КОНФРОНСИ НАВБАТИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ОИД БА ПАХТА ДАР ӮЗБЕКИСТОН МЕГУЗАРАД

Қоҳира, 7 октябр. (АИ «Дунё»).

Ҳайати Ӯзбекистон бо сарварии вазири рушди инноватсияҳо Иброҳим Абдураҳмонов дар ҷамъомади Кумитаи иҷроияи Иттиҳодияи байналхалқии  муҳаққиқони пахта, ки 6 октябр дар Қоҳира ба вуқӯъ омад, иштирок кард. 
Дар ҷамъомад интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи иттиҳодия ва ташаккул додани гурӯҳҳо бинобар самтҳо муҳокима гардиданд. 
Вазири рушди инноватсионӣ Иброҳим Абдураҳмонов мушовири Иттиҳодияи байналхалқии муҳаққиқони пахта интихоб шуд ва дар овоздиҳӣ ба сифати узви доимӣ иштирок кард. То имсол Иброҳим Абдураҳмонов дар ҷамъомадҳои Кумитаи иҷроияи иттиҳодия ба сифати узви созмон иштирок мекард, имсол бошад, аллакай чун мушовир ширкат дорад. 
Дар ҷараёни анҷуман номзадии кишварҳои аъзои созмон барои гузаронидани Конфронси навбатии 8-уми умумиҷаҳонии тадқиқотӣ оид ба пахта муҳокима шуд. Кишварҳое чун Ҳиндустон, Покистон ва Ӯзбекистон пешбарӣ гардиданд. Бинобар натиҷаи овоздиҳӣ қарор дода шуд, ки ин тадбири муҳим соли 2024-ум дар Ӯзбекистон гузаронида шавад.
Бояд қайд намуд, ки Конфронси умумиҷаҳонии тадқиқотӣ оид ба пахта (WCRC) дар чаҳор сол як маротиба дар яке аз кишварҳои пахтапарвар гузаронида мешавад. Чунин конфронсҳо аллакай дар Австралия (1994), Юнон (1998), ҶАҶ (2003), ИМА (2007), Ҳиндустон (2011), Бразилия (2016) баргузор шудаанд, соли равон бошад, дар Миср гузаронида шуд.
Конфронс ба таҳкими алоқаи байни олимони тамоми ҷаҳон, ки бобати парвариши пахта тадқиқот мебаранд, мубодилаи ахбор оид ба тадқиқотҳо, ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамкорӣ хидмат мекунад. Дар ин маврид масъалаҳои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда ва эҳтимолӣ дар пахтапарварӣ, таъмин сохтани алоқамандии тадқиқоте, ки ба рушди устувори соҳаи пахтакорӣ нигаронида шудаанд, барасӣ мегарданд.

АИ «Дунё», 
шаҳри ҚОҲИРА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: