Иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон аз назорати амиқи тиббӣ гузаштанд

Ҷанги дуюми ҷаҳон ба сари инсоният рӯзҳои душвор ва даҳшатовар овард, дилҳоро хароб кард.

Дар он рӯзҳои машъум падарон фарзандони диловари худро аз даст доданд, модарон аз доғи фарзанд дилхун шуданд, кӯдакон аз меҳри падар маҳрум монданд. Арӯсон аз ёрони вафодори худ ҷудо гардиданд. Оре, ин рӯзҳои орому осуда туфайли аз даст додани ҷони ширини писарони баҳодури халқамон ба даст омадаанд. Дар байни чунин инсонҳои фидокор Раҳмонбердибобо Мирзораҳимови сурхандарёӣ низ ҳаст. 
Мӯйсафеде, ки имрӯз ба баҳори 99-умини умри худ расид, дар 18 солагиаш ба ҷанг сафарбар шуда буд. Дар ҷараёни хидмат дар полки тирандозӣ барои осоиши Ватан шуҷоат ва мардонагӣ зоҳир намуд, бо душман мардонавор ҷангид. Дар озод кардани Белоруссия, Латвия ва Литва аз душманон иштирок кард. Ҳамдиёри дар Ғалаба саҳми муносиб гузоштаи мо алҳол дар ноҳияи Шӯрчӣ зисту зиндагӣ мекунад, давлати пирӣ меронад. Ба ҷавонон ва хонандагони мактаб дар бораи неъмати бузург будани сулҳу салоҳ ва оромиву осудагӣ ҳикоят мекунад. 
Шифокорони соҳибтаҷрибаи госпитали ҳарбии Тирмиз Раҳмонбердӣ Мирзораҳимовро ба қарибӣ аз назорати амиқи тиббӣ гузаронида, дар бораи саломатии ӯ ба аъзои оилааш маълумот пешниҳод намуданд. 
Шифокорони ҳарбӣ ҳамчунин Ҳайитбобо Мусоеви 101-соларо аз маҳаллаи Мунчоқтепаи ноҳияи Қумқӯрғон аз назорати тиббӣ гузарониданд. Шифокорон саломатии мӯйсафедро муоина карда, маслиҳатҳои зарурӣ доданд. Бо пирамард дар бораи ислоҳоте, ки алҳол дар Ӯзбекистони Нав татбиқ мешаванд, комёбиҳои хидматчиёни ҳарбии Нирӯҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон суҳбати гарм ба миён омад. 
Дар сурат: дар хонаводаи иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳон Раҳмонбердибобо Мирзораҳимов.
   Суратгир: Ҷ. ҚӮЗИМУРОДОВ. (ӮзА).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: