КИТОБХОНАИ ПРЕЗИДЕНТ БА МАСКАНИ ҶАВОНОНИ ДОНИШМАНД ТАБДИЛ МЕЁБАД

Хабари бунёд намудани Китобхонаи президентиро дар назди Боғи миллии Ӯзбекистон шунида, хеле шод шудам.

Хабари бунёд намудани Китобхонаи президентиро дар назди Боғи миллии Ӯзбекистон шунида, хеле шод шудам. Боиси шодмониам дар он аст,  ки дар мамлакати мо ҳоло дар баробари мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон чунин иншоотҳои замонавӣ, аз кабили Китобхонаи Конгресси ИМА, Китобхонаи Британия, ки бойтарин фонди дастхатҳо, китобҳо, харитаҳо, маҷаллаҳо ва дигар манбаъҳо дорад, Китобхонаи миллии Сежони Куриёи Ҷанубӣ китобхонаи азими шарту шароити замонавӣ дошта арзи вуҷуд хоҳад кард. 
Ин китобхона дар 4 ошёна сохта мешавад. Интизор меравад, ки он дар як вақт ба беш аз 1400 донишҷӯ хидмат расонад. Дар китобхона 1,5 миллион китоб, инчунин адабиёти электронӣ ва маҳсулоти мултимедиявӣ нигоҳ дошта мешавад. Сарвари давлатамон супориши махсус дод, ки дар сохтмони ин маҷмаа аз технологияи навтарин истифода шавад.
Аз таърих маълум аст, ки дар мамлакатҳое, ки китобхонаҳои бой доранд, аз кадимулайём олимону одамони машҳури дорои илму маданияти баланд ба камол расидаанд. Ин ҳақиқатест, ки ба исбот ниёз надорад.
Бояд эътироф кард, ки дар ҷаҳони имрӯзаи рушди интернет на ҳама барои мутолиаи китоб ба китобхона мераванд, гуфта метавонем. Аксарият ҳангоми зарурат китобҳои электрониро тавассути телефонҳои SMART ё компютер мехонанд. Бо дарназардошти ин омилҳо дар китобхонаи нав ба мақсади афзоиш додани таваҷҷӯҳи мардум, хусусан ҷавонон, ба китобхонӣ лоиҳаҳои гуногуни интерактивӣ ҷорӣ карда мешавад.
Дар телефон ё компютер хондани китоб хуб аст, аммо зарари онро ба саломатии инсон набояд фаромӯш кард. Пажӯҳишгарон ҳушдор додаанд, кӯдаконе, ки телефонҳои мобилиро истифода мебаранд, бештар дар хатари ихтилоли хотира ва хоб қарор доранд. Сабаби асосии ин дар он аст, ки мавҷҳои электромагнитӣ дар ҳаракати суст ба пӯсти майнаи хурд ва нисбатан тунуки кӯдак ворид мешаванд. Илова бар ин, табибон қайд мекунанд, ки сахт пайвастан ба телефони мобилӣ боиси вайроншавии хотира ва суст шудани қобилияти ба як ҷо ҷамъ кардани фикр, синдроми хастагии доимӣ, дарди чашм ва қабзият, хушк шудани луобпардаи чашм, хеле зуд коҳиш ёфтани қобилияти биноӣ мегардад.
Акнун як ду сухан дар бораи фоидаи мутолиаи китоб. Донишмандони донишгоҳи Эмори собит кардаанд, ки шахсе, ки китоб мехонад, зарфияти ақлиаш дар давоми якчанд рӯз баландтар боқӣ мемонад. Муаллифони пажӯҳиш қайд кардаанд, ки мутолиаи китоб теъдоди нахҳои асаби майнаро  зиёд мекунад. Ҳар дафъа вақти китобхонӣ майна фаъолона кор мекунад. Он барои нигоҳ доштани иттилооти гирифтааш нахҳои нав эҷод мекунад. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки қобилияти фикркунии одамоне, ки мунтазам китоб мехонанд, дар муқоиса бо дигарон сусттар коҳиш меёбад.
Тавре олимони донишгоҳи иёлати Огайо қайд мекунанд, инсон ҳар қадар бештар китоб хонад, роҳи ҳаётро ҳамон қадар дақиқ интихоб мекунад. Ба гуфтаи онҳо, мутолиаи китоб низ метавонад барои бартараф кардани монеаҳои зиндагӣ кӯмак кунад. Чунин мисолҳоро давом додан мумкин аст.
Ногуфта намонад, ки мутолиаи китоб маънои афзоиш, пешрафт, рушд, камолот, худомӯзӣ, таълимгирии мустақилона аст. Инак, он ба одам нафъ мерасонад, ба мустаҳкам шудани эътимодаш ёрӣ мерасонад. Дар мамлакати мо бо роҳбарии сарвари давлатамон ба китобхонӣ ҷалб намудани аҳолӣ, махсусан ҷавонон, сохтани китобхонаи калон ҳадафи аниқ дорад. Яъне, аз бунёди Ӯзбекистони Нав якҷоя бо ҷавонони соҳибдониш, маърифатнок, доно,  ташнаи илм, ки дар зиндагӣ мавқеи қатъии худро доранд, иборат аст.

Шаҳноза ХОЛМАҲАМАТОВА,
депутати Палатаи  қонунгузории Олий Маҷлис, узви фраксияи ӮзЛиДеП

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: