ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ НЕРУИ БАРҚ ТАЛОШ МЕНАМОЯД

Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекгидроэнерго» барои истифодаи оқилона ва самаранок аз захираҳои обу барқ талоши зиёд ба харҷ медиҳад.

Ҳоло мусоҳибаи мухбирамонро бо Бинокори шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, узви Сенати Олий Маҷлис, соҳиби ордени «Дӯстлик» ва медали «Шуҳрат», раиси правленияи «Ӯзбекгидроэнерго» Абдуғанӣ САНГИНОВ ба муштариён аз бобати чунин лоиҳаҳо дар ҷануби ҷумҳурӣ тақдим мекунем.
– Абдуғанӣ Абрураҳмонович, қабл аз ҳама дар бораи ташкилоте мухтасар маълумот медодед, ки роҳбарии онро бар дӯш доред.
– Президент соли 2017 бо мақсади истифодаи самараноки иқтидори гидроэнергетикии ҷумҳурӣ, ташаккули системаи ягонаи идоракунии захираҳои обу энергетикӣ, пай дар пай зиёд намудани ҳиссаи захираҳои барқароршавандаи гидроэнергетикӣ дар сохтори истеҳсоли нерӯи барқ, бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолии аз ҷиҳати экологӣ тоза, иҷрои корҳои техникӣ ва технологии аз нав таҷҳизонидани нерӯгоҳҳои барқи обии мавҷуда ва ба таври васеъ ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ва дар ин асос пурратар қонеъ гардондани талаботи корхонаҳо ва аҳолӣ ба энергияи электр ба фармони таъсиси Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекгидроэнерго» имзо гузошт. 
 – Ҳоло «Ӯзбекгидроэнерго» кадом корҳои муҳимро пиёда мекунад, то ки ба суръати истеҳсоли неруи барқи обии аз нигоҳи экологӣ тоза суръати бештар афзояд?
 – Яке аз вазифаҳои муҳим ривоҷ додани шабакаҳои неруи барқ, истеҳсоли нерӯи барқи барқарор ва муназзам, ба кор даровардани неругоҳҳои нави барқи обӣ, медернизатсия намудани неругоҳҳои аллакай фаъоле, ки солҳои зиёд неруи барқ истеҳсол мекунанд ва амсоли он мебошад. Гузашта аз ин, ҶС «Ӯзбекгидроэнерго»  муаззаф аст, ки бо ҷалби маблағҳои сармоявӣ ва азхудкунии он мавриди баҳрабардорӣ қарор додани объектҳои нави гидротехникӣ,  тавсеа додани маҷрои маҳалликунонии истеҳсолотро пиёда намояд. Дар ин замина самаранок истифода бурдани салоҳияти гидротехникии вилояти Сурхондарё ва марҳила - ба марҳила ба кор андохтани неругоҳҳои иловагии талидкунандаи барқро афзоиш хоҳем дод. Солҳои 2023-2030 дар қаламрави ин вилоят татбиқи 81 лоиҳаро барномарезӣ кардаем, ки 601,4 МВт ва солона тавлиди 2 миллиарду 38,2 миллион кВ.соатро таъмин хоҳад кард.
 – Аз ин шумор то охири соли равон чӣ корҳо ба анҷом хоҳанд расид?
 – «Ӯзбекгидроэнерго» бо татбиқи 6 лоиҳа ба истеҳсоли 184,1 МВт неруи барқ ноил хоҳад шуд. Дар ин маврид агар 175 МВт марбути Неругоҳи барқи обии «Тӯпаланг» бошад, боқимондаи он аз ҳисоби неругоҳҳои барқи обии кӯчак ба даст хоҳад омад. Дар айни ҳол бар асоси лоиҳаи истиқболнок ҷиҳати сохтмони Неругоҳи барқи обии «Зарчоб–3» корҳои аввалия ба анҷом мерасанд. Солҳои баъд дар асоси лоиҳаҳои истиқболнок дар болооби дарёи Тӯпаланг бо татбиқи 20 лоиҳа неругоҳҳои барқи обии «Болооби Тӯпаланг» сохта хоҳанд шуд, ки барои истеҳсоли 264 МВт  ихтисос меёбанд. 
 – Тибқи маълумоти мо секторҳои хусусӣ низ дар ин раванд саҳми худро мегузоранд.
 – Бале, ҷамъияти мо ба ин раванд эътибори хос нигаронидааст. Дар Сурхондарё 55 лоиҳа таҳти иҷро қарор дода мешаванд, ки барои истеҳсоли 25,8 МВт  неруи барқ муқаррар хоҳанд шуд. Аз тарафи ҷамъияти мо 5 лоиҳа аз ҳамин шумор мебошад, ки мавриди татбиқ қарор мегирад ва неруи барқи истеҳсолнамудааш баробари 9,1 МВт мебошад. Микронеругоҳҳои барқи сектори хусусӣ тавассути 3 лоиҳа 1 МВт нерӯи барқ тавлид хоҳанд кард.
– Худ аз худ маълум аст, ки бо сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани неругоҳҳои барқи обӣ ҳаҷми сарфаи гази табиӣ дар мамлакат хеле зиёд хоҳад шуд. Ҳамин тавр?
 – Бубинед, вақте ки ин нақшаҳо амалӣ мегарданд, мамлакат ба сарфа намудани 582 миллион мукааб метр гази табиӣ муваффақ мешавад. Ин нишондиҳандаи хеле баланд мебошад. Ғайр аз ин, мо барои коҳиши сафи бекорон ҳисса мегузорем ва аз ин ҳисоб бештар аз 1 ҳазору 560 нафарро ба ҷойи кори доимӣ таъмин мекунем. Муҳимтар аз ин, бештар аз 850 ҳазор хонавода бо неруи барқ таъмин мегарданд. Ногуфта намонад, ки то ин замон тавассути неругоҳҳои барқи обии «Тӯпаланг» 30 МВт, «Зарчоб–1» 37,4 МВт ва «Зарчоб–2» 38, 2 МВт неруи барқ тавлид мекардем. Дар натиҷаи модернизатсияи НБО »Тӯпаланг» қуввати гидроиншооти «Тӯпаланг» ба 145 МВт афзоиш ёфт ва ҳоло он 175 МВт-ро ташкил мекунад. 
 – Албатта, саҳми лоиҳакашон дар бунёд ёфтани неругоҳҳои барқи обӣ хеле калон аст?
 – Бидуни шубҳа, чунин аст. Пештар мехостам баъзе маълумотҳоро ироа кунам, ки  НБО-и и «Зарчоб–1» моҳи апрели соли 2021 ба истифода супурда шуд. Дар ин неругоҳи барқ ду агрегат насб гардидааст, ки барои истеҳсоли 37,4 МВт барқ ихтисос ёфтааст. Лоиҳаи онро кормандони ҶС «Гидропроект» анҷом додаанд.  Тамоми корҳо дар ин иншоот аз тариқи марказонидашуда идора карда мешаванд. Таҷҳизоти заруриро «Donfgang Eleknrik International Corporation» дастрас намудааст.
 – Вақти боздид аз обанбори НБО «Тӯпаланг» бовар ҳосил намудем, ки барои бастани пеши оби дарёву дарёчаҳо заҳмати калон ва маводи хеле зиёди сохтмонӣ сарф шудааст.
 – Ҳамеша ба як ҷо ҷамъ кардани оби дарёҳо заҳмати хос тақозо менамояд. Бо вуҷуди ин, ба мо муяссар гардид, ки ин кори заҳматталаб дар вақти муқарраршуда ба фарҷом расад. Иншооти мазкур дар ҳамин ҳол ба манбаи обёрӣ кардани кишту боғу токзорҳо ва майдонҳои пахтаву ғаллаи Деҳнав, Шӯрчӣ ва Қумқӯрғон  табдил ёфтааст. Неруи барқе, ки тавлид мешавад, минтақаҳои ҷанубии вилояти Сурхондарёро бо равшанӣ таъмин менамояд. Агар обанбор барои ҷамъоварии 500 миллион мукааб метр оби тозаву мусаффо гунҷоиш дошта бошад, дар айни ҳол миқдори ин об ҳудуди 370-380 миллион мукааб метрро ташкил мекунад. Баландии сарбанд 187 метр мебошад. Он хеле мустаҳкам сохта шудааст ва ба зилзилаи сахт тобовар мебошад.
 – Аммо бо назардошти имконият ва салоҳияте, ки дарёи Тӯпаланг дорад, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ боз давом хоҳад кард?
 – Бе чуну чаро! Дар минтақаҳои фаромарзии дарёи Тӯпаланг боз сохтани чанд неругоҳи барқи обӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин мусоидат менамояд, ки оби як дарё чанд маротиба барои тавлиди барқ мавриди истифода қарор гирад, зеро истеҳсоли ҳарчи бештари неруи барқи аз нигоҳи экологӣ тозаро маҳз тавассути ҳамин гуна неругоҳҳо ба амал баровардан имконпазир мебошад. Дарвоқеъ, ғайр аз «Тӯпаланг» дар ихтиёри «Ӯзбекгидроэнерго» боз сарбанди оби Андиҷон, сарбанди оби Ҳисорак, обанборҳои Чорбоғ, Оҳангарон ва Сардоба қарор доранд. 
 – Минтақаи кӯҳистони болооби Тӯпаланг дорои захираҳои дигари табиие будааст, ки ҳанӯз мавриди истихроқ қарор нагирифтааст...
 – Дуруст қайд намудед. Мо кони ангиштро пайдо кардем ва аз тариқи истихроҷи он муассисаҳои таълимоти миёна ва томактабӣ, шифохона, аъзои хонаводаҳои камбизоати вилоятро бо ангишт таъмин хоҳем кард. Гузашта аз ин, дар он минтақа захираи мармари сафед маҳфуз аст, ки бо ба кор андохтани сехҳо ин мармарро низ мавриди корбаст қарор хоҳем дод. Ҳоло корҳои геологӣ идома доранд, то ки ҷиҳати истихроҷи он низ зудтар иқдом сурат гирад.
 – Дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи барқ бо кишвари ҳамсояи Тоҷикистон чӣ метавонед гуфт?
 – Тибқи дастури Президент Шавкат Мирзиёев ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави Тоҷикистон ду неругоҳи барқи обӣ сохта хоҳанд шуд. Аслан ба як нукта таъкид варзиданиам, ки шабакаҳои барқи ду кишвари ҳамсоя бо ҳамдигар вобастаанд. Мо бо идораи «Барқи тоҷик» аз наздик ҳамкорӣ ба роҳ мондаем. Иншоотҳое, ки лоиҳаҳои онҳо ҳанӯз соли 2018 эълон шуда буданд, дар ду марҳила сохта мешаванд. Дар навбати аввал Неругоҳи барқи обии Ёвон бо иқтидори 140 МВт сохта мешавад, ки 800 миллион киловатт-соат қувваи барқ ҳосил мекунад. Арзиши тахминии он 282 миллион доллари ИМА аст. Дар марҳалаи дуюм бунёди Неругоҳи барқи обии Фандарё бо иқтидори 135 МВт ва арзиши тақрибан 270 миллион долларӣ пешбинӣ шудааст, ки тавони тавлиди 600 миллион кВт/соатро дорад. 
 – Барои суҳбати пурмуҳтаво ташаккур!
– Саломат бошед!

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: