ҶОЙИ ФИРӮЗ ХОЛИСТ...

Дар оила ҳашт нафар додару хоҳарон бо нони ҳалоли чӯпонӣ ба воя расидем.

Он рӯзгор аксарияти оилаҳо серфарзанд буданд ва волидон ҳаракат мекарданд, ки фарзандонашон хонанду соҳиби касбу кори муносиб гарданд. 
Падару модари заҳматкаши ман низ писарҳоро соҳиби маълумоти олӣ намуданд. Бародарам –  Низом Бозоров Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ, ман факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Ширинбой Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тоҷикистон, Одил Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд, Нормурод коллеҷи касбу ҳунар, Фирӯз техникуми тиббии Ҷиззахро хатм кардем.
Фирӯз – додари хурдии мо, ки ҳамеша рӯйи даст буду бо навозишҳо ба воя мерасид,  хеле барвақт моро тарк кард. Дар ин сатрҳои шоир гӯё ҳолати равонии мо инъикос ёфтааст:
Туро аз даст додам, 
эй бародар,
Бародар ҷони ту бо ҷон 
баробар.
Аз он рӯзе, ки рафтӣ 
аз канорам,
Ҷаҳон мотамсаро гардид 
саросар...
Баъзан овони бачагӣ, дар хонаи танги падару модар бо меҳру садоқати бепоён ба воя расидан, ба норасоии рӯзгор сабр намуда, дар мактаб хубу аъло хонданро ёд мекунам. Аз қисмати талхи тифлаш бехабар аллаҳои модари зорамро, ки сари гаҳвораи Фирӯз мехонд, ба ёд меорам: 
Хоб кун, эй ҷони ширин, 
хоб кун,
Эй ҷигарбанди дили ман,
 хоб кун.
Алла, алла, аллаё.
Орзу дорам, ки хандон 
бинамат,
Доимо хушбахти даврон 
бинамат.
Эй давоми орзуҳои дилам,
Фахри ёрону азизон 
бинамат.
Алла, алла, аллаё...
Бояд бигӯям, ки дар тарбия, мактабравӣ ва хондану навиштанро ёд гирифтани мо саҳми модарам зиёд аст. Падарам рӯзҳои қимати худро дар саҳро, дар паси чорво мегузаронд. Нисбати мо сахтгир буд, ба модарам таъин мекард, ки бачаҳо аз мактаб намонанд. Хеле мехост, ки мо дар мактабҳои олӣ хонем. Албатта, хислатҳои хуби инсонии волидон, ки саховатманд буданду мутолиаи китобро дӯст медоштанд, ба мо – фарзандон бетаъсир намондааст. 
Фирӯз 15 майи соли 1977 дар деҳаи Сойихурд дида ба дунё кушод. Баъди хатми мактаби миёнаи рақами 43-юми ноҳияи Нурато  ҳуҷҷатҳояшро ба техникуми тиббии Ҷиззах супорид. Техникумро бо муваффақият ба поён расонда, фаъолияти кориашро дар муассисаи экспертизаи тиббии шаҳри Ҷиззах оғоз намуд. Қариб 30 сол дар ин соҳа кор кард. 
– Бо Фирӯз дар як синф мехондем. Камгап, батартиб, аълохон буд. Як хислати нек дошт. Вай талош намекард, ки ба касе маъқул шавад, бо ҳама тавре муносибат мекард, ки мехост ба ӯ ҳам ҳамин хел муносибат кунанд, ҳақиқатро гӯянд ва ҳимоя кунанд. Ошкоргӯйӣ, ҳақҷӯйӣ ва даст задан ба масъалаҳои доғи рӯзгори мардум буд, ки Фирӯзро ҳамкорон ва ҳамдеҳагон дӯст доштанд. Мушкилоти нафароне, ки ба соҳаи суд-экспертизаи тиббӣ  меафтид, албатта, ба Фирӯз муроҷиат мекарданд ва мушкилоти онҳо ҳаллу фасл мегардид. Ҳоло дар вохӯриву нишастҳо, тӯю маъракаҳои ҳамсинфон ҷойи Фирӯз холист. Ёди ин дӯсти накӯном ва хирадманди мо ҳамеша дар қалби ҳамсинфон, ҳамкорон ва бародару хоҳарон боқӣ хоҳад монд, – гуфт боре ҳамсинфи Фирӯз Пардабой Давронов.       
Саргарми кору ташвиши рӯзгор, тарбияву ба камол расондани фарзандонаш надонистааст, ки дилаш дардманд аст. Аз вафоти нобаҳангоми Фирӯз ҳама ғамгин шудем. Умед дорем, ки фарзандонаш Вазира, Севара ва Нодирҷон давомдиҳандаи кори неку номи неки ӯ мегарданд...
Бо чунин сатрҳои шоир дили худро таскин мебахшам:
Зиёрат меравам ҳар дам 
мазорат,
Мазори пур зи гулҳои 
баҳорат.
Қироат мекунам гаҳ ояте 
чанд,
Гаҳе шеъре ба ёду 
ёдгорат...

Очил БОЗОРОВ, 
омӯзгори мактаби миёнаи рақами 32-юми деҳаи Сойихурди ноҳияи Нурато.              
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: