ҚАЛБИ САМАРҚАНД – РЕГИСТОН

Имсол ба бунёди иншооти машҳури Самарқанди бостонӣ – Регистон 600 сол пур мешавад.

Асосгузори он ҳокими ҳамон давр – олими маъруфи ситорашинос Мирзо Улуғбек буд.
Мусоҳибаи мо бо бостоншинос, мудири музей-ташхисхонаи илмию амалии Донишгоҳи давлатии Самарқанд Раҳим Қаюмов доир ба таърихи Регистон буд.
Бояд таъкид намуд, ки Раҳим Қаюмович пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Самарқанд тамоми умри худро ба бостоншиносӣ бахшидааст. Вай аз устодонаш Роза Мукашева, Ким Самеъбоев, Маҳмуд Аминов, Солеҳ Акрам, Абдухалил Набиев ва дигарон бисёр чизҳоро омӯхт, ки баъдан барои корҳои илмӣ  кӯмак карданд. 

–  Солҳои донишҷӯӣ ва кор дар осорхона-мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд, – гуфт Раҳим Қаюмович, –  бо академик, инсони ниҳоят хоксору фарохдил, шодравон Ботурхон Валихоҷаев доир ба илму маърифат, алалхусус хидматҳои Мирзо Улуғбек дар рушди илму фарҳанги Самарқанд баҳсу мунозираҳо доштем. Устод Ботурхон Валихоҷаев исбот карда буданд, ки аввалин мактаби олиро маҳз Мирзо Улуғбек ташкил карда, ба донишҷӯён ҳатто стипендияи имрӯза – ёрдампулӣ додааст.
–  Оё маҷмӯаи Регистон аввал ҳам буд?
– Дар ҷойи ҳозираи майдони Регистон қабл аз сохтмони иншоотҳои муҳташам бозор, дуконҳои ҳунармандӣ, устохонаю шохобчаҳои хидмати маишӣ, корвонсарой, чойхона ва ғайра вуҷуд доштаанд. Дар оғози асри XV Регистон ҳамчун маркази савдою ҳунармандӣ шуҳрат дошт. Дар давраи ҳукмронии Амир Темур мадрасаҳои Фирӯзшоҳ, Муҳаммад Султон, Қутбиддин Садр, Бибихонум ва ғайра қад афрохтанд. Пас аз марги Соҳибқирон корҳои сохтмонро Мирзо Улуғбек идома дод. Бо вуҷуди бисёр будани мадрасаҳо вай соли 1417 ба бунёди мадрасаи Кӯксарой оғоз бахшид. Барои сохтмони маркази илму фарҳанг беҳтарин меъморону муҳандисони Мовароуннаҳр ва Хуросонро ҷалб намуд, ки дар байни онҳо Ғиёсиддини Кошӣ, Муҳаммад ибни Маҳмуди Исфаҳонӣ, Юсуфи Шерозӣ ва дигарон буданд. Ба кори сохтмон Мирзо Улуғбек ва Қозизодаи Румӣ сарварӣ мекарданд.
Мадрасаи Самарқанд аз ин гуна иншооти Бухорои шариф (1417) ва Ғиҷдувон (1433) муҳташаму калонтар буд. Сатҳи умумии мадраса 81х86 метрро ташкил мекард. Мадраса росткунҷа буда, даромадгоҳи он бо пештоқи муҳташами мунаққашу хотамкорӣ зиннат ёфтааст. Аз ду паҳлӯи пештоқ ду қатор тоқҳои гулкорӣ сохта шудаанд. Гирдогирди ҳавлии он аз ҳуҷраҳои дуқабатаи айвончадор иборатанд. Дар 56 ҳуҷра дунафарӣ донишҷӯён зиндагӣ кардаанд, ошёнаи боло хобгоҳ ва поён дарсхона буд. Пас аз сохтмон беш аз сад нафар толибилм аз суҳбат гузашта ба хондан қабул мешуданд. Ҳарчанд садри мадраса Салоҳиддин Мӯсо Қозизодаи Румӣ буд, гоҳ-гоҳ Мирзо Улуғбек низ дар суҳбати эшон менишаст ва аз саволу ҷавобҳои устоду шогирдон огоҳ мешуд. Тавре ки академик Ботурхон Валихоҷаев дар асарҳои илмию тадқиқотии худ доир ба мадрасаи Мирзо Улуғбек қайд кардааст, таҳсил дар ин мактаб аз моҳи сентябр оғоз ёфта, моҳҳои март-апрел ба поён мерасид. Баъзе толибилмон фасли тобистон дар мадраса монда таҳсилро идома медоданд. Муддати илмомӯзӣ аз 8 то 16 сол буда, ба қобилияти талаба вобастагӣ дошт. Ба лаёқати шогирдон нигоҳ карда маблағ ва хӯрок медоданд. Баъди ба поён расидани таҳсил ба хатмкунандагон ҳуҷҷат месупурданд ва онҳо дар мадрасаҳо, идораҳои гуногун фаъолият мебурданд.
– Аҷиб, аз омӯзгорону хатмкунандагон номи киро бо ифтихор ба забон овардан мумкин аст?
– Дар тӯли 500 сол дар мадрасаи Мирзо Улуғбек алломаҳо Абдураҳмони Ҷомӣ, Хоҷа Файзуллоҳи Абулайс, Шамсиддин Муҳаммади Балхӣ, Алоуддин Алӣ Қушчӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ, Ҳусайн Бурдҷонӣ, Ғиёсуддини Кошӣ ва дигарон таҳсил гирифта ва баъд сабақ додаанд, ки ин дар китобҳои таърихӣ сабт ёфтааст.
–  Доир ба азнавсозии маҷмӯи Регистон чӣ гуфта метавонед?
–  Дар асри XV дар тарафи Шарқии майдони Регистон хонақоҳ ва мадрасаи Улуғбек боқӣ мондааст. Ҳангоми азнавсозии Регистон  (асри XVII) биноҳои дигарро вайрон карда, ба ҷойи онҳо мадрасаи Шердор қад афрохт (1619-36), ки услубан ба мадрасаи Мирзо Улуғбек хеле шабоҳат дорад. Пештоқи он чун пештоқи мадрасаи Улуғбек буда, меъмор тавонистааст маҷмӯи ягонаи биноҳои ба ҳам мутаносибу мутавозиро ба миён орад. Дар пештоқи он сурати шоҳи ҳайвонот – шери ба ғизоли хушандом ҳамлавар, дар паси вай хуршеди дурахшон бо рангҳои гуногун нақшу нигор шудаанд. Дар ороиши мадраса нақшҳои ислимӣ, оятҳо аз Қуръони карим истифода гардидаанд.
Дертар (с. 1646-60) дар ҷойи корвонсаройи мирзоӣ мадрасаи Тиллокорӣ қад афрохт, ки то имрӯз бидуни тағйирот диққати сайёҳонро ба худ мекашад. Воқеан мадрасаи мазкур бо пештоқи аҷоибаш аз ду мадрасаи ҳамшафати худ фарқ мекунад. Умуман, маҷмӯи Регистон бо усули кошикорӣ, гаҷкорӣ, мунаббаткорӣ ва кандакорӣ оро ёфтааст.
Дар шафати масҷиди Хоҷа Аҳрори Валӣ ёдгориҳои Нодир Девонбегӣ мавҷуд буда, онро Регистони хурд низ меноманд.
Боиси ифтихор аст, ки файласуф ва шоир Умари Хайём, шоир ва мутафаккири бузург Алишери Навоӣ ҳам дар мадрасаи Мирзо Улуғбек таҳсил гирифта ба шогирдон сабақ додаанд.
– Раҳим Қаюмович ба муносибати 600-солагии маҷмӯи Регистон чӣ гуна нақшаҳо пешбинӣ шудаанд?
– Донишгоҳи давлатии Самарқанд, маъмурияти музей-мамнӯъгоҳи вилоят тасмим гирифтаанд, ки ба муносибати ҷашни пуршукӯҳи маҷмӯаи Регистон тадбирҳои байналхалқӣ гузаронанд. Аллакай  корҳои тайёрӣ оғоз ёфтанд. Дар омади гап таъкид кардан ҷоиз аст, ки ҳар гоҳ сарвари давлатамон ба Самарқанд ташриф фармоянд, албатта, ба зиёрати маҷмӯи Регистон омада, барои таъмиру тармиму ба авлоди оянда нигоҳ доштани он маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Соли гузашта анҷумани «Таронаҳои Шарқ» гузашт ва дар он Президент Шавкат Мирзиёев иштирок доштанд. Ин барои мо, самарқандиҳо бахти бузург аст. Қалби Самарқанд – Регистон ҷойи дӯстдоштаи  мардум аст. Онро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кардан ҳам қарзу ҳам фарз.

Суҳбаторо 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: