МОНОГРАФИЯҲО БАХШИДА БА ТАЪЛИМОТИ ТАСАВВУФ

Монографияҳои ходими калони илмии Институти шарқшиносии Академияи улуми Ӯзбекистон Комилҷон Раҳимов бо номи «Таърихи тасаввуфи Мовароуннаҳр: танзим ва ташаккули таълимот (асрҳои VIII-XI)» дар хонаи табъу нашри «Академнашр», бо 5 ҳазор адад ва «Тариқати хоҷагон - нақшбандия ва ҳафт пир» дар нашриёти «Ӯзбекистон», бо 10 ҳазор адад аз чоп баромад.

Монографияҳои ходими калони илмии Институти шарқшиносии Академияи улуми Ӯзбекистон Комилҷон Раҳимов бо номи «Таърихи тасаввуфи Мовароуннаҳр: танзим ва ташаккули таълимот (асрҳои VIII-XI)» дар хонаи табъу нашри «Академнашр», бо 5 ҳазор адад ва «Тариқати хоҷагон - нақшбандия ва ҳафт пир» дар нашриёти «Ӯзбекистон», бо 10 ҳазор адад аз чоп баромад.

Мовароуннаҳр аз мавзеъҳоест, ки таълимоти тасаввуф ба вуҷуд омада, реша давондааст. Давраи то ба вуқӯъ омадани тариқатҳои тасаввуф, яъне таърихи тасаввуфи Осиёи Марказии то асри XII дар рушди минбаъдаи тасаввуф ҳамчун асос хидмат кард. Дар асри IX Ҳаким Тирмизӣ дар ба танзимоварии таълимоти тасаввуф асос гузошта бошад, онро дар охири асри X ва ибтидои асри XI Калободии Бухорӣ ва Мустамлии Бухорӣ ба охир расонд.
Шарқшиноси ҷавон К. Раҳимов дар монографияи «Таърихи тасаввуфи Мовароуннаҳр: танзим ва ташаккули таълимот» доир ба хусусиятҳои муҳим ва ғояҳои асосии тариқатҳои тасаввуфи Осиёи Марказӣ, аҳамияти асарҳои сӯфиёнаи Калободии Бухорӣ «Ат-Таъарруф» ва Мустамлии Бухорӣ «Шарҳ-ат-Таъарруф» ва таъсири асарҳои мазкур ба манбаъҳои баъдинаи тасаввуф сухан меронад.
Дар монография таърихи тасаввуф, ташаккулёбӣ ва рушди мактаби тасаввуфи Осиёи Марказӣ то ба вуҷуд омадани тариқати Яссавия ва Нақшбандия пурра инъикос ёфтааст.
Муаллиф дар монографияи «Тариқати хоҷагон – нақшбандия ва ҳафт пир» баробари чандин кишварҳои исломӣ, ба мисли Ироқ, Миср, Ҳиҷоз, Шом мақоми ба худ хос доштани Мувароуннаҳрро дар рушди ислом, ба хусус таълимоти тасаввуф таъкид менамояд, чунки зиёда аз 50 тариқати сӯфизм, ки дар кишварҳои гуногун вуҷуд дошт, 4-тоаш – Яссавия, Нақшбандия, Кубравия ва Ишқия дар Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омада буд. К. Раҳимов хусусиятҳои ба худ хоси тариқати нақшбандияро алоҳида таъкид намуда, дар бораи таърихи пайдоиш ва паҳншавии таълимоти мазкур, ҳаёт, фаъолият ва таълимоти ҳафт пир – аз Хоҷа Абдулхолиқ Ғиҷдувонӣ то Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд маълумот додааст.
Монография аз 3 фасл иборат буда, дар фасли аввал дар бораи тасаввуфи Осиёи Марказӣ то давраи хоҷагони Нақшбандия, дар фасли дуюм навигариҳои зиёд оид ба тариқати хоҷагони Нақшбандия ва дар фасли охир доир ба ҳаёт ва фаъолият, ғояҳои асосии ҳафт пир маълумот дода шудааст.
Бинобар тазаккури олим тариқати Нақшбандия дар ҷойи холӣ пайдо нашудааст ё асоси он аз дигар манбаъҳои ислом гирифта нашудааст. Дар Мовароуннаҳр барои ба вуҷуд омадани таълимоти нақшбанд замина мавҷуд буд. Ин ҳамон таълимотест, ки шиораш «Дил ба ёру даст ба кор» буда, бар зидди таълимоте, ки тарки дунёиро тарафдорӣ мекард, ба вуҷуд омада буд.
Монографияи мазкур дар забони русӣ низ бо ҳамкории Академияи исломи булғор (Русия) ва Институти шарқшиносии Академияи улуми Ӯзбекистон чоп шуд.
Бояд таъкид намуд, ки монографияҳо бахшида ба соли 2020  эълон гардидани шаҳри Бухоро пойтахти фарҳанги ислом бино ба қарори Созмони конфронси исломӣ доир ба масоили таълим, илм ва фарҳанг – АЙСЕСКО (ISESCO), 915-солагии мавлуди Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ ва 700 солагии мавлуди Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд, бо ҳамкории Институти шарқшиносии АУ Ӯзбекистон, Маркази маҷмӯи ёдгории Баҳоуддини Нақшбанд, Бунёди ҷамоатии «Бухорои шариф» ва Мактаби илмиву тасаввуфии назди мадрасаи олии Мири Араб нашр гардид.    

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: