӣ нашр шудаанд, тавассути радио ва телевизион пахш шудаанд, баррасӣ мешаванд.
Асарҳои эҷодӣ ба озмун тавассути шуъбаҳои ҳудудии Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон, ба воситаи намояндагиҳои давлати мо дар кишварҳои хориҷӣ бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин бевосита аз муаллифон дар шакли электронӣ аз рӯзи дар матбуот эълон карда шудани озмун то 15 апрели соли ҷорӣ қабул карда мешаванд.
Дар ин раванд маводҳо оид ба матбуот (дар файли PDF, ҳар як мавод алоҳида);
оид ба нашрҳои интернетӣ бо нишон додани ҳаволаи (пайванд, истиноди) мавод;
видеоматериалҳо дар телевизион (аз 3 то 30 дақиқа дар формати телеграмм (бо шарҳи мухтасар, баёни мазмуни мухтасар);
материалҳои аудиоӣ оид ба самти радио (аз 3 то 30 дақиқа, бо шарҳи мухтасар, баёни мазмуни мухтасар);
корҳои эҷодӣ дар номинатсияи фотожурналистика (дар форматҳои JPEG, TIFF ва PNG бо шарҳи мухтасар, баёни мазмуни мухтасар);
Хоҳиш карда мешавад, ки маводҳо ба телеграмми (O‘zbekiston Jurnalistlar uyushmasi),  ки   ба рақами (99-466-10-25)-и  Иттифоки журналистони Ӯзбекистон кушода шудааст, фиристода шавад.
Дар озмун таҳририя, телевизион ё радио ҳамчунин дастаҳои эҷодӣ низ метавонанд як ҷамоа шуда ширкат варзанд. Дар ин раванд низ  ба тартиботи дар боло зикршуда қатъиян риоя карда мешавад.
Онҳое, ки хоҳиши ширкат дар озмунро аз рӯйи номинатсияи «Барои беҳтарин китоби жанри публитсистии  соли 2022 нашршуда» доранд, як нусхаи китоби худро ба Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон тақдим мекунанд.
Ба маводҳои пешниҳодшуда ҳуҷҷатҳои зерин илова карда мешаванд:
маълумоти мухтасар дар бораи муаллиф ва фаъолияти касбии ӯ (объективка);
нусхаи шиноснома ва рақами телефони муаллиф.
Телефонҳо барои муроҷиат:
 71-244-62-89, 71-244-64-62.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: