Исроил узвияти Ӯзбекистон ба СҶТ-ро тасдиқ кард

Исроил дархости Ӯзбекистонро барои дохил шудан ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ба тасвиб расонд.

Сафорати Ӯзбекистон дар Исроил хабар медиҳад, ки маросим дар ҳошияи конфронси Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор шуд.

Ҳуҷҷати дахлдорро муовини Сарвазири Ӯзбекистон Ҷамшед Хоҷаев ва вазири иқтисод ва саноати Исроил Нир Баркат имзо карданд.

"Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар барои ширкатҳои исроилӣ имкониятҳои бузург фароҳам меорад", - қайд кард дар мулоқот Нир Баркат.

Бояд гуфт, ки барои шомил шудан ба созмони байналмилалӣ ризоияти ҳамаи кишварҳои узви СҶТ зарур аст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: