КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДОИР БА РУШДИ ФОТОЭНЕРГЕТИКА

Дар Донишгоҳи давлатии техникии ба номи Ислом Каримови шаҳри Тошканд таҳти мавзӯи «Дар фотоэнергетика маводи нимноқилҳои наноструктурадор» конфронси II илмии байналхалқӣ баргузор шуд.

Дар Донишгоҳи давлатии техникии ба номи Ислом Каримови шаҳри Тошканд таҳти мавзӯи «Дар фотоэнергетика маводи нимноқилҳои наноструктурадор» конфронси II илмии байналхалқӣ баргузор шуд.
Конфронси мазкур, дар баробари ба истеҳсолот ва амиқрафти интегратсияи илму таълим такони нав бахшидан, дар ҷумҳурӣ ба аз нав барқарор гардидани энергетика, ҷалби олимони ҷавон ба ҳалллу фасли мушкилоти рушди илмию техникии фотоэнергетика хидмат менамояд.
Дар конфронс аз Англия, Туркия, Норвегия, Русия, Белорус, Туркманистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо 31 нафар олим бо маърӯзаҳои худ ширкат ҷустанд.
Конфронс натанҳо ба пешниҳоди корҳои илмии олимони мо дар ин соҳа, яъне ҳалли мушкили истифода аз энергияи азнавбарқароршаванда, балки муқоисаи кори онҳо бо тамоюлҳои илмии ҷаҳон хидмат мекунад.
Дар  конфронс доир ба самтҳои зерин баромаду маърӯзаҳо пешниҳод гардиданд: мушкилоти фотоэнергетикаи муосир; элементҳои офтобӣ бино ба нимноқилҳои наноструктурадор; технологияи ҳосил кардани маводи нимноқилҳои наноструктурадор;  хусусияти фотоэлектрикӣ ва оптикии маводи нимноқилҳои наноструктурадор; датчикҳо дар асоси маводи нимноқилҳо; физикаи маводи фотоника ва спинтроника; энергетикаи офтобӣ ва корбурди элементҳои офтобӣ дар ҷараёни таълим; корҳои илмии магистрант ва бакалаврҳо.
Дар рафти конфронс натиҷаи тадқиқот ва ҷустуҷӯҳоии илмии профессорон, муҳаққиқон, магистру бакалаврҳои ҷавон аз институтҳои илмию тадқтқотии ФУ Ӯзбекистон ва муассисаҳои таълими олии шаҳрҳои Андиҷон, Фарғона, Қӯқанд, Ангрен, Самарқанд, Нуқус ва Тошканд мавриди муҳокима қарор гирифтанд. 

Ҳасан АБДУНАЗАРОВ.                  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: