Муносибатҳои Ӯзбекистон ва Туркия то дараҷаи шарикии стратегии фарогир бардошта мешаванд

  • Муносибатҳои Ӯзбекистон ва Туркия то дараҷаи шарикии стратегии фарогир бардошта мешаванд
  • Муносибатҳои Ӯзбекистон ва Туркия то дараҷаи шарикии стратегии фарогир бардошта мешаванд
  • Муносибатҳои Ӯзбекистон ва Туркия то дараҷаи шарикии стратегии фарогир бардошта мешаванд
  • Муносибатҳои Ӯзбекистон ва Туркия то дараҷаи шарикии стратегии фарогир бардошта мешаванд
  • Муносибатҳои Ӯзбекистон ва Туркия то дараҷаи шарикии стратегии фарогир бардошта мешаванд
  • Муносибатҳои Ӯзбекистон ва Туркия то дараҷаи шарикии стратегии фарогир бардошта мешаванд

Дар поёни ҷамъомади дуюми Шӯрои ҳамкории стратегӣ дар дараҷаи олии Ӯзбекистону Туркия брифинг барои намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ баргузор шуд.

Дар баромади худ Президент Шавкат Мирзиёев халқҳои бародари ду мамлакатро бо ҷашни Наврӯз ва фарорасии моҳи муқаддаси Рамазон табрик намуд, муштаракоти таърихи онҳо ва рушди имрӯзаро таъкид кард.

– Мамлакатҳоямон дар чорроҳаҳои Роҳи бузурги абрешим воқеъ гардида, аз қадим чун риштаҳои пайвандкунандаи роҳҳои тиҷорати байни Осиё, Аврупо ва Африқо шуҳрат доранд. Сарфи назар аз он ки имрӯз халқи бародари турк аз Ӯзбекистон ҳазорҳо километр дур аст, мо аз лиҳози наздикии забон ва арзишҳои маънавӣ қарин ҳастем. Мо дорои решаҳои таърихии ягона, умед ва кӯшишоти муштарак ҳастем, – гуфт Президенти Ӯзбекистон.

Бо қаноатмандӣ рушди муттасили алоқаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории байни Ӯзбекистон ва Туркия таъкид гардид. Дар солҳои охир ҳаҷми савдои дуҷониба 2,5 маротиба афзуда, теъдоди корхонаҳои муштарак 5 баробар афзуд. Ҳаҷми сармояи Туркия ба Ӯзбекистон 70 маротиба зиёд гардид.

Шӯрои ҳамкории стратегии дараҷаи олӣ дар рушди робитаҳои дӯстона ва ҳамкории амалӣ саҳми бузург гузошта, ҷамъомади имрӯза дар таърихи шарикии ду мамлакат саҳифаи нав кушод.

– Дараҷаи муносиботи олии имрӯзро байни мамлакатҳоямон ба инобат гирифта, мо қарор намудем, ки мақоми онро то шарикии стратегии фарогир баланд бардорем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Зимни гуфтугӯҳо масъалаҳои сиёсӣ, байнипорлумонӣ, ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, аз он ҷумла дар соҳаҳои сармоягузорӣ, нақлиёт, саноати бофандагӣ, энергетика, хоҷагии қишлоқ, тандурустӣ, табодули маданиву гуманитарӣ муфассал муҳокима гардиданд. Барои татбиқи пурраи тамоми ин қарорҳо «нақшаи роҳ»-и муштарак таҳия хоҳад гардид.

Барои барқарор намудани ҳамкории зич дар масъалаҳои рушди механизми шарикии давлативу хусусӣ таваҷҷуҳ вуҷуд дорад.

Соли гузашта дар Анқара ва Истанбул Рӯзҳои маданияти Ӯзбекистон баргузор гардиданд. Имсол ташкил намудани Рӯзҳои маданияти турк дар Тошканд ва Самарқанд ба нақша гирифта шудааст.

Дар мамлакатамон таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони туркӣ меафзояд. Факултети туркшиносии Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд босамар фаъолият дорад.

Ба қарибӣ дар Тошканд асари «Дада Коркут» («Китоби бобоям Коркут») ба забони ӯзбекӣ нашр гардид, ки намунаи нодири мероси мадании тамоми халқҳои туркӣ мебошад. Ин китоби арзишманд, ки аз даҳҳо достон иборат аст, дар бораи таърихи пуршаън, мардонагӣ ва ҳикмати гузаштагонамон далолат менамояд.

Роҳбари давлатамон нусхае аз ин китобро ба Президенти Туркия ҳадя намуд.

– Ташрифатон саҳми бузурге дар кушодани имконоти васеъ барои рушди ҳамкориҳоямон гардид. Дарҳои Ватани гузаштагонатон барои Шумо ва тамоми бародарони туркамон ҳамеша боз аст, – гуфт пешвои Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: