ҚАНДАША ХӮРАД!

Шоҳназар — махлуқи аҷоиб-ул-хилқат!

Шоҳназар — махлуқи аҷоиб-ул-хилқат! Бӯқаламун дар пеши вай номаъқул кунад. Як корҳое аз дасташ меояд, ки ақли ману шумо дар сад сол ҳам ба онҳо намерасад.
Гап бемисолу далел мисли оши  бенамак бемаза мешавад. Барои исботи сухан мисол биёрем. Масалан, мо дар маъракае нишастаем. Дар мо чӣ бисёр? Гап! Дар рафти гапфурӯшӣ ягон нафар ҳатман маддаи дилашро, яъне масалан, мекафонад, ки ду-се сол боз писарча ва ё набераашро ба ягон боғчаи баобрӯ монда наметавонад.
– Э ҳозир дар ҳама ҷо коррупсия гул-гул шукуфтагӣ. Шохаҳои он ҳатто ба болои боло рафта мерасад, – номаълум дар байни гап луқма мепартояд Шоҳназар. – Бюрократия,  коғазбозӣ, давутоз, сарсониҳои ба боғча ҷойгир кардан одама аз ҷонаш безор мекунад. Баъзеҳо инфаркт шуда, аз баҳраш мебароянд. Лекин роҳашро ёфтан мумкин...
Он одам «лиққӣ» ба доми  Шоҳназар афтода, ба зориву тавалло медарояд.
– Ҷон акаҷон, ба ҳалли ҳамин масъала ёрӣ расонед. Ман, албатта, шуморо хурсанд мекунам ва боз як умр миннатдор мешавам.
Бо ҳамин як луқмааш тамом. Осиёби Шоҳназар гардон мешавад. Гандум металабад. Бо нозу нузи сохта, вай ҳуҷҷатҳои бачаи боғчаравро талаб мекунад. Биёранд, онро ба даст гирифта истода мегӯяд:
– Ба ман ҳеҷ чиз даркор не. Ҳамон чизи нияткардаатонро дар байни ҳуҷҷатҳо гузоред, дасти ман нарасад. Ҳа, худатон медонед, ки бе ин «сабилмонда» ҳозир кор буд намешавад. Илоҳо заҳру маргашон шавад! Шумо ҳам «садқаи сари набераам шавад» гӯед.
Вай дар гардан галстук баставу сумкаи олиҷаноби сурхчармашро ба даст гирифта, бо ҳуҷҷатҳои бачаи боғчарав ба қабули сардори калони ташкилоти таълими томактабӣ медарояд. Воҳима! Дар пешонааш навишта нашудааст, ки ӯ кӣ?! Ин хел сару либос, калонгапӣ ва карру фарро дида, сардори бечора дасту по мехӯрад. Мабодо аз курсии мансабаш парад, зуд ба болои ариза имзо гузошта, корашро буд мекунад.
Кораш ба бозори мол афтад, як либосҳои ҷандае мепӯшад, ки деҳқони таппа-тайёр. Ба  моли ягон одами гӯлу гумроҳ кана барин мечаспад. Бо суханҳои асалвор ширин соҳиби молро моту қот карда, савдо мекунаду ресмонашро ба даст мегирад.
– Шумо як бозорро давр занед, акаҷон, – мегӯяд ба соҳиби мол. – Ин додарам дер монда истодааст. Пул дар дасти вай. Ҳамин овард, пулро тин ба тин шумурда, ба дастатон медиҳам.
Соҳиби мол, ки рафт, дар худи ҳамон ҷо  бо таърифу тавсифи болохонадор молро мефурӯшад. Дар ҳамин чанд муддате, ки ресмони говро дар даст дошта нишаст, 500-600 ҳазор сӯми муфт ба кисааш медарояд.
Агар ҳатӯлкории  ягон ташкилотро шунавад, ба вай Худо медиҳад. Зуд муборизи роҳи адолат мегардад. Чанд факту рақами наве ёфта, бо  дабдабаи ашрафона ба ҳамон ташкилот меравад. Аз худи қабулхона доду вой мебардорад, ки аз тарс худи роҳбар ба пешвозаш мебарояд. Баъди ба кабинети сардор даромадан маҷмӯаи кодексҳои ҷиноятиву маъмуриву хоҷагиро ба рӯйи мизи роҳбар партофта, аз осмони ҳафтум якбора ба ҳуҷум мегузарад:
– Ин чӣ гап-а, ҷаноб? Аз монархистон ҳам гузаронидед-ку! Ин амалҳои шумо ва шербачаҳоятон зидди қонуну меъёрҳои давлатӣ нест магар?! Ё ба шумо барои поймол кардани ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандон ваколати бебаркаш дода мондаанд?!
Ана баъди ин хел зарбаҳои пай дар пайи ҷонкоҳи ҳуҷуми психологии Шоҳназар зориву таваллои сардори фукбаландро бинед, аз ханда рӯдакан мешавед. Хулоса, ишками сумкааш варам кунонида, бо ҳамин баҳона боз якчанд кори худро буд карда мегирад. Дар натиҷа, ҳам роҳбари он ташкилот хурсанд, ки ҳамааш ба хубӣ анҷом ёфт, ҳам даъвогарон миннатдор, ки вай тарафашонро гирифту корашон буд шуд. Баъди ҳамин, он роҳбар аз Шоҳназар мисли Азроил метарсад. Ин дафъа равад, ки ягон мушкили ғайриқонуниашро ҳам дар чоҳорчӯбаи қонун  ҳал карда медиҳад.
Як бегоҳирӯзӣ Шоҳназар ба чойхонаи маҳалла дарояд, ки қиморбозӣ дар авҷ.
– Эҳе, бозӣ зӯр-ку! Чӯталпулӣ ба кисаи кӣ медарояд? – хандон бо телефонаш аксбардорӣ карда, аз онҳо пурсидааст.
Ҳама аз ин хел гапу воҳимаи ӯ тароша шудаанд.
Яке ба худ омада, ширинзабонӣ кардаст:
– Акаҷон, чӯталпулӣ аз шумо зиёд не, – барои он ки гапу қиссаҳои зиёд ба чор тараф паҳн нашавад, се-чоркаса чӯталпулиро ба кисаи вай андохтаанд.
– Оқибати ин кори шумо  хуб не. Инспектори корҳои дохилӣ, аз афташ, бехабар?
– Муллоакаҷон, илтимос, гап  туф карда, поймол кардагӣ барин дар ҳамин  ҷо монад, –  гӯён бо зориву тавалло пули тамоми бонкро ҳам дар рӯймолаке баста, ба дасташ додаанд.
– Ин чӣ гап-а?! Шумо дар ин ҷо қиморбозӣ кунеду зану фарзандонатон дар хонаҳоятон ба як бурда нон зор шуда шинанд?! Ба янгаҳо гуфтан даркор, ки лаҷомаки шуморо кашида монанд. Набошад...
Баъди ин хел таҳдид пулҳои охирини кисаи қиморбозон ҳам аз они Шоҳназар гардидааст.
Ана, роҳи беҳтарини тарбия: онҳо барои қиморбозӣ дар ҳабсхона нанишаста, якбора ба роҳи рост медароянд.
Вай ба мурдахона дарояд, кӣ аз он ҷо хурсанд шуда мебарояд. Имом-хатибҳо аз ӯ қимоб. Гадою ҷӯгиҳо бо вай аз рӯ ба рӯ омадан метарсанд.
Ана ҳамин хел  вай як артистест, ки тамоми ролҳоро олиҷанобона иҷро мекунад, гапдоне, ки бо сухан ҳамаро сеҳр мекунад, ҳанноти гузарое, ки шайтон аз шогирдистӣ шарм медорад, хулоса, шахси ниҳоят ифлос мебошад Шоҳназар. Ҳамаи корҳояшро як-як нақл кунем, қиссаҳои «Ҳазору як шаб» барин чандин китоб пур мешавад. Ҳа, вай аз ӯҳдаи корҳое баромада метавонаду мо – не! Барои ҳамин қандаша хӯрад!

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: