ГУЗАРГОҲИ ДИЛ

1. «Вақте шоир ба шеърхонӣ сар кард...»

1. «Вақте шоир ба шеърхонӣ сар кард...»

Соли 1985 Эркин Воҳидов, ки сармуҳарририи маҷаллаи «Ёшлик»-ро дар ӯҳда дошт, ба нашриёт директор таъин гашт ва маро ба лавозими ҷонишини сармуҳаррир ба кор таклиф намуд.
Фасли тирамоҳ аз корхона як гурӯҳ ходимонамон ба Оққӯрғон ба пахтачинӣ ҷалб карда шуданд. Дар арафаи иди Октябр се-чаҳор нафар аз роҳбарият баҳри хабаргирӣ рафтем.
Ҳамаи нашриётҳо дар як бараки калон ҷой гирифта буданд. Ба муносибати ид ош дам карда будаанд, гирди мизҳои тахтагин нишаста, ҳамроҳ тановул сохтем. Туҳфаҳои аз корхона бурдаамонро тақсим кардем.
Кадоме аз Эркин Воҳидов хоҳиш намуд, ки шеърҳои навашро хонад. Муҳит ба мушоира чандон мувофиқ набошад ҳам, Эркинака барои дили ҳашариён ба шеърхонӣ розӣ шуд.
Дар давра, ки намояндагони миллатҳои дигар ҳам ҳузур доштанд, вай ҳозиронро ба забони русӣ табрик карда, баъд ба шеърхонӣ шурӯъ сохт. Панҷ-даҳ қатор шеър хонд ё не, тавба, аз тутзори қафо як хар якбора ҳангос зад.
Вазъияти ноқулай!
Лекин Эркинака худро мутлақо гум накарда, то ба охир расидани «хониш»-и гӯшдароз сукут варзид ва табассумомез:
– Как только поэт начинает читать стихи, то сразу критик подаёт голос, – гуфт.
Қарсак, ханда ва ҳаёҳу авҷ гирифт.

2. «Ба шумо расида чӣ дидам?»

Эркинака ҳамчун раиси Кумитаи Олий Маҷлис як муддат дар бӯстонсарои ҳукумат зиндагӣ карда буд. Ҳамсоядараш раиси кумитаи дигар будааст.
Рӯзе ҳамсари Эркинака – Гулчеҳраапа ду-се занҳои бӯстонсароро ҷамъ карда, «тадбир» гузарондааст. Ҳамсоя аз кор ояд, кайфияти занаш фуромадагӣ. Сабаб пурсад, янга нолидааст:
– Ман ба шумо расида чӣ дидам? Ғайр аз Тирмизу Тошканд ҷойи дигарро дидам? Мана, зани Эркинака нақл кард. Он кас ба Гулчеҳраапа тамоми дунёро нишон дода будааст, Париж ҳам, Лондон ҳам, Истанбул ҳам намондааст. Ба як худи Амрико ду бор рафтаанд. Дар давраи шӯравӣ-ку, курорт-санаторияи нарафтагиашон намонда будааст. Мани пешонашӯр чӣ дидам, –  гуфтааст бо оби чашм.
Ҳамсоя бечора, «мон, хафа нашав, Эркинака шоири машҳур, Қаҳрамон, мо ҳам мерафтагистем, насиб кунад», гӯён янгаро базӯр таскин бахшидааст.
Пагоҳаш баъди ба кор рафтан:
– Эркинака, зиёфат дар хонаи шумо шуд, ғурбат дар хонаи мо, – гуфтааст ҳамсоя шӯхиомез, сонӣ воқеаро нақл кардааст.
– Додарҷон, хафа нашавед, ҳамаи занҳо ҳамин хел. Гулчеҳра янгетон ҳам баъзан гапамон гурезад, зуд ба чашм об гирифта: «Худаш ба шумо расида чӣ дидам?» мегӯяд, –  гуфтааст табассумомез Эркинака.

3. «Бо кӯрпааш омадааст...»

Рӯзе Эркинака маро ба кабинеташ хонда:
– Умуман кор карда намешавад, – гуфт шикоятомез.
– Одаме, ки ба нашриёт омад, албатта, наздам даромада салом додан, ҳеҷ набошад, гап фурӯхта нишастан мехоҳад. Аз шумо илтимос, ҳамин хел сергапҳо омада, вақтамро мегирифтагӣ шаванд, аз телефони дохилӣ занг зада, вақти маҷлисравиатон шуд, гуфта мемондед.
– Хуб шудааст, – гуфтам.
Пагоҳи он рӯз як шоири куҳансол, бо «банд ҳастанд»-гӯии котиба эътибор надода, ба хонаи директор чун танк зер карда даромад. Ним соат гузашт, чиҳил, панҷоҳ дақиқа гузашт, ҳеҷ намебарояд. Ба супориш амалкунон аз телефони дохилӣ занг задам.
– Эркинака, дар Кумитаи матбуот ҷамъомад сар шуд, шуморо нигаронанд, – гуфтам воҳимаомез.
– Э, вақти маҷлис шуда монд? Ҳозир мебароям, – гуфт ӯ хурсанд шуда.
Баъди ҳамин ҳам аз байн даҳ-понздаҳ дақиқа гузашта, вай ба роҳрав баромад, ба хонаи ман даромад, дарро маҳкам пӯшид, баъд «Ба Худо шукр» гӯён ба роҳаткурсӣ нишаст.
– Аз «отахоншоир» халос шудед? – пурсидам.
Эркинака сар ҷунбонду монд.
– Не. Вай аз афти кор бо кӯрпааш хобравӣ омадааст. Узр, маҷлис ҳаст гӯям, шумо баҳузур рафта омадан гиред, ман ҳамин ҷо менишинам, – гӯён дар дарун монд.
Инро гуфт ва якбора директорро  ғам зер кард:
– Акнун чӣ хел ба кабинет медароям?

4. «Тирикчилик» айб надорад

Ин ҳангомаро низ Эркинака хандида гуфта мегашт:
– Субҳи бармаҳал «Жигули»-савор ҷониби аэропорт мерафтам. Вақте аз назди кинотеатри «Ғунча» мегузаштам, дар канори роҳ суроби одамеро дидам, ки даст мебардошт. Аввал эътибор надода гузаштам, яке аз оинаи паҳлӯ нигарам, ҷавоне дар бар ҷома ва дар сар тоқӣ. Кӣ медонад, бечора шояд барои ҷаноза-паноза саросема аст, гӯён истодам ва пас гаштам.
– Ҳа, додар, тинҷӣ аст? – пурсидам.
– Э, акаҷон, келинатон ҳомила буд, дард гирифта монд, «ёрии таъҷилӣ» наомада истодааст, – гуфт йигит бетоқатона. – Барои ҳамин...
Дар ин гуна мавридҳо фикр карда наменишинанд, албатта.
– Марҳамат, шинед, – гуфтам дари мошинро кушода. – Ба куҷо меравем?
– Раҳмат, раҳмат, барака ёбед, – гуфт йигит хурсанд шуда. – Ҳозир ба рост, сонӣ ба чап. Хеле наздик, дар ҳамон хонаи нӯҳошёна зиндагӣ мекунем.
Баъди тақрибан даҳ дақиқа вай ҳамсарашро бо эҳтиёт гирифта баровард ва ба мошин нишонд.
Онҳо тобеи зоишгоҳи Тахтапул будаанд, мошинро бо эҳтиёт ронда, дар ягон ним соат ба таваллудхона расидем. Духтур-ҳамшираҳо занро тавассути замбари тиббӣ ба дарун дароварданд. Мошинро гардонда, баргаштан мехостам, ҳамон йигит тозон пешам омад.
– Ака, ба шумо ҳазор раҳмат,  барака ёбед, – гуфт бо нимтаъзим. – Ба бахтамон шуморо Худо расонд, набошад хеле душворӣ мекашидем.
– Хуб, Худо осон кунад, – даҳон кушодам.
– Ака, – гуфт йигит узромез, –  акнун ана ...инро гиред. Кам бошад, ба ҷойи бисёр бинед.
Нигарам, як даҳсӯмаи сурхро дароз мекунад.
Дар майнаам майли шайтонӣ як рахшиду зуд худро ба даст гирифтам.
– Э, монед-э, айб мешавад.
Вай даст пеши бар:
– Эркинака, гиред, «тирикчилик» айб надорад,– гуфт бо якравӣ.
Хайрият ҳам ба гапи шайтон надаромадам. Набошад имрӯз дар тамоми Тошканд Эркин Воҳидов тамоми шаб кирокашӣ кардааст, гуфтагӣ гап паҳн шуда мерафт...

5. Баҳси авлодон

Рӯзе як шоиракаамон, ки се-чаҳор куртаро аз мо пештар даррондааст, моро танқид кард:
– Шумо дар боби ахлоқу одоб аз авлоди мо ибрат гиред намешавад? Мо ҳамаамон бо як никоҳ зиндагӣ карда меоем. Мана, Усмон Азимро гиред. Мана Эркин Аъзам, Муҳаммад Раҳмонро гиред, ана Нодир Нормат, Хуршед Даврон, Шавкат Раҳмонро гиред – ҳамааш ба ҳамсари чашм кушода дидааш вафодор. Набошад дар мо ҳам қалб ҳаст, мухлисаҳоямон бешумор, лекин мо ранги шумо, зан гирифта сар додан намегирем.
Дар давраи авлоде, ки танбеҳ мешунид, Муҳаммад Юсуф ҳам ҳузур дошт. Баъде шоиракаамон суханашро ба охир расонд, ӯ оҳиста сар бардошт ва:
– Таъриф кардан нагиред, авлоди шумо ҳатто ба зан сар додан ҷуръат намекунад, – гуфт.

6. Таъқиб

Нависанда Оқилҷон Ҳусанов дар маҷаллаи «Шарқ юлдузи» котиби масъул буд.
Вай одами нарм ва мулоҳизанок бошад ҳам, аз чӣ бошад бо сармуҳаррир Мирмуҳсинака муросо накарда, бо ариза сабукдӯш мешавад ва ба маҷаллаи «Гулистон» ба кор  мегузарад.
Чархи каҷрафторро нигаред, аз байн вақти зиёд нагузашта, Мирмуҳсинака ба журнали «Гулистон» сармуҳаррир таъин мегардад
Оқилҷонака ночор монда боз ариза менависад ва ба журнали «Муштум» ба кор мегузарад.
Акнун шумо бовар намекунед, лекин аз байн вақти зиёд нагузашта, Мирмуҳсинака сармуҳаррири «Муштум» таъин мешавад.
Ба Оқилҷонакаи дамаш дар дарун, ки дунё ба назараш торик метофт, яке аз дӯстонаш ин тавр маслиҳат медиҳад:
– Оқилҷон, шумо акнун ба ягон газетаи ноҳиявӣ ба кор гузаред, кош хӯҷаин аз пасатон ба ҳамон тараф рафта монад...

7. Ҷавоби мантиқӣ

Зани шоире, ки гоҳ-гоҳ менӯшид, аз вай нолид:
– Нӯшиданатон ба ҷон расид. Ёфтатонро фақат ба маишататон сарф мекунед. На ба рӯзгор, на ба либоси фарзандонатон кор доред. Кай шумо ҳам одам шуда, «хонаам – дарам» мегӯед?
Ин гапро шунида, сари баъди улфатбозии дирӯза дард кардаи шоир сахттар дард кард:
– Эй мӯйдарози ақлкӯтоҳ, нанӯш-нанӯш гуфта дод мезанӣ, фикр карда гап занӣ намешавад? Агар ман нанӯшам, мефаҳмӣ, ту аллакай бо бачаю качаат шабуш карда мерафтӣ.
– Ин чӣ гуфтагиатон? – ҳайрон шудааст занаш.
– Эй занаки нодон, нағзакак фаҳмида мон, – гуфтааст шоири сархуш, – ту охир шишаҳои арақу пивои ман холикардаро ба дӯкон супурда, ба пулаш собун меоварӣ-ку?
Ин ҷавоби мантиқиро шунида, занаки бечора мот шудааст.

8. «Ба армия намеравӣ!»

Муҳаммад Юсуф муддате дар як ташкилоте, ки дар кӯчаи «Навоӣ,30» ҷой дошт, хизмат карда буд. Мутаассифона, роҳбари ин ташкилот ҳам даъвои нависандагӣ дошт, очерк-почеркҳо навишта меистод. Вай, ки аз институти забон ва адабиёти русро хатмкунии Муҳаммадҷон воқиф гашт, навиштаҳои худро ба шоир дода, тарҷумаи хомакӣ (подстрочник) мекунонд. Баъзан вақте дучор меомадем, шоир, аз ҳасраташ чанг хеста:
– Дирӯз ҷанги Курскро тамом кардам, акнун ба фронти Белоруссия мегузарам, – мегуфт.
Маълум мешуд вай очеркҳои дар мавзӯи ҳарбӣ навиштаи хӯҷаинро тарҷума мекунад.
Албатта, ба шоире, ки дили нозук, қалами нозук дошт, ин гуна мардикории сиёҳ малол меомад, дандон ба дандон монда тоқат мекард. Зеро роҳбари идора дасти дароз дошт, пеши роҳи шоири навқалам садд гузоштан, ҳатто аз кор маҳрум сохтан барояш душвор набуд. 
Вақте сардор китоби нави очерку мақолаҳои иборат аз чорсаду чиҳил саҳифаашро барои тарҷума пешниҳод кард, косаи сабри Муҳаммадҷон лабрез гашт. Ба ҳеҷ кас нафаҳмонда, ба комиссариати ҳарбӣ ариза навишт ва қарор кард ба аскарӣ равад.
Шоир мӯйсарашро гиронд, чизҳояшро ба халта ҷой кард, ҳатто ба ёру дӯстонаш нафаҳмонда, ба яке аз қисмҳои ҳарбии Шарқи Дур рафтагор шуд. Лекин роҳбари идора аз сир воқиф шуда, рост ба назди комиссари ҳарбии ҷумҳурӣ генерал Узоқов даромадааст. Аз байн чӣ гапҳо гузашт, ба мо номаълум. Лекин Маҳамадҷон Юсупов (Муҳаммад Юсуф)-и ба хидмати ҳарбӣ даъватшуда дар дақиқаҳои охирин аз поезде, ки барои ҳаракат вопасин гудокро нигарон буд, гирифта монда шуд.
Шоир чӣ будани гапро нафаҳмида, аз вагон ба перрон баромада нигоҳ кунад, роҳбараш бо қиёфаи пурташвиш мунтазири ӯ будааст:
– Бачам, ту ба аскарӣ намеравӣ, – мегуфтааст вайро ба бар зер карда. – Ту ба армия равӣ, тарҷумаро кӣ мекунад?

9. Фақат бо таоми «исталовой»

Дар клуби Паркент 60-солагии директори Хонаи истироҳатии Сӯқоқ, шоир Ориф Одилхонов ҷашн гирифта мешуд. Дар чорабинӣ як гурӯҳ шоиру нависандагон аз Тошканд низ иштирок мекарданд.
Саид Аҳмад ба сухан баромада, дар бораи соҳибҷашн фикрҳои хуб гуфт ва илова намуд: – Акнун, рафиқон, боз як гапро гуфтанам даркор. Мана ҳамин Ориф Одилхонов, ҳамаатон медонед, ҳар рӯз дар ошхонаи хонаи истироҳат таом мехӯрад. Ман гуфтаниам, ки Ориф дар мисоли ҳаёти худ фақат таоми «исталавой»-ро хӯрда ҳам ба шаст даромадан мумкин буданашро исбот кардагӣ ягона инсон мебошад.

Тарҷумаи 
Муҳаммад ШОДӢ,
аз китоби «Навоӣ – 30».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: