“ЛАЗГӢ” – НАМУНАИ БЕҲТАРИНИ РАҚСҲОИ МАРДУМӢ

Дар бораи ифтитоҳи Ҷашнвораи байналмилалии “Лазгӣ” “Овози тоҷик” қаблан хабар дода буд.

Ҳувайдост, ки ҷилои рақси “Лазгӣ” ҳатто берун аз Ӯзбекистон таваҷҷуҳи даставу гурӯҳҳои рақсиро дар чанд мамолики дунё ба худ кашидааст. ЮНЕСКО “Лазгӣ”-ро ба сифати мероси ғайримоддии фарҳангӣ, бидуни овоздиҳӣ, ба феҳрасти худ шомил намудааст. 
Дар мамлакати мо тибқи қарори Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев бори нахуст Фестивали байналмилалии “Лазгӣ” ба вуқӯъ мепайвандад. Он дар ду сол як маротиба дар шаҳри Хева баргузор мешавад. 
26 апрели соли равон барои ширкат дар Фестивали байналмилалии “Лазгӣ” дар радифи дастаҳои ҳунарии чанд кишвари дуру наздик, инчунин балетмейстерҳо, пажуҳишгарони соҳаи санъат, коршиносони зиёд ба шаҳри бостонии Хева омаданд. Барои инъикос ва бозтоби фестивали мазкур бо мусоидати Вазорати туризм ва мероси фарҳангӣ, Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ як гурӯҳ журналистони расонаҳои ватаниву хориҷӣ низ озими ин шаҳри бостонӣ шуданд.
Аз оғоз, яъне истиқболи гарму бошукӯҳ дар майдони байналмилалии ҳавоии Урганҷ то маросими ифтитоҳ дастандаркорон талошҳои зиёд ба харҷ медоданд, ки меҳмонон аз шароити беҳтарин бархурдор бошанд ва бо таассуроти баланд, табъи болида ба кишвари худ баргарданд.  
27 апрел дар доираи фестивал таҳти унвони “Рақси хоразмии “Лазгӣ”: рушди рақсҳои миллӣ ва аҳамияти он дар марҳилаи ҳозира” конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар он аз 14 кишвари дунё олимону пажуҳишгарон ва коршиносон бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво ширкат карданд. Онҳо дар маҷмӯъ роҷеъ ба таърихи пайдоиш, давраҳои рушди он ва истиқболу дурнамои рақси пурҷозибаи “Лазгӣ” ва рақсҳои миллии кишвари худ маълумот ироа намуданд. 
Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Озодбек Назарбеков дар оғози суханронӣ ба иштирокчиёни конфронс дар бораи мавҷудияти  9 намуди “Лазгӣ” маълумоти мухтасар дод. 
– Ҷашнвораи байналмилалии “Лазгӣ” як чорабинии оддӣ нест. Он бо роҳнамоии Президенти мамлакатамон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Хева рӯйи кор омадааст. Барои дар сатҳу савияи баланд баргузор намудани он тамоми имкониятҳои мавҷуда сафарбар шудаанд.  Тибқи нақша барои будубош ва хидмат ба иштирокчиёни фестивали байналмилалӣ меҳмонхонаҳо, қаҳвахонаву тарабхонаҳо ва нуқтаҳои хидматрасонии шаҳри бостонӣ Иттиҳодияи ҳунармандон дар ҳолати омодабош қарор доранд, – изҳор намуд Озодбек Назарбеков.
– Тақозои замона чунин аст. Имрӯз воситаҳои ахбор дар мавриди тарғиботу ташвиқи тамоми равандҳои ҳаёти ҷомеаи мо ҳамчун  силоҳи асосӣ хидмат мекунанд. Ин ҷо низ аз шумо, журналистон даъват мекунам, ки дар ин росто фаъолтару саҳим бошед, то рангу тароват ва ҷилои “Лазгӣ”-ро мардуми чаҳор иқлими дунё бештар дарк намоянд, – гуфт вазири фарҳанг.
Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Гавҳар Матёқубова ба воситаи рақси пурҷозибаи худ дар назди мардум эътирофу эҳтироми хос пайдо кардааст. 
– Имрӯз рақси “Лазгӣ” дубора зинда мегардад ва аз ин тамоми мардуми Хоразм хеле сарбаланду сарфарозанд. Дар як китобе, ки бо мусоидати Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тошканд ба нашр расид, оид ба ин намуди рақс, бурду бохт ва ҷиҳатҳои илмии он фикрҳои зиёд мавҷуданд,– изҳор намуд Гавҳар Матёқубова ва лиҳозо афзуд: – Ман аз 42 кишвари олам боздид кардаам ва “Лазгӣ-“ро манзури тамошобинони он гардонидаам. Имрӯз бо итминони комил арз мекунам, ки барои ривоҷи рақс шояд дар ягон давлати дигар чунин шароити созгор фароҳам оварда нашудааст. Аз он хушҳолам, ки Президенти мамлакат ба он таваҷҷуҳ равона карда, имкониятҳои зиёдеро дар соҳаи ривоҷи тамоми намудҳои санъат фароҳам меоварад. Шогирдони моро лозим меояд, ки бо истифода аз чунин шароит бештару беҳтар дар рушди ҳунари волои “Лазгӣ” талош кунанд ва онро тарғибу ташвиқ намоянд.
Балетмейстер-санъатшиноси маъруфи кишвар Аҳмад Раҳимов нақш ва таъсири рақси хоразмии “Лазгӣ” ба рақсҳои анъанавии мардуми оламро ба доираи баҳсу баррасӣ кашид. Мавсуф ҳамзамон нақши Гавҳар Матёқубоваро дар ривоҷи “Лазгӣ” хеле бузург арзёбӣ кард.
– Имрӯз ҳунарпешаҳои мамолики дуру наздик дар баробари рақсҳои анъанавии мардуми худ ба иҷрои рақси “Лазгӣ” рӯй овардаанд. Интизор меравад, ки намунаҳои онро дар фестивал ба таври худ намоиш медиҳанд, – зикр намуд Аҳмад Раҳимов.
– Ман ҳамеша аз “Лазгӣ” ва хиромиданҳои пурҷозибаи яке аз бунёдгузорони муосири ин намуди рақс – Гавҳарапа Матёқубова илҳоми тоза гирифтаам. Тарзи рақсидани онро имрӯз шогирдони зиёди ман аз худ мекунанд ва дар консертҳои гуногун нишон медиҳанд. Рақсу ҳунари ду мардуми дӯсту бародар – тоҷикону ӯзбекон тӯли қарнҳо муштаракан ривоҷу равнақ меёбад. Баргузории нахустин Фестивали байналмилалии “Лазгӣ”-ро ба мардуми саросари Ҷумҳурии Ӯзбекистон, хосатан ба одамони меҳмондӯст ва меҳмоннавози Хоразми бостонӣ самимона муборакбод мегӯям, – гуфт Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, роҳбари Ансамбли давлатии рақси “Зебо” Зебо Аминзода.
Тавре ки вай боз афзуд, имрӯз дар ҷодаи рақс ҳамкориҳои миёни ду кишвар беш аз пеш тавсеа ёфтаанд. Зебо Аминзода тазаккур дод, ки бо даъвати Вазорати фарҳанги  Ӯзбекистон як гурӯҳ раққосаҳои “Зебо” ба шаҳри Хева ташриф оварданд. Онҳо дар доираи фестивал ҳамон ҷозибаи “Лазгӣ”-ро ба маърази ҷамъи ҳакамони борикбин ва тамошобинони хушзавқ ҳавола мекунанд.
Дар конфронси илмӣ-амалӣ Лора Грей (ИМА), Анн Дейвид (Британияи Кабир), Элчин Аббосов(Озарбойҷон), Руҳуллоҳ Каломӣ (Ҷумҳурии Исломии Эрон), Куоко Ивомото (Япония), Анеллиа Иванова (Булғория), Ойгул Қулбекова (Қазоқистон), Субоҳ Расте ва Анандус Паул Панану(Малайзия), Шехар Чандр (Ҳиндустон), Сашар Зариф (Канада) ва дигарон аз минбари ин конфронс суханронӣ карданд.
Бо вуҷуди он ки мавзӯи маърӯзаҳо аз ҳам тафовут дошт,  дар ҳамаи он аз рушду ривоҷи “Лазгӣ” ёдоварӣ мегардид.  Аз ҷумла, “Таҳқиқи суғдӣ дар чархиши рақс: гузашта ва ҳозира”, “Анъанаҳои муҳоҷиршудаи рақсҳои мардумӣ”, “Этномусиқашиносии амалӣ: оғози мушкилот бар зеҳнияти мардуми Шарқ, мусиқӣ ва рақс барои тавсеа ва шукуфоии кишварҳои Роҳи бузурги абрешим”, “Либосҳои занонаи японӣ барои маросимҳои хурсандӣ дар санъати рақс”, “Рақси хореографии “Лазгӣ”: рушди рақсҳои миллии Булғория ва аҳамияти он дар замони муосир” номгӯйи маърӯзаҳое буданд, ки маҳз дар фестивали “Лазгӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Муҳтавои баъзе маърӯзаҳо рақси ин ё он мардумро бозтоб медод.
– Рақси “Лазгӣ” оташи фурӯзонест дар ботини инсон ва онро боз худи инсон дар савту навоҳои гуногун ба чашми тамошобинон ҷилвагар месозад. Ин рақс маҳз бо ҳамон ҳаракатҳои худ ҷолибу ҷаззоб аст. “Лазгӣ” хоҳу нохоҳ касро маҷбур мекунад, ки бо раққос якҷоя бирақсад ё ҳадди ақал дар ҷойи худ майл ба хиромидан кунад. Дар рақсҳои мардуми дигар ин ҳолат хеле кам дучор мешавад, барои ҳамин “Лазгӣ”-ро дар соири кишварҳои олам рақси камназир ва пуршавқу шӯр мешуморанд,–мегӯяд коршиноси канадоӣ Сашар Зариф.  
Ба гуфтаи гурӯҳи тадорукотии Фестивали байналмилалии “Лазгӣ” аз 30 давлат 192 нафар барои ширкат дар он омаданд. Дар доираи озмуни фестивал танҳо вакилони 18 давлат бо 160 ҳунарманди худ ширкат мекунанд. 6 нафар довар ба ҳунарнамоии раққосон баҳо мегузоранд. Ин фестивал бо ибтикори Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ  ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати туризм ва мероси фарҳангӣ, Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон, Агентии миллии “Ӯзбеккино”, Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон, Палатаи савдову саноат, Иттиҳодияҳои “Ҳунармандон” ва “Ӯзтӯқимачиликсаноат” таъсис ёфтааст.
Ба ғолибони фестивал мувофиқи қарори Президент диплом, ҳайкалчаи рамзӣ ва мукофотҳои пулӣ тақдим мегардад:
Ба соҳиби Гран-при 7 ҳазор доллари ИМА дода мешавад.
Аз рӯйи номинатсияҳо ғолибон муайян кардаву ба мукофотҳои пулӣ сазовор мегарданд.
Ҷойи 1-ум: 
“Иҷрокунандаи рақси якка” – 5 ҳазор доллари ИМА;
“Ҷамоаи беҳтарини рақс”– 5 ҳазор доллари ИМА;
“Рақси беҳтарин саҳнакардашуда” – 5 ҳазор доллари ИМА;
Ҷойи 2-юм:
“Рақси беҳтарини якка” – 3 ҳазор доллари ИМА;
“Ҷамоаи беҳтарини рақс” – 3 ҳазор доллари ИМА;
“Рақси беҳтарин саҳнакардашуда” – 3 ҳазор доллари ИМА;
Ҷойи 3-юм:
“Рақси беҳтарини якка” – 2 ҳазор доллари ИМА;
“Ҷамоаи беҳтарини рақс” – 2 ҳазор доллари ИМА;
“Рақси беҳтарин саҳнакардашуда” – 2 ҳазор доллари ИМА.
Ғайр аз ин мукофотҳои пулӣ дар доираи фестивал ба манзури қувват бахшидан ва рағбатнок кардани иҷрогарони фаъоли рақс аз рӯйи номинатсияҳои “Рақси аз ҳама беҳтарин”, “Хореографи беҳтарин”, “Беҳтарин раққосаи ҷавон” иштирокчиёни фестивал бо мукофотҳои рағбатноккунӣ сазовор мегарданд.
Дар доираи Фестивали байналмилалии “Лазгӣ” 29 апрел дар толори калони Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон консерти ҷаз баргузор шуд. Бо даъвати Бунёди рушди фарҳанг ва санъати назди Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ навозандагони маъруфи олмонӣ Тил Бреннер ва Дитер Илг ҳунарнамоӣ карданд.   
Ҳамзамон дар доираи ин фестивал мухлисон аз суруду таронаҳои овозхони маҳбуби Тоҷикистон Парвина Юсуфӣ низ лаззат бурданд.
 
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

ТОШКАНД – ХЕВА – 
ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: