СИФАТИ ХИДМАТРАСОНИИ ДАВЛАТӢ МУҲОКИМА ГАРДИД

Дар ҳокимияти вилояти Самарқанд сифати хидматрасонии давлатӣ ба шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ ва ҳолатҳои қонуншиканӣ дар соҳаи хидматрасонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр гардид, ки дар соли 2023 дар соҳаи хидматрасонии давлатӣ ба 14 ҳазору 800 ҳолати қонуншиканӣ роҳ дода шудааст. Аз ин шумора дар 9988 маврид муҳлати расонидани хидмати давлатӣ вайрон карда шуда, дар 1642 маврид муроҷиатҳо беасос рад карда шудааст, дар 849 маврид ҳуҷҷатҳои зиёдатӣ талаб карда шуда, дар 425 маврид хидматрасонии бевоситаи давлатӣ расонида шудааст.
Дар ҷамъомад, ки бо иштироки роҳбарони секторҳо, корхонаю ташкилотҳои вилоят баргузор гардид, сабабҳои вайрон кардани қонун дар қиёси соҳаҳо таҳлил карда шуд.
Аз ҷумла, аз тарафи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Самарқанд сув таъминоти» (3986-то), Садорати вилоятии Палатаи давлатии кадастр ва филиалҳои минтақавии он дар шаҳру ноҳияҳо (2895-то), идораҳои сохтмон ва меъморӣ (1772-то), муассисаҳои ҳифзи тандурустӣ (1338-то), филиали самарқандии Ҷамъияти саҳҳомии «Ҳудудий электр тармоқлари» (1131-то)  ҳолатҳои вайроншавии қонун дар соҳаи хидматрасонии давлатӣ аниқ карда шуд.
Зимнан зикр гардид, ки ба номи роҳбарони мақомоти салоҳиятдор 33 тақдимнома ва 633 мактуби огоҳкунанда пешниҳод гардида, нисбати 501 нафар шахсони айбдор ҷаримаи маъмурӣ ва нисбат ба 56 нафар ҷазои интизомӣ андешида шуданд.
Дар анҷом роҳбарону кормандони масъули хидматрасонии давлатӣ расман огоҳ карда шуданд. Зикр гардид, ки аз ҷониби прокуратураи вилоят ба ҳар як парванда баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: