КИТОБ ГАНҶИНАИ ТАФАККУРҲОСТ

Хонандаи нуктасанҷи мо аллакай доири кадом мавзӯъ фикр рондани моро дарк кард.

Хонандаи нуктасанҷи мо аллакай доири кадом мавзӯъ фикр рондани моро дарк кард. Оре, мо оиди китобхониву китобдорӣ ин ҷо нуқтаи назари худро иброз намуданием. Китоб – ягона мададгору кӯмакрасони фозилон буду ҳаст. Аз даврони куҳан то ба ҳол тамоми мардумони баору номуси миллат фақат тавассути ақлу заковати худ, ки бешубҳа аз мутолиаи китоб ба даст оварда буданд, тухми накӯкориву хирад кошта, оини ватандориву давлатдориро омӯхта омада истодаанд. Беҳуда бузургонамон «китоб сарчашмаи дониш аст» нагуфтаанд.
Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ӯзбекистон сиёсати фарҳангии давлат ба мустаҳкам намудани пояҳои маънавии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ, боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ, таҳкими сулҳу оромӣ, якдигарфаҳмии ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳо равона карда шудааст. Вазифаи асосии китобхонаҳо дар шароити нави рушди иҷтимоию иқтисодии Ӯзбекистон кӯмак расонидан ба тарбияи ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, гуманистӣ, ватандӯстии шаҳрвандон, ташаккул додани ҷаҳонбинии илмӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, техникӣ ва касбии онҳо мебошад.
Файласуфе гуфтааст: «Китоб вафодортарин дӯсти туст. Он ҳаргиз ба ту хиёнат нахоҳад кард». Аммо ёфт мешаванд касоне, ки дар хона китоберо надоранду аз китобхонӣ дилбеҳузур мешаванд.
Вале хеле зиёданд мардуми китобхон аз омӯзгорон, эҷодкорон, духтурону донишҷӯён, ки мо медонему ҳурматашонро ба ҷо меорем. Дуруст аст, ки дар байни ҷавонон хондани китобу рӯзномаҳо хеле кам гардидааст. Ҷойи онро телефону интернет ва телевизион гирифта, ки дар ин бора бисёр навиштаанду менависанд. Ҳол он ки дар худи ҳамон саҳифаҳои интернетӣ ёфт мешаванд ҳазорон китобхонаҳо, ки аз онҳо низ метавон озуқаи маънавӣ бардошт. Чӣ дар шакли чопӣ ва ё электронӣ мо бояд китобхон бошему оини ниёгонамонро барҳам надиҳем. Нафароне, ки хориҷа, бахусус, Русия рафтаанд, дидаанд, ки бештарини мардум хоҳ дар истгоҳ ё дохили воситаҳои нақлиёт, бахусус метро ба китобхонӣ машғуланд. Бархе аз ҷавонони мо бошанд, дар даҳон сақичу дар гӯшҳояшон карнайчаҳои овозбарор...
Аз замонҳои қадим аҷдоди мо нисбат ба китоб ихлосу эътимоди махсус доштанд, дар бораи он суханҳои басо ҳикматомӯз аз худ ба ёдгор гузоштаанд. Устод Рӯдакӣ китобро ягона мояи ғанӣ донистааст. Ҳаким Фирдавсӣ бошад, ҳар каси донишмандро шахси барнодил ба қалам медод. Хусусан, Шайх Саъдӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ дар бораи китоб боз бештар мулоҳизаҳои ҷиддӣ баён сохтаанд. Абдураҳмони Ҷомӣ китобро «аниси кунҷи танҳоӣ»-ю «фурӯғи субҳи доноӣ» номида, ба ҳар варақи он як табақ дурру гуҳар қиммат мегузошт:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб 
аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб 
аст.
Дарунаш ҳамчун ғунча аз 
варақ пур,
Ба қиммат ҳар варақ з-он 
як табақ дурр.
Шоир ҳамчунон китобро ягона ёри ғамхоре медонист, ки дар ҳар мушкилӣ ба инсон ёрирасон мебошад:
Хуштар зи китоб дар 
ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона 
ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи 
танҳоӣ,
Сад роҳате асту ҳаргиз 
озоре нест.
Ба андешаи мо бузургу тавонманд он мардумест, ки таърихаш, ҳастияш ҳамбастагӣ бо китоб дошта бошад. Яъне, муҳаббат ва эътиқод ба китоб муҳаббат ва эътиқод ба дониш ва хирад аст. Имрӯзҳо нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳими дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таърихиву сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги халқамон беш аз пеш меафзояд. Китоб ганҷинаи тафаккурҳост, махзани умеду орзу, раҳнамо ба олами донишҳост, он дурри гаронбаҳоест, ки маъниҳои баланди ҳаётию иҷтимоиро ангезиш медиҳад. Ҳар чӣ қадар мо онро азизу мӯътабар шуморем, он моро ба зинаҳои баланди илм, маърифат, инсофу одамият мекашад. Ман умед дорам, ки насли баркамол, яъне ҷавонони нуктасанҷи мо албатта ин мавзӯъро пайгирӣ мекунанду ба худ хулосае бароварда, муносибаташонро нисбат ба китобхониву китобдӯстӣ тағйир медиҳанд. 

Бахтиёр ФАТТОЕВ, 
омӯзгори мактаби рақами 9-уми 
ноҳияи Сариосиё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: