Президенти Ўзбекистон аҳамияти ба роҳ мондани шарикии ҳамаҷонибаро бо Ҷумҳурии Куриё таъкид кард

  • Президенти Ўзбекистон аҳамияти ба роҳ мондани шарикии ҳамаҷонибаро бо Ҷумҳурии Куриё таъкид кард
  • Президенти Ўзбекистон аҳамияти ба роҳ мондани шарикии ҳамаҷонибаро бо Ҷумҳурии Куриё таъкид кард
  • Президенти Ўзбекистон аҳамияти ба роҳ мондани шарикии ҳамаҷонибаро бо Ҷумҳурии Куриё таъкид кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 1 июн ҳайати Ҷумҳурии Куриёро таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Пак Чин, ки дар кишварамон бо боздиди расмӣ қарор дорад, қабул кард.

Масъалаҳои актуалии таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии махсуси стратегӣ, вусъат додани ҳамкории ҳамаҷониба, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва молиявию техникӣ баррасӣ шуданд.

Дар оғози мулоқот вазири корҳои хориҷӣ Пак Чин ба роҳбари кишвари мо саломи самимӣ ва орзуҳои неки Президенти Ҷумҳурии Куриё Юн Сок Ёлро расонд.

Зимни суҳбат риштаҳои амиқи таърихӣ, менталитет, анъана ва арзишҳои ахлоқии ба ҳам монанди ду халқи дӯст махсусан қайд карда шуд.

Муҳимияти идомаи муколамаи анъанавии наздику созандаи сиёсӣ, дастгирии мутақобила дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат таъкид шуд.

Ҳамчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд.

Соли гузашта гардиши мол миёни Ӯзбекистон ва Куриёи Ҷанубӣ 24 дарсад афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми сармоягузории азхудшудаи ширкатҳои кореягӣ беш аз 7 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Маҷмӯи лоиҳаҳои ояндадор бо арзиши умумии беш аз 5 миллиард доллар аз ҷумлаи соҳаҳоеро аз қабили энергетикаи “сабз”, технологияҳои рақамӣ, мошинсозӣ, саноати кимиё, саноати электротехникӣ ва нассоҷӣ, рушди инфрасохтор, шаҳрсозӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Ба таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи Куриёи Ҷанубӣ, ки шарикони муҳими сармоягузорӣ ва технологии Ӯзбекистон мебошанд, манфиатдорӣ изҳор гардид.

Зарурати суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамиятдошта, стратегии оид ба сохтмони беморхонаи бисёрсоҳаи калонсолони дараҷаи чорум, дармонгоҳи онкологӣ, кластери фармасевтӣ ва донишгоҳи тиббӣ таъкид гардид.

Таъсиси кластери инноватсионии нимноқилҳо ва рушди Маркази металлҳои нодир ва хӯлаҳо аз ҷумлаи афзалиятҳост.

Ба дастгирии минбаъдаи диаспораи сершумори кореягӣ дар Ӯзбекистон, ки соли гузашта 85-солагии истиқомат дар кишварамонро ҷашн гирифтанд, аз ҷумла ба густариши фаъолияти Хонаи фарҳанг ва санъати Корея дар Тошканд таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: